Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ХУРОФОТ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ
Главная > Маълумот > ХУРОФОТ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

ХУРОФОТ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ


5-11-2020, 17:36. Разместил: admin

Инсонҳо аксар вақт ба хотири дарёфти ҳақиқат ва шинохти воқеӣ думболи имону бовар мераванд ва ҳамин тавр каломе, гӯише, оине, амалкардҳое ва динеро мепазиранд. Ҳоло метавон чанд ҳолати равонии инсонҳоро таҳлил намуд, ки барои хурофотзадагию бовармандӣ бистари нарме ба ҳисоб мераванд.
1. Эҳсоси ноумедиву маъюсӣ. Яъс дар лаҳзаҳову давраҳои зиндагӣ афродеро фаро мегирад. Ҳамаи инсонҳо хостаҳое доранд, ки ба онҳо наметавонанд дастёб шаванд. Вақте имкониятҳоро барои бароварда кардани ин хостаҳо аз даст медиҳанд, онҳо ба навмедӣ дучор мегарданд. Ҳамчунин, чашмдори ба даст овардани онҳо нестанд. Ҳамин аст, ки яъс баъзе аз онҳоро фаро мегирад. Роҳҳои ғолиб омадан бар яъс гуногунанд ва ин бастагӣ ба он дорад, ки дониш ва ҷаҳонбинии инсон бар кадом поя аст. Вале, баъзе аз нафарон дар ин ҳолат паноҳ бар фолбину ҷодугар ва муллову рӯҳониро мебинанд, ки ба ӯ дар ин лаҳза умед мебахшанд.
2. Эҳсоси роҳгумкардагӣ. Онҳое, ки аз роҳи ақлу хирад дурнамои кору зиндагонии хешро пешбинӣ карда наметавонанд ва мақсаду ҳадафи зиндагиашон мушаххас нест, вақте бо гурӯҳҳои боварманд ва ҷавобҳои сатҳии дархӯр ба эҳсосашондоштаро мешунаванд, онҳоро зуд меписанданд. Ҳамин аст, ки гоҳҳо рӯҳониёну бовармандон худро нишондиҳандаи (ё ба тарзи дигар муддаии) роҳи рост ва ҳидояткунанда талаққӣ карда, дигаронро ҳушдор медиҳанд, ки илло роҳи мо роҳи дигар гумроҳкунанда аст.
3. Эҳсоси бечорагӣ. Чун инсон дар баробари ҳамаи таҳаввулу ҳаводиси табии ҷавоби мантиқиву ақлонӣ дарнамеёбад дар худ эҳсоси бечорагӣ мекунад ва ин бечорагиро мехоҳад аз роҳе бароварда кунаду эҳсоси ташвишовари хешро таскин бахшад. Ҳамин аст, ки аксари амалкардаҳои хурофотӣ ба бечорагон марбутанд ва дукондорони хурофот ба бечорагон сару кор мегиранд. Ҳамчунин, бовармандон ва рӯҳониён ба бечорагон сару кор доранд ва даъво пеш меоваранд, ки ҳама чораҳоро дар ихтиёр дорем, агар шумо хоҳед ба суроғи мо биёед, таълимоти моро иҷро кунед, чораро хоҳед ёфт. Беморон, фақирон, дармондагон, бекорон ва варшикастагон касоне ҳастанд, ки ҳадди ақал дар лаҳзаҳое эҳсос мекунанд, ки бечораанд ва барои ҳалли мушкил роҳи осонтарини бароварда кардани ин эҳсос думболи хурофот ва бовару эътиқод гаштанро роҳи ҳал мепиндоранд.
4. Эҳсоси осебдидагӣ. Аз ҳама бештар касоне, ки харидори бозори таассубу хурофотанд, нафаронеанд, ки хешро осебдида меҳисобанд. Мусаллам аст, ки тармими афроди осебдида аз лиҳози ҷисмониву равонӣ кори бисёр душвор аст. Хурофотфурӯшон ин кори душворро, ки барои амалӣ кардани он равандҳои мураккаби равонковиву равондармониро бояд анҷом дод, дар назари мардум бисёр сода ҷилва медиҳанд, то коло ва хидмати худро бифурӯшанд. Ҳамчунин, баъзе аз ин осебҳо қобили тармим нестанд. Аммо, дукондорони хурофот касеро аз даргоҳи худ намеронанд ва бо умеди дурӯғин онҳоро муштарии худ нигоҳ медоранд.
5. Эҳсоси бепаноҳӣ. Инсонҳо азбаски бо вазъиятҳои мавҷудаи табиӣ ҳамоҳанг нестанд, ҳамеша дар ҳоли осебпазирӣ қарор мегиранд. Онҳо дар зиндагии иҷтимоӣ ниёз ба низоми иҷтимоие доранд, ки тавонад посухгӯи хостаҳои онҳо бошад. Аз онҳо ҳимоят кунад. Чун мусаллам аст, ки аз лиҳози табақотӣ ҳамаи афрод дар ҷомеа ҳамсон нестанд ва имтиёзи якхеларо ҳам надоранд. Ҳамин аст, ки онҳо ҳамеша думболи низоми иҷтимоие мегарданд, ки барои онҳо ҷиҳати зиндагиву амалкард нисбатан одилона бошад. Вақте аз чунин низом ва ҳимояту пуштибонӣ маҳрум бошанд, ҳатман пайи ҷустуҷӯи як «паноҳгоҳ» - и дигаре мегарданд. Хурофафурӯшон хешро дар чеҳраи пуштибони хуби паноҳанда зоҳир мекунанд ва баъзеҳоро дар хидмати ҳадафҳои худ қарор медиҳанд. Афроди дорои ин гуна эҳсос ҳатто мумкин аст, бо душмани хеш, ки агар ба ниёзҳои паноҳандагии ӯ посухгӯ бошад, дар созиш қарор гиранд. Ҳамин аст, ки аксар аз дӯкондорони хурофа ҷое, ки маҳбубият пайдо карданд, кӯшиш мекунанд фақат худро яккатози кумаккунанда ба афроди бепаноҳ ҷилвагар созанд, то ҳокимияту қудрати хешро таҳким бахшанд.
То замоне аз роҳи ақлу хирад ва аз роҳи улуми гуногуни иҷтимоию инсонӣ ба ин навъи ҳолатҳои равонии инсон ниҳодҳои махсуси иҷтимоӣ сару кор намегиранд, табиист, ки афроди бо чунин ҳолат дучоргашта муштариёни хубе барои дукондорони хурофот хоҳанд буд.
Хурофотпардозон бошанд, худро инсони пайвандгари замину осмон талаққӣ карда, баъдан хешро муқаддас ва бо олами ғайб дар иртибот муаррифӣ мекунанд. Яъне, заминаи ҳамаи ин боз ҳам нодонӣ ва аз роҳи ақлу хирад ва шеваҳои собитшудаи илмӣ созмон надодани ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҷомеаи хурофотзада афроди хурофотиро тарбият мекунад, ки онҳо ҳамеша эҳсосианд ва думболи муъҷизот мегарданд. Ҳамин аст, ки ҳамеша осебпазир ва содабовар боқӣ мемонанд. Ҷомеаашон пур аз таноқузот аст ва кӯшиш менамоянд дар чеҳраи ҳар кас як «мушкилкушое» - ро ҷустуҷӯ намоянд. Ин гуна мушкилкушоён ҳамон нафароне хоҳанд буд, ки боз дукондори хурофотанд ва аз нодонии мардумон тиҷорати хешро гардон месозанд. Барои бурунрафт аз ин вазъ зарур аст, ки ниҳодҳои иҷтимоиеро бо вазифаю таъйинот муҷаҳҳазу сафарбар кард, ки аз роҳи илм ва донишҳои ақлониву мантиқӣ ба вазъиятҳои равонӣ ва ниёзҳои моддиву маънавии ҷомеа посухгӯ бошанд.

Исомиддин ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои фалсафа


Вернуться назад