Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТЕРРОЗИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ХОСИ ЉАВОНОН НЕСТАНД
Главная > Маълумот > ТЕРРОЗИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ХОСИ ЉАВОНОН НЕСТАНД

ТЕРРОЗИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ХОСИ ЉАВОНОН НЕСТАНД


20-10-2020, 15:34. Разместил: admin

Аз замоне, ки истиқлолият дар Тољикистон пойдор шуд, давлат роҳи рушди минбаъдаи худро бо кишварҳои демократї, ҳуқуқбунёд ва дунявї мувофиқ сохт. Имрўз ҳар як тољик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати ободу озод мебошад. Лекин, мутаасифона, вақтҳои охир дар хориљи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе аз дигар кишварҳои љангзада ба сафи созмонҳои ифротиву террористии бо ном «Давлати Исломї» пайвастани як гурўҳ љавонон аламовар ва боиси нигаронї мебошад. Ҳанўз ҳам омилҳои гуногуни иљтимої ва фарҳангї вуљуд доранд, ки боиси роҳгум задании љавонон ва бо роҳи террористон, ифротиён пайвастани онҳо мегардад. Иллатҳои сар задании чунин падидаҳои номатлуб хатари тафриқаандозї ва људої дар байни мусулмонони кишвар ва дар солҳои охир дар љомеаи мо пайдо шудани иғвоангезї, ҳизбгароиву гурўҳбандї дар фазои кишвар сабаби нороҳат гардонидани мардум шуда истодааст. Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг,ташвиқоту тарғибот дар таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорї, худшиносии миллї, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирї аз низоъҳои иљтимої ниҳоят бузург аст, зеро чунин гурўҳҳо аввал арзишҳои фарҳангї-маънавиро коҳиш дода фалаљ месозанд, бо амалҳои террористию экстремистї ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Ин амалу кирдори ношоистаашон сабаби нооромї, пастравї ва талафёбии кишвар мегардад. Дар чунин вазъият ҳамаи мо шаҳрвандони Тољикистонро лозим аст, ки масъулияти азими таърихї, рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллї ва осоиштагии љомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфї ва таъсири қувваҳои мољарої эмин нигоҳ дорем. Ва ба ҳар як љавонони кишварамон мурољиат карда гўем, ки Ватани азизашонро ҳаргиз ба дасти чунин бадхоҳон насупоранд, то сулҳу салоҳ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмї дар Тољикистонамон абадан боқї монад.

 

Шарифаи Бунёд.


Вернуться назад