Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВОКУНИШ
Главная > Маълумот > ВОКУНИШ

ВОКУНИШ


25-12-2021, 07:07. Разместил: admin

 

Мехоњам моњияти иљтимоию иќтисодии ба тавозуни ЉДММ «Мармарї» гузаронидани заминњои хољагии давлатии зотпарварии ба номи «С.Сафаров»-и ноњияи Балљувонро баён созам. Тибќи талаботњои моддаи 13-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон омадааст, ки «Замин, сарватњои зеризаминї, об, фазои њавої, олами набототу њайвонот ва дигар боигарии табиї моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онњоро ба манфиати халќ кафолат медињад».

 

Ин меъёри Конститутсия бори дигар нишон медињад, ки замин моликияти истисноии давлат аст.

 

Хољагии зотпарварии ба номи «С.Сафаров» аз солњои Иттињоди Шўравї фаъолият дошта, самти асосии онро парвариш ва рушди зотњои гуногуни чорво ташкил медињад. Бо назардошти аз буљаи давлат маблаѓгузорї гардидани нигоњдории хољагї ва бинобар сабаби мањдуд будани имкониятњои молиявї дар сатњи љумњурї сол аз сол рушду инкишофи хољагї коњиш ёфта, ќарздории он дар назди буљет аз њисоби пардохти андозњо афзоиш ёфт. Мањз бо дарназар гирифтани ин масъала ва љињати дар оянда рушду тараќќї додани соњаи зотпарварї њамчун соњаи афзалиятноки ин минтаќаи љумњурї дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 26 октябри соли 2021, №466 хољагии зотпарварии ба номи «С.Сафаров» бе иваз намудани самти фаъолият ва њуќуќи бегона намудан ба тавозуни ЉДММ «Мармарї» гузаронида шуд. Њадаф аз ин иќдом тавре дар боло ишора намудам, пеш аз њама рушду тараќќї додани соња ва истифодабарии маќсадноку самараноки заминњои хољагї дар заминаи љалби сармояи бахши хусусї ба њисоб меравад. Дар Љамоати дењоти ба номи Сайф Рањими ноњияи Балљувон зиёда аз 1000 хољагї зиндагї менамоянд ва шуѓли асосии сокинон зироаткорию чорводорї мањсуб меёбад. Аз ин шумора наздики 700 хољагї ќисмати заминњои хољагиро ба иљора гирифта буданд ва аз сабаби номусоидии вазъи иќтисодї ва сари ваќт дастрас нагардидани техникањои соњавї истифодабарии маќсадноки заминњо таъмин намегардид.

 

Вале бори дигар мехоњам таваљљўњи тамоми хоинону нотавонбинои миллатро ба моњияти иќтисодию иљтимої доштани масъалаи мазкур равона созам.

 

Хољагии мазкур дорои зиёда аз 11 њазор гектар заминњои таъиноти гуногун мебошад, ки наздики 1400 гектари онро заминњои корами лалмї ташкил медињад. Намояндагони ЉДММ «Мармарї» баъди ќабули тавозунии хољагии мазкур дар њамкорї бо намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия масъалаи истифодабарии минбаъдаи заминњоро бо иштироки васеи мардуми Љамоат баррасї намуда, заминањои њуќуќии онро муайян сохтанд. Аз рўи натиљањои лоињаи кории мутахассисони Љамъият барои њар як хољагии ањолии љамоат ба миќдори зиёда аз 1 га замини корами лалмї људо карда шуд. Акнун тасаввур намоед, ки заминро аз дасти мардум гирифтанд ва ё барзиёд ба мардум доданд? Ин саволест, ки бояд хоинони миллат аз рўи виљдон, агарчанде виљдоне њам дар онњо боќї намондааст, љавоб гуянд.

 

Мо дар боло ишора намудем, ки то ба ихтиёри ЉДММ «Мармарї» гузаштани заминњои хољагї 700 хољагии Љамоат дорои замини иљора ба миќдорњои гуногун буданд. Акнун баъди таќсимоти намояндагони ин Љамъият, дар баробари 700 хољагии иљоракор, инчунин зиёда аз 300 хољагии дигаре, ки то ин дам умуман замин надоштанд, соњиби зиёда аз 1 гектар замини корами лалмї гардиданд, ки ин барои кишту кори сокинон дар ноњия бењтарин шароити мусоид ба њисоб меравад. Инчунин аз тарафи Љамъият ба њар 1 хољагии соњибзамин барои шудгор намудани майдони 0,50 гектар заминаш сузишвории дизелї тариќи ройгон дастрас карда мешавад, ки дар шароити имрўза дастгирии наљибест барои сокинони ин минтаќаи дурдаст. Њамзамон сокинони Љамоат имкон доранд, ки њангоми кишту кор аз техникањои наву њозиразамони ин Љамъият тариќи шартнома истифода баранд ва бо ин васила кишту кори худро сари ваќт анљом дињанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки айни замон аз тарафи Љамъият техникањои пешрафтаи соњавї, аз ќабили тракторњои шудгоркунанда, кишткунанда, њосилѓундор, дорупошак ва борбардорњои гуногун ба Љамоат ворид карда шудааст, ки аз кишварњои истењсолкунандаи бењтарини давлатњои Аврупо дастрас карда шудааст ва имконияти хизматрасонии дарозмуњлатро доранд.

 

Дастгирии дигаре, ки Љамъият барои сокинони ин дењот анљом дод, ин зиёд намудани майдони заминњои чарогоњ мебошад. То ба мувозинаи Љамъият гузаштани заминњои хољагї дар ихтиёри шањрвандон њамагї 1500 гектар замин буд. Акнун бо дарназардошти чорвои ањолї, ки дар навор онро ба 6000 сар баробар муайян кардаанд, аз њисоби заминњои хољагї 3000 гектар људо карда шуда, барои њар як дењаи Љамоат чарогоњњои алоњида муайян кард.

 

Њоло шумо хоинони миллати аз ватан дуру аз пешравињои кишвари азизамон, ба гирдоби њасаду нотавонї гирифторшуда, бигуед кадом њуќуќњои шањрвандон поймол гардидааст?

 

Гузашта аз ин, масъулини Љамъият наќша доранд тамоми кашарњо ва фермањои хољагиро, ки аз солњои 60-70-уми асри гузашта сохта шудаву дар њолати садамавї ќарор доранд, навсозї намояд ва њамзамон фермањои иловагиро бунёд намояд. Акнун бо бунёди фермањо ва афзоиш додани саршумори чорвои зотї барои сокинони ин Љамоат шароити мусоиди корї ба вуљуд меояд. Чунки Љамъият 95 фоизи кормандонро бевосита аз мутахассисони мањаллї ќабул намуда, музди мењнати мувофиќу муносибро муќаррар кардааст. Тибќи наќшаи Љамъият дар оянда корхонаи истењсоли шир ва мањсулоти ширї ташкил карда мешавад, ки ин барои љалби занони хонашини ин Љамоат хеле дастгирии наљиб ба њисоб меравад.

 

Яъне имрўз бо ихтиёрдории заминњои хољагї ва ташкили комплекси аграрї дар ин минтаќа аз тарафи ЉДММ «Мармарї» бо боварї метавон гуфт, ки љањиши љаддиде дар рушди иќтисодиёти на ин ки Љамоат, балки ноњия ва љумњурї ба вуљуд меояд.

 

Аз таљрибаи давлатњои абарќудрат мо медонем, ки асоси пешрафти давлат бевосита аз рушди бахши хусусї ва фароњамсозии мусоид ба ин самт, сарчашма мегирад. Тољикистони мо низ чун узви људонашавандаи љомеаи љањонї рушди бахши хусусиро яке аз самтњои афзалиятноки сиёсати имрўза арзёбї намуда, дар ин доира ба дастовардњои назаррас низ ноил гардидааст.

 

Имрўз мардуми ноњияи бостонии Балљувон аз ин иќдоми Њукумати Љумњурии Тољикистон њамаљониба розї буда, ин ташаббусро яке аз иќдомњои муњим дар роњи бењтар намудани вазъи зиндагии сокинон ва умуман пешрафти минбаъдаи ноњия, арзёбї менамоянд.

 

Пешвои муаззами миллат барҳақдарПаёмиимсолаашон таъкид намудаанд: «Ман ба неруи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумлаҷавононибоғайратвазанонубонувониватандӯстусоҳибмаърифат, эътимодикомилдорамвадилпуронаизҳорменамоям, кимо - ҳамаякҷобозаҳматисодиқонавуаҳлонаихудтоҷашнимуборакумуқаддасисисолагииистиқлолуозодииТоҷикистонимаҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшавуканорионбозҳамободузебомегардонем.Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамешадарёддоштабошанд, кидаршароитипуртазодупурҳаводисиимрӯзаҳимояинеъматибароиҳарякинсонибаномусбузургтарину муқаддасистиқлолуозодӣкорисаҳлуосоннест.Ҳифзиингавҳарибебаҳоазҳарякимосаъюталошвакӯшишуғайратишабонарӯзӣ, нангуномусимиллӣ, заҳматисодиқонавуфидокоронава, муҳимтаразҳама, иттиҳодусарҷамъӣмехоҳад».

 

Мо имрўз дар атрофи Пешвои миллат сарљамъ ва муттањид њастем ва намегузорем ягон ќувва ва ё аќидае фазои ободу осудаи моро халалдор созад.

 

Ба Муњаммадиќболи Садриддини хоини ватанфурўш низ гуфтаниям, ки пешрафту ободињои Тољикистони азизи моро на бо чашми сар, балки бо чашми дил бояд дид. Афсус, ки дар шумо пастфитратњо на чашми сар асту на чашми дил.

 

 

 

 

 

 

 

Турахонзода Шарифхон

 

Њуќуќшиноси дастгоњи раиси ноњияи Балљувон

 


Вернуться назад