Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > АМНИЯТИ МИЛЛӢ. ТАҲКИМИ ОН МАСЪУЛИЯТИ МАНУ МО НИЗ ҲАСТ!
АМНИЯТИ МИЛЛӢ. ТАҲКИМИ ОН МАСЪУЛИЯТИ МАНУ МО НИЗ ҲАСТ!12-02-2022, 16:34. Разместил: admin |
МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН МАЪЛУМ АСТ Баъди ба сари қудрат расидани “Толибон”, вазъи сиёсии Афғонистон аз чил соли гузашта ҳам бадтар гашт ва мардум ҳамоно ташнаи сулҳу амният аст. Мутаассифона, то ҳол кишварҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ кӯшиши ҷиддие дар роҳи расидан ба доди мардуми мазлум анҷом надоданд. Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, чанде қабл зимни як суҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон, дастовардҳои бистсолаи кишварро зери пой гузошту мамлакатро ноҷавонмардона тарк кард. Воқеан, ин ҳақиқати талх аст. Хиёнате бештар аз ин нест, ки дар рӯзи сангини як миллат роҳбари қонунии он танҳо барои таъмини амнияти худу хонаводааш кишварро ба осонӣ тарк намояд ва мардумро ба ҳоли худ гузорад. Баъд аз тағйири низом дар Афғонистон, бо вуҷуди зулму шиканҷа ба мардум ва поймол кардани ҳуқуқҳои диниву дунявии онҳо, тамоми давлатҳо хомӯширо ихтиёр карданд ё ба қавле нисбат ба тақдири ин мардум бетарафӣ зоҳир сохтанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин нафаре буданд, ки нисбат ба тақдири шаҳрвандони Афғонистон бетараф наистода, садо баланд карданд ва ба ташкили ҳукумати фарогир бо шумули тамоми ақаллиятҳо даъват намуданд. Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 2021, изҳор доштанд, ки таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад. Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст. Ба андешаи Пешвои миллат, аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи неруҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд. Роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад. Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳо ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Танҳо баъди таъкидҳои дурусту созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони бисёр кишварҳо ба он ҳамовозӣ намуда, аз формулаи сулҳи пешниҳодкардаи Пешвои миллат истиқбол гирифтанд. “Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расондани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем. Дар ин раванд, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар доираи имкон барои расондани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намояд». Ин таъкид ва ғамхории Пешвои миллат на танҳо нисбат ба тоҷикони муқими Афғонистон аст, балки ба хотири зиндагии осоиштаи тамоми шаҳрвандони ин кишвар нигаронда шудааст. Зеро Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии худ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ хостори сулҳу осоиштагӣ дар тамоми дунё, аз ҷумла мамлакатҳои ҳамсоя, мебошад. ЯГОНА ФОРМУЛАИ СУЛҲИ АФҒОНИСТОН Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки зиёда аз бист сол мешавад Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд: “Бори дигар такрор мекунам, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад”. Сарвари давлат аз таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ёд оварданд, ки боиси ҳалокати беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардида буд. Ба андешаи Президенти кишвар, маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи он бетафовут буда наметавонад. “Сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад”. Ин пешниҳоди созандаву сулҳхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона идея ё формулаи барқарор кардани сулҳ дар ин кишвар ва ба зиндагии маъмулӣ баргардондани сокинон мебошад. То имрӯз ҳеҷ коршиноси дигаре роҳи беҳтар аз инро пешниҳод накардааст. Ба таъкиди сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне, сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад. МУХОЛИФИН Ё ХОИН? Аслан, қазияи Афғонистон бояд барои шаҳрвандони тамоми кишварҳо дарси ибрат бошад. Зеро ҳифз кардани амният ва суботи сиёсӣ дар ҳар мамлакат ин кори якҷояи мақомоти давлатӣ бо шаҳрвандон аст. Пӯшида нест, ки бисёр кишварҳо мухолиф доранд. Ҳадафи Ҳукумат ва мухолифини воқеӣ бояд як бошад: беҳтар кардани шароити зиндагии мардум, рушди бемайлони тамоми соҳаҳо ва баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ. Вале, дар баробари мухолифин, инчунин, хоинони миллат вуҷуд доранд, ки миёни ин ду гурӯҳ бояд фарқи дуруст гузошт. Фарзи мисол, ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз аъзои фаъоли он дар Аврупо зери номи худхондаи “Паймони миллии Тоҷикистон” ҷамъ омадаанд. Хатари ба ном “мухолифини кишвари мо” аз хатари “Толибон” камтар нест. Таърих гувоҳ аст, ҳаводиси Афғонистонро наҳзатиҳо ҳанӯз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба сари миллати тоҷик оварда буданд. Аз ҷумла, куштори чеҳраҳои саршинос, ғорат, гаравгонгирӣ ва дигар ҷиноятҳои нобахшиданӣ. Хушбахтона, дар Тоҷикистон ба бахти баланди мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд ва тақдири ояндаи миллатро ба даст гирифта, дар фурсати кӯтоҳ сулҳро дар Ватан барқарор карданд. Мутаассифона, дар Афғонистон раиси ҷумҳури вақт ва дигар афроди зархарид гурехтанд ва мардум дигар ба кӣ бовар кардану итоат намуданро надонист. Ин бори дигар собит сохт, ки надоштани лидери сиёсӣ мардумро ба гумроҳӣ, давлатро ба нестӣ мебарад. ДАР ҚАЗОҚИСТОН ЧӢ РӮЙ ДОД? Бояд аз қазияи кишвари бародари Қазоқистон низ ёдрас шуд. Гурӯҳҳои террористӣ ва фурсатталаб аз ҳолати эътирози сокинон ба далели болоравии нархи гази моеъ дар шаҳри Алма Ато истифода карда, даст ба тазоҳурот ва харобсозии иншооти давлативу ҷамъиятӣ заданд. Вазъияти баамаломада боиси нооромӣ ва ҳолати фавқулода дар кишвар шуд. Хушбахтона, баъди талошҳои мақомоти қудратӣ ва неруҳои сулҳофари СААД, ки Тоҷикистон низ шомили он аст, вазъ дар фурсати кӯтоҳ ба эътидол оварда шуд. Дар иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, вазъ дар Қазоқистон ва тадбирҳои муътадилсозии он муҳокима гашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таваҷҷуҳи аъзои Шуроро ба мавҷудияти ячейкаҳои хуфтаи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва радикализм дар кишварҳои узви СААД, инчунин, талошҳову таблиғоти онҳоро дар байни шаҳрвандон ҷалб намуданд. Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими фаъолияти муштараки ҳамаҷонибаи мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД дар муқобила бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо шуданд. Ба гуфтаи Президенти Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев, зиёни иқтисодӣ аз нооромиҳои ахири Қазоқистон метавонад 2-3 миллиард долларро ташкил диҳад. ЗИРАКИИ СИЁСИРО БОЯД ТАҚВИЯТ БАХШИД Дар шароити кунунӣ боло бурдани зиракии сиёсӣ, яъне дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, мавзуи меҳварӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир месозанд ва ҷавононро таъкид менамоянд, ки фирефтаи дасисаҳои гурӯҳҳои фурсатталабу манфиатҷӯ нашаванд. Имрӯз мухолифини кишвари мо низ бо дурӯғпардозиву фитнаҷӯӣ мехоҳанд мавқеи худро миёни мардум, асосан, онҳое, ки заъфи сиёсӣ доранд, боло бурда, байни халқ тафриқа андозанд. Аз ҷумла, аз ҳодисаи охири баамаломада дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ хост тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ миёни мардум зиддият ва маҳалгароӣ ба миён орад. Ин дар ҳолест, ки пеши қонун ҳама баробаранд ва дар дилхоҳ кишвар касе, ки ҷиноят содир месозад, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Пуштибонӣ аз ашхоси ҷинояткор шарикӣ дар ҷиноят ва хиёнат ба халқу Ватан аст. Хушбахтона, бо мусоидати мақомоти қудратӣ вазъ дар ВМКБ ором гашт. Бояд гуфт, ки ҷангу нооромӣ танҳо фақру бадбахтӣ меоранд. Вазъи Афғонистон, инчунин, Қазоқистон, ҳар яки мо – шаҳрвандони Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки барои ҳифзи амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳаёти осудаи мардум дар Ватани азизамон аз пештара дида масъулияти бештар дошта бошем. Бознашр аз рузномаи “Ҷумҳурият” Вернуться назад |