Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Javonon, Хабар > ҶАВОНОН СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ
ҶАВОНОН СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ7-05-2019, 16:41. Разместил: admin |
«Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи созанда ва тавонои ҷавонони кишвар эътимоди қавӣ дорад ва нақши онҳоро дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ниҳоят муҳим арзёбӣ менамояд». Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори кишварҳоест, ки дар як давраи начандон тӯлонӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибор пайдо карда, мавқеи хешро дар арсаи байналхалқи устувор ва муайян намудааст. Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муқаррар карда метавонад, ин қудрати ҳимояи сарҳад ва Артиши миллӣ мебошад. Чунон ки Президенти мамлакат таъкид кардаанд: Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва субботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд чунки Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар мебошад зеро эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши Миллӣ ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра қодир ва мустаҳакам аст. Чун ҳамасола дар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат гусели тантанавии наваскарон бо иштироки падару модарон, санъаткорони ҷавонони мамлакат ташкил ва гузаронида мешавад. Қайд кардан ба маврид аст, ки имсол низ бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистион, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони ВМКБ даста чамъона бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта қарзи шахрвандии худро адо намуда истодаанд. Зеро боиси ифтихор аст, ки аз назари дигар имрӯзҳо хизмати Ватан барои ҳар як ҷавонони даъватшанда Рӯзи ид аст. Чунки барои насли наврас яке аз муҳимтарин обутоби ҳаёти ин хизмат кардан ба Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва садиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдонӣ ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунанд аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ид бошад. Чунон, ки имрузҳо бо ҳар як ҷавони даъватшаванда ру ба ру мешави аз дастовардҳои наҷиби давлату ҳукумат бо боварии комил сухан гуфта ҳисси ватанпарастиву худшиносии миллии худро ҳамчун ҷавонон чунин баён мекунад: «Ватандориву меҳанпарастӣ як рукни ҳастии миллат буда, аз соҳибони Ватан садоқату муҳаббати ҳақиқиро тақозо менамояд. Садоқату муҳаббат маҳз дар ҳолатҳои нозуку ҳассос, афтидану хестанҳо, сахтиву душвориҳо, талошу набардҳо озмуда ва ҳосил мегардад» мегуянд онҳо.
Вернуться назад |