Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ОҚИБАТИ ТУНДРАВИВУ НОТАВОНБИНӢ ЧИСТ?
ОҚИБАТИ ТУНДРАВИВУ НОТАВОНБИНӢ ЧИСТ?15-04-2021, 17:04. Разместил: admin |
Дар филми мазкур ҳамсояҳои Муҳаммадиқбол изҳор намуданд, ки оилаи Садриддиновҳо аз аввал ифротӣ буд ва ҳоло парокандаву парешон гардидааст. Онҳо ягон маълумоти олии дунявӣ надоштанд, падараш мулло Қаландар аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ буда, ҳамроҳи гурезагони тоҷик ба Афғонистон фирор мекунад. Ҳамсинфони Муҳаммадиқбол ва омӯзгораш аз айёми ҷавонии ӯ сухан карда, бачаи дониши пасти сатҳи динӣ доштан, таҳаммулнопазир буданашро баён намуданд. Инчунин, аз навор маълум шуд, ки баъди аз Афғонистон омадан оилаи онҳо якбора бадавлат гашта, соҳиби ҳавлию хонаҳои зиёд мешаванд. Хонаҳояшонро ба хориҷиён ба иҷора дода, маблағҳои калонро ба даст меоранду барои амалҳои нопокашон сарф мекунанд. Филм маълум намуд, ки ӯ ҳамроҳи падараш мулло Қаландари Садриддин, ки яке аз мубаллиғони наҳзатӣ буд, ба Афғонистон меравад. Муҳаммадиқбол, ки дар мактаб маълумоти комил нагирифта буду назди падар маълумоти сатҳи диниро аз бар намуда буд, ба дасти мулло Шариф ном намояндаи дигари наҳзатӣ меафтад. Мулло Шариф Муҳаммадиқболро ба саркардаи дастаи ҷангии афғон Ғулом медиҳад ва ин далелро шаҳрвандони Афғонистон тасдиқ карданд. Падар ва наҳзатиёни дигари ифротӣ аз кӯдакӣ М. Садриддинро манқурт карданд. Ӯ чунон бепарвову бемеҳр гардидааст, ки ҳатто ба ҷанозаи падараш, ки дар Полша вафот карда буд, ҳозир нашуд. Ин амал барои наҳзатиҳо кори муқаррарӣ шудааст. Кабирӣ ҳам бо сабаби супоришҳои зиёд доштанаш ба фотиҳаи модараш наомада буд. Ниятҳои бади падари Муҳаммадиқбол мулло Қаландар ҳанӯз аз соли 1985 ошкор гардида буд. Ӯ яке аз мубаллиғони фаъоли наҳзатӣ ба шумор мерафту мардумро ба шӯру ғавғо андохта, оқибат гурезаву хонахароб кард. Мулло Қаландар дар Афғонистон низ ба худ вазифае ёфта, хайрия ва кумакҳои аз ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои алоҳида ва Салиби Сурх омадаро, дуздида, ба дукондорони маҳаллӣ бурда мефурӯхт. Ин дуздиҳои ӯро шоҳидон тасдиқ намуданд. Онҳо баён доштанд, ки Қаландар писари ба доми қумондонҳои афғон афтодаашро бо пули калон, ки аз ҳисоби хайрияҳо, яъне ҳаққи бечорагон дуздида буд, мехарад. Дар Ҳирот дафтари ҲНИ-ро кушода, бо аҳли оилааш аз Кундуз ба Ҳирот меравад. Муҳаммадиқбол ба ҳарфҳои падараш гӯш накарда, аввал гурехта ба Лоҳур ва баъд ба Дубай рафта, қаллобиашро идома медиҳад. Нақли шоҳидон бо хулосаҳои равоншиносон ҷамъбаст гардидааст. Онҳо доир ба рафтору амали “қаҳрамони филм” мулоҳизаҳои ҷолибро баён дошта, зикр намуданд, ки рӯҳияи ӯ шикаставу ба беморӣ гирифтор шудааст. Аз ин ҷост, ки нисбат ба дигарон ҳисси бадбинӣ дошта, бадгӯиро пеша кардааст. Воқеан ҳам, ин қабил инсонҳо, ки ҷавониву наврасии вазнинро аз сар гузарондаанд, ба дигарон рашку ҳасад мебаранд. Наҳзатиён мардумони зиёдеро ба ҷаҳолат гирифтор намудаанд. Шумораи чунин кӯдакону наврасон ва ҷавонони аз касофати наҳзатиҳо ба бадбахтӣ гирифторшуда хеле зиёданд. Сарнавишти Муҳаммадиқболи аз Ватани худ рӯйгардонда бори дигар чеҳраи аслӣ, мақсаду мароми нопоки сарварон, хоҷагон, косалесон ва думравони ТТЭ ҲНИ - ро ифшо намуд. Маълум гардид, ки бисёре аз саркардагону идеологҳои ин созмони террористӣ ғайр аз ба даст овардани пулу сарват амали дигареро анҷом надодаанд. Онҳо имрӯз шармандаи ин дунё ва фардо шармандаи он дунё хоҳанд шуд.
И. ҶАББОРОВ, номзади илмҳои таърих Вернуться назад |