Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Мо ҷавонон пайравони асили пешвои миллатем ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи сарвари тоҷикони ҷаҳонро бо арзиши рӮҳу ҷони худ ҳифз менамоем!!!
Главная > Маълумот > Мо ҷавонон пайравони асили пешвои миллатем ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи сарвари тоҷикони ҷаҳонро бо арзиши рӮҳу ҷони худ ҳифз менамоем!!!

Мо ҷавонон пайравони асили пешвои миллатем ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи сарвари тоҷикони ҷаҳонро бо арзиши рӮҳу ҷони худ ҳифз менамоем!!!


23-01-2022, 17:06. Разместил: admin

Мо Созандагони Ватан, давомдиҳандагони пайкори неки гузаштагон ва Созандагони имрӯзи Тоҷикистон, эҳсос менамоем, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта бо чӣ натиҷаҳо ба анҷом расид. Кӣ аз он зарар дид, барои кӣ манфиатовар буд, мардум инро хуб дарк намуданд. Ин ҳодисаҳои нангин дар таърихи Тоҷикистон абадӣ ва бо хатҳои сиёҳ сабт гардиданд. Имрӯз Тоҷикистон қадамҳои устувори худро дар роҳи рушди босуръати иқтисодӣ, саноатикунонӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ гузошта истодааст. Дар ин масири нек, вазифаи дигари мо ҷавонони саодатманд ҳамқадам будан ба раванди тозаву ҷадиди асри нав ва рушди миллӣ, яъне сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои асри 21 ва тоҷикони ҷаҳон, Сарвари хирадманду адолатхоҳамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будан аст!

Конститутсияи мо мушаххас кардааст, ки Тоҷикистон мақсади бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи тараққикардаи шаҳрвандиро дорад, тамоми фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари некбину дурандеш ва созандаву бунёдкораш ба он равона гардидааст ва тамоми кӯшишу ғайрати худро аввалан барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ ва баъдан баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бо роҳандози намудани ташаббусҳои бузургу беназири умумимиллӣ ва муҳими глобалӣ равона шуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас то ин замин амалӣ гардидааст. Бояд ҳар як ҷавони мо хуб бидонад, ки оромию осоиштагӣ ва озодии кишвар як бойигарии бузург, беқиёс ва нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзӣ ва хастанопазирӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ба қадри ин неъмат ва арзишҳои миллӣ баяд бирасем! Мо, ҷавонон бо дарки масъулияти мақоми созандаи худ дар ҷомеа аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват мекунем, ки мисли ангуштони дастони худ, шохобҳои пурҷушу хуруши дарёҳои сармасти ҷавону равонӣ Тоҷикистон ва фарзандони як модару як миллат зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сарҷамъу муттаҳид бошем, ба роҳ ёфтани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ роҳ надиҳем, иғвоангезиҳои сохтаву қолабиро маҳкум намоем, ба ояндаи неки Тоҷикистони маҳбубамон хушбин бошему ҳар яке аз мо дар ҷойи кори худ содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона барои ин сарзамаин ва ин миллату сокинон заҳмат кашем.

Мақсаду мароми мо ҷавонон ва Иттифоқи Ҷавонон боз ҳам густариш додани сарҷамъӣ, иттифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлони хушбахти ин миллати куҳанбунёд, осудагии ҳама тоҷикону тоҷикистониён мебошад. Ҳаргиз намегузорем, ки як зумраи бадкинон ва хоинони Ватан бо ақидаҳои ботили худ мардумро, махсусан ҷавононро, гумроҳ созанд. Дар ин роҳ бояд бо номуси миллӣ, устувор бошем! Моро мебояд, ки бо ақли солим ва рафтору гуфтори оқилона ба сӯйи ояндаи дурахшони Тоқикистон, қиблаи умеди ҳама тоҷикистониёну тоҷикони рӯи олам қадам мезанем, то ваҳдату ҳамдилӣ, Истиқлоли давлатӣ пойдор ва ягонагии мардумро ҳифз ва устувор нигоҳ дорем! Мо ҷавонон, ҳама бадбахтиҳое, ки ин миллати бузургу тамаддунофар, ки ном онро Тоҷик ва Тоҷикистон аст, аз сар гузаронидааст дар рӯҳу ҷони худ озмудаем ва ҳеҷ гоҳ ба хатокорӣ роҳ намедиҳем. Ҳушёру зирак ва муҳофизи арзишҳои миллӣ мебошем!


Вернуться назад