Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳ.Абдусамадов: "Туристонро дар Майхӯраву Турсунзода ҳам ҷустуҷӯ кардем".
Главная > Эълонхо, Хабар > Ҳ.Абдусамадов: "Туристонро дар Майхӯраву Турсунзода ҳам ҷустуҷӯ кардем".

Ҳ.Абдусамадов: "Туристонро дар Майхӯраву Турсунзода ҳам ҷустуҷӯ кардем".


26-11-2018, 17:55. Разместил: admin

Ҳусейн Абдусамадов, ки ҳафтаи гузашта бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, бар асоси нӯҳ моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор эътироф шуд.

Дар як навори видеоӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба ҳамлаи террористии тобистони имсол ва тарзи интихоби ҳадаф нақл кард.

Ҳамла ба гурӯҳи ҳафтнафарии туристони хориҷӣ 29 июл дар ҳудуди ноҳияи Данғара рух дод. Дар натиҷа, чор нафар – шаҳрвандони ИМА, Шветсия ва Ҳолланд кушта шуда, ду нафар маҷрӯҳ гардиданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Дар як сабти видеоие, ки охири ҳафтаи гузашта дастраси Радиои Озодӣ шуд, Ҳусейн Абдусамадов ба забони русӣ дар бораи шеваи анҷом додани ҳамла нақл мекунад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 21-уми ноябр Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷиро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ду тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Мӯҳлати адои ҷазои Баҳринисо Ҳайдарова, ягона зани муттаҳам дар ин парванда, бинобар доштани кӯдаки хурдсол, ба таъхир гузошта шудааст. Ӯ ба як соли зиндон маҳкум шуд.

Баҳринисо Ҳайдарова ва 11 нафари дигар - Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов ва Маҳмадулло Қаландаров барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ба иттилои манобеи додгоҳӣ, Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух гуфтааст. Ӯ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо қотеона рад мекунад ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ меномад.​


Вернуться назад