Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ДУНБОЛИ САРОБ ДАВИДАНУ ТАШНА МУРДАН… Ё НИДО БА ТОИФАИ КАЖДУМСИРИШТ
ДУНБОЛИ САРОБ ДАВИДАНУ ТАШНА МУРДАН… Ё НИДО БА ТОИФАИ КАЖДУМСИРИШТ15-04-2021, 17:03. Разместил: admin |
Ин иддаи ба ном мухолиф заҳрпечакеанд, ки мехоҳанд ба мағзу андешаи ҷавонони мо худро печонанд ва чун худ ҳамаро бадбахту беватан гардонанд. Ҳайҳот, ки ин хаёлпардозиҳои бемантиқу аҳмақонаатонро ба гӯр мебаред. Ҷавонони имрӯза ҷавонони солҳои 90 – уми асри гузашта нестанд, ки ба даъватҳои пучу бемаънии шумо барин «доҳиён» дода шаванд. Ин миллат ва ҷавонони он хуб дарк кардаанд, ки хоиноне чун наҳзатиҳо ва дигар худбохтагон ба дарди онҳо намехӯранд. Ҷуз хиёнат, қатлу куштор, дарбадарию беватанӣ ва қаҳтиву гуруснагӣ чизе дар «корнома» - ашон ин лухтакони дасти хориҷӣ надоранд. Бинобар ин, лофи ватандорӣ задан ва гӯё ғамхору мушфиқи мардум будан шайтанатест, ки мехоҳанд бо ин роҳ ба боварии мардум дароянд, ки ҳеҷ гоҳ ба онҳо муяссар намегардад. Гӯё шоири шаҳиди тоҷик – Искандари Хатлонӣ ин мисраъҳои олиро баҳри ин тоифаи хоину худбохта эҷод карда бошад: Ватанхоҳони худхоҳу дурӯғин Лагоми ёваро сар дода имрӯз. Даҳоншон каф кунад аз доду фарёд, Ба хилват лек хомӯшанду мармуз.
Оре, пеши экранҳои компютер аз муҳаббат ба Ватану миллат суханронӣ мекунанд, вале чун бо хоҷагони худ хилват менамоянд, нақшаи пора – пора сохтани давлату миллати тоҷикро тарҳрезӣ мекунанд: Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Шерафган САНГОВ, устоди ДДОТ ба номи С. Айнӣ Вернуться назад |