Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ИСТИЌЛОЛУ ОЗОДЇ БЕЊТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОЉИК АСТ
Главная > Маълумот > ИСТИЌЛОЛУ ОЗОДЇ БЕЊТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОЉИК АСТ

ИСТИЌЛОЛУ ОЗОДЇ БЕЊТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОЉИК АСТ


14-01-2022, 14:52. Разместил: admin

Воќеањои моњи ноябри соли гузашта дар шањри Хоруѓи вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон рухдода, моро бетараф будан намемонад. Ба ин љавонњо чї намерасид ва дар зиндагї чї мушкилоту камбудињо доштанд? Шояд андак камбудие дар зиндагї доштанд ва барои чї сабру андеша накарданд, ки рўзе камбудиашон њаллу фасли худро ёфта, бартараф мешуданд. Ба љиноят даст заданд, паси панљара рафтанд, аммо фикр аз падару модар, зану фарзандон ва рањм ба љони љавони худ накарданд.

Ёдовар мешавем, ки на танњо шањри Хоруѓ ва дигар ноњияњои вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон, балки тамоми минтаќањои љумњурї дар давраи Истиќлолият садњо баробар ободу зебо гаштаанд, ки њамаи ин ободкорињо натиљаи ѓамхорињои роњбари давлат, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон мебошад.

Тољикистон ватани њамаи тољикону тољикистониён мебошад. Дигар миллату халќиятњое, ки дар Тољикистон таваллуд шуда, барои давлат ва миллати тољик хизмат кардаанд, онњо низ комилан ватандори Тољикистон буда, метавонанд дар тамоми гўшањои Тољикистон озодона сайру гашт ва кору фаъолият намоянд. Бадахшон як узви људонашавандаи Тољикистон буда, ягон гурўњи авбошу љинояткор онро аз мо људо карда наметавонад.

Аз падарону модарон ва љавонони Вилояти Мухтори Куњистони Бадахшон даъват менамоем, ки руњу авроњи гузаштагони бузурги Бадахшонро ноором накунанд. Шахсони обруманди Бадахшонро, ки дар дигар шањру ноњияњои кишвари азизамон кору фаъолият мекунанд, дар хиљолат намонанд. Мардуми Бадахшон анъанањои бобоии худро аз даст надињед. Чї тавре, ки дар дењаи Теми ноњияи Шуѓнон авлоди Имомбердиевњо дар оила бо њамдигар муносибати эњтиромона доштанд. Аз ин рў онњоро ањли дења ва ањли Шуѓнон дўст медоштанд. Ҳамин тавр тамоми Шуѓнон ба онњо пайравї намуда, бо њамдигар њатто ба роњгузарону мењмонон хушгуфторї намуда, дили якдигарро шод мекарданд. Аз ин рў онњоро дар минтаќа њамчун одамони дорои ањлоќи баланди инсонї мешинохтанд.

Бори дигар иброз мекунем, ки мо мардуми ноњияњои минтаќаи Кўлоб бародарони Бадахшонии худро пушти даст намекунем. Дарвозањои Кўлоб барои Шумо доимо кўшодааст. Фаќат дониста бошед, ки як сўхани бељо ва як рафтори нодуруст чї бадбахтиро ба сари инсон намеорад.

Ба мардуми азизи Тољикистонам гуфтаниам, ки

Аз њама либоси зебо бар тани инсон, либоси Вањдат аст;

Аз њама таоми болаззат таоми Вањдат аст.

Аз њамаи мевањо меваи ширин, меваи Вањдат аст.

Мо мардуми тољик аз як гиребон сар бароварда, кинаю адоватро аз дилњо дур намуда, дар атрофи сиёсати пешгирифтаи сулњљуёнаю инсондўстонаи роњбари давлатамон, Љаноби Олї, Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон сарљамъ шуда, барои ватани азизамон содиќонаю софдилона хизмат намоем.

 

Ин њама ободиву тахти равон аз Вањдат аст,

Ин њама озодию бахти љавон аз Вањдат аст.

Мардуми тољикро якљо намуд ин иттињод,

Рўи олам эътибори тољикон аз Вањдат аст.

Бањри пайдо кардани як пора нон сарсон будем,

Хони моро ин њама пурии нон аз Вањдат аст.

Ќадри якдигар бидонем гуфта буд мавлои Балх,

Ќадрдонињои мо њам бегумон аз Вањдат аст.

Вањдати миллї асоси рушди мулки мо шуда,

Зиннати нав дар лиќои Тољикон аз Вахдат аст.

Ин сухан аз шури дил аз мењр гуфт Абдуљаббор,

Пешрафти мењану моро амон аз Вањдат аст.

 

Абдуљаббор Љалилов

Котиби озоди Шўрои љамъиятии Њаракати вањдати миллї ва эњёи Тољикистон дар ноњияи Балљувон


Вернуться назад