Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > БОЯД ҲАМЕША ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕМ!
Главная > Маълумот > БОЯД ҲАМЕША ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕМ!

БОЯД ҲАМЕША ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕМ!


15-04-2021, 17:05. Разместил: admin

Имрӯз ҳам бархе аз ҷавонони кишвар дар кишварҳои Аврупо аз кӯтоҳандешӣ ва ҳасрати соҳиб гаштани маблағи муфт, фирефтаи ваъдаҳои пайравони ин падидаҳои номатлуб гардида, ба халқу Ватани азизи худ хиёнат менамоянд. Ин тоифаи гумроҳ зери шиори ҳимояи манфиатҳои ҷомеа, амалҳои нопоки радикализми динӣ, терроризму экстремизмро бо пуштибонӣ аз хоҷагони худ, мехоҳанд дар ҳар шакли барояшон мувофиқ роҳандозӣ намоянд.

Пӯшида ҳам нест, ки имрӯз  сохторҳои ҷиноӣ дар доман паҳн кардани экстремизм, авҷ гирифтани муноқишаҳои сиёсию миллӣ ва байналмилалӣ аз шеваи нав, яъне даъват тавассути шабакаҳои интернетӣ кор мегиранд. Бо ҷалби ҷавонони сустирода муқобилияти худро ба низоми ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо бо роҳи террори ҷисмонӣ ва маънавӣ бештар тақвият медиҳанд. 

Масалан, имрӯз хоинони миллат, роҳу усули муборизаи худро дигаргун намуданд. Онҳо акнун аз амалияи ҳамчун «муборизи» роҳи адолат, «ғамхори» ҷомеа будан дар ниқоби демократия худро «муаррифӣ» менамоянд. Аммо дар асл, ҳамон тоифае ҳастанд, ки амали нопок доранд, нисбат ба миллат ва зодбуми хеш хайрхоҳ нестанд. Барои аз ҷазои қонунӣ дар канор мондан  ва ба сифати паноҳҷӯи сиёсӣ дар дигар кишварҳо озодона фаъолият намудан, андешаҳои нопоки худро роҳандозӣ менамоянд. 

Ин дар мавридест, ки мубориза ба терроризм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ дар асл кори танҳо сиёсати дохилӣ буда наметавонад. Шаҳодати таърих аст, ки ҳар кишваре, ки террористи як кишвари дигарро паноҳандагӣ медиҳад ва ё ба манфиати хеш истифода мебарад, фардо худ ба ҳамлаи террористӣ, беназмию бесуботӣ, гирифтор хоҳад шуд.

Имрӯз, иттилооти воқеӣ дастрасии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ҳаст. Халқ симои воқеӣ ва ҳадафу мақсадҳои нопоки ин тоифаи хоину ватанфурӯшро аз баҳсҳои рӯзмарраи онҳо аз саҳифаҳои иҷтимоӣ шинохтаанду огоҳ ҳастанд.

Соли равон мо ҷашни муътабар, 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Пояи ин ҷашни муборак сӣ сол муқаддам гузошта шуда буд. Даҳҳо ва садҳо фарзандони баору номус дар солҳои аввали истиқлолият ҷони азизи худро бохтанд ва мавриди террори ин тоифаи нопок қарор гирифтанд.

Таърих ба ҳама ҳодисаҳои баду нек баҳои арзанда ва воқеӣ медиҳад. Ҳодисаҳои солҳои 90 - уми асри ХХ  ба аъмоли бади хоинони миллат баҳои воқеии худро дод. Чеҳраи манфур, фишору зӯровариҳои пасипардагии хоинони миллат ошкор гардид.

Имрӯз дар назди насли даврони истиқлол, ки ба синни сӣ мерасад, дарк ва донистани моҳияти дунявии давлатамон бағоят муҳим аст. Зеро бо таъкиди Пешвои муаззами миллат: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст. Онро ҳифз намудан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва эҳтиром гузоштан зарур аст».

Ҳамин таъкиди Пешвои муаззами миллатро агар ҳар як фарди соҳибдил, баору номуси кишвар сармашқи кору пайкори хеш созад, пас ҳама гуна зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, дар ҷомеа решакан мешавад.

Пешвои муаззами миллат барҳақ дар Паёми навбатиашон таъкид намудаанд: «Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат, эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо - ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест.

Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва, муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад».

 

Шаъмигул НУРУЛЛОЗОДА,

 

судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ


Вернуться назад