Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ОШТИНОПАЗИРӢ БО ИФРОТГАРОӢ БОЯД ҲАМЧУН ФАРҲАНГИ БУНЁДИИ ШАҲРВАНДӢ ШИНОХТА ШАВАД
ОШТИНОПАЗИРӢ БО ИФРОТГАРОӢ БОЯД ҲАМЧУН ФАРҲАНГИ БУНЁДИИ ШАҲРВАНДӢ ШИНОХТА ШАВАД15-04-2021, 17:05. Разместил: admin |
Воқеан, барои ифротиёни мағзшӯишуда модар, Ватан, фарҳанг, рушд ва арзишҳои дирӯзу имрӯз қадре надоранд. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онҳоро гирифтан хеле мушкил гаштааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон» намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат ба назар мерасад. Аз рӯи маълумоти дастраси васоити ахбори омма, шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, ба 100 ҳазор нафар мерасид. Хушбахтона, дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд шуд. Аз ин рӯ, мо бояд ба вазъи Афғонистон, Сурия, Ироқ Либия, Яман ва мамлакатҳои дигар, ки аз шумии қадами ифротгароён ба харобазор мубаддал гаштаанду мардумонаш зору бехонумонанд, бо чашми ақл нигарем, бо шукрона аз сулҳу ваҳдату субот барои пойдории оромӣ ва шукуфоии Ватани азизи худ – Тоҷикистон талош варзем. Қабл аз ҳама, ба ифротгароию терроризм ва ҳама гуна моҷароҷӯӣ оштинопазир бошем ва ҳамин фарҳангро дар ниҳоди фарзандон тарбия намоем. Оштинопазирӣ ба терроризму ифротгароӣ бояд ҳамчун фарҳанги бунёдии шаҳрвандӣ сар аз кӯдакӣ дар сиришти мо парвариш ва такомул ёбад.
Бозор МЕНИЯРОВ, омӯзгори МТМУ № 1, шаҳри Душанбе <!--EndFragment--> адбирҳои зиёдеро амалӣ намудааст.
Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки бо ибрози он ки «террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад», касе беҳтар аз Пешвои миллат “шахсият”-и террористро бозгӯйӣ ва мусулмононро ҳимоят накардааст. Вернуться назад |