Главная > Хабар > Курси «Духтарон – роҳбарони ояндасоз» дар ноҳияи Балҷувон

Курси «Духтарон – роҳбарони ояндасоз» дар ноҳияи Балҷувон


21-11-2016, 08:39. Разместил: admin

КУРСИ

«ДУХТАРОН – РОҲБАРОНИ ОЯНДАСОЗ»

ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

 

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва дар низоми идоракунии давлатӣ омода намудани занону духтарон ҳамчун роҳбар ва дар доираи ҳамкориҳо бо ташкилоти ҷамъиятии «Маърифати шаҳрвандӣ» шурӯъ аз 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар ноҳия лоиҳаи "Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ» дар чаҳорчубаи курси омӯзишӣ дар мавзӯи «Духтарон – роҳбарони ояндасоз»амалӣ гардида истодааст. Курси мазкур давоми моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, дар доираи он наздики 25 нафар занону духтарони дар соҳаҳои гуногун фаъолиятдоштаи ноҳия ба он ҷалб гардидаанд.Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи мазкур пеш аз ҳама мустаҳкам намудани ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани иқтидори кадрӣ, фаъол гардонидани иштироки занону духтарон дар идоракунии давлатӣ, омода намудани занону духтарон барои мансабҳои роҳбарикунанда ва ворид намудани занону духтарони лаёқатманд дар захираи кадрҳои роҳбарикунанда мебошад. Инчунин дар курси мазкур ба занону духтарон тартиби таҳияи лоиҳаҳо оид ба гирифтани грантҳои хурд омӯзонида шуда, аз шумораи умумии иштирокчиён ба 10 нафари онҳо, ки пешниҳоду идеяҳои навоваранда доранд, дода мешавад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо барои баланд бардоштани малакаю маҳорати кории занону духтарон нақши муносиб гузошта, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлатӣ мусоидати комил менамояд.

 

 

 

Курси «Духтарон – роҳбарони ояндасоз»  дар ноҳияи Балҷувон

 

Курси «Духтарон – роҳбарони ояндасоз»  дар ноҳияи Балҷувон

 

Курси «Духтарон – роҳбарони ояндасоз»  дар ноҳияи Балҷувон

 

Курси «Духтарон – роҳбарони ояндасоз»  дар ноҳияи Балҷувон

 

Курси «Духтарон – роҳбарони ояндасоз»  дар ноҳияи Балҷувон

 

Курси «Духтарон – роҳбарони ояндасоз»  дар ноҳияи Балҷувон

 


Вернуться назад