Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > НАҲЗАТУ БИСТУЧОР ПАС АЗ ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ САҲА АЗ ФАРИШТАГӢ ТО БА СИЁСАТМАДОРОНИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МИСЛИ МУГАМБО РАСИДАНД!!
Главная > Маълумот > НАҲЗАТУ БИСТУЧОР ПАС АЗ ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ САҲА АЗ ФАРИШТАГӢ ТО БА СИЁСАТМАДОРОНИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МИСЛИ МУГАМБО РАСИДАНД!!

НАҲЗАТУ БИСТУЧОР ПАС АЗ ИШТИРОК ДАР НИШАСТИ САҲА АЗ ФАРИШТАГӢ ТО БА СИЁСАТМАДОРОНИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МИСЛИ МУГАМБО РАСИДАНД!!


7-10-2022, 21:54. Разместил: admin

Дигар пайравону муридҳои наҳзатӣ низ дар ин конфронс аз роҳбари мугамбои худ қафо намонда, чӣ таҳвину дурӯғу тӯҳмате дар муқобили давлати мо бофтанд, истифода бурданд. Аммо ҳам саркардаи наҳзатиҳо ва ҳам муридҳои онҳо худ низ медонанд, ки ин ҳама маълумотҳо ва суханҳо дурӯғу туҳматанд, лекин роҳу чораи дигар надоранд. Агар дурӯғу тӯҳмат накунанд, зуд аз Аврупо бадарға шуда, аз кайфу сафо ва аз ронҳои сафеду ғафси хонумҳо маҳрум хоҳанд шуд.

Барои ҳамин дар ин чорабинии сохта наҳзатиҳо, ки ҳамаш аз авлоди кабирианд, зану кӯдаку чудаки худро ба конфронсзал овардаанд, ки то намоиш диҳанд, гӯё онҳо ҳама “ҳамватанони” мо ҳастанд. Бояд гуфт, ки ҳам Кабирӣ, ҳам Шерзамонов ва ҳам дигару дигар дар ҳамаи суханрониҳои худ аз дурӯғу туҳмат ва таҳқирҳои сохта сӯистифода бурданд. 

Ҳукумати мо тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ тамоми роҳу воситаҳо ва имкониятҳоро истифода бурда, заминаи ҳуқуқӣ ва шароити сулҳу субот барои ҳар як шаҳрванди қонундону қонунписандро фароҳам овардааст. Дар Тоҷикистон ҳазорҳо ВАО ватанӣ ва ғайридавлатӣ фаъолият доранд, ки ҳамаи онҳо дар доираи қонун амал менамоянд. Рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандие, ки  фаъолияти худро дар доираи қонуну қонунгузориҳои расмӣ ба роҳ мондаанд, ҳукумати кишвар ба онҳо дар ягон ҳолат монеа эҷод накардааст.

Он блогерҳо, фаъолони ҷомеа ва ба ном рӯзноманигорони ватанӣ, ки дар доираи қонун амал накарданд, мансабдорони давлатиро беасос таҳқир карданд ва бо созмону гурӯҳҳои мамнӯъшуда дар ҳудуди кишвари худ ҳамкорӣ карданд, ҷазои худро гирифтанд ва мегиранд. Ҳукумати кишвар дар асоси фаъолияту амалиётҳои ифротгароӣ ва террористӣ як қатор созмону ташкилотҳоро бо аъзоёнаш дар ҳудуди кишвар манъ кардааст ва ин талаботу принсип дар санадҳои қонунии мо сабт гардида, эълон гаштааст. Аммо имрӯз мебинем, ки як қатор ба ном фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дидаву дониста бо гурӯҳҳои ифротӣ алоқа барқарор карда, дар асоси супоришу ҳидоятҳои онҳо ҳисси бадбиниро нисбат ба давлат ба вуҷуд оварданд ва оварда истодаанд. 

Аз ин рӯ, ҳукумати кишвари мо дар ҳама ҳолат баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ тамоми имкониятҳоро истифода мебарад ва инчунин кӯшиш менамояд, ки сулҳу субот ва амнияти ҷомеаро таъмин намояд. 

Дар ин нишасти САҲА тӯдаи дигари бесаводу ҷоҳил бо номи ТЭТ Гурӯҳи 24 иштирок карда, баромадҳои монанд бо наҳзатиҳоро ироа намуданд. Ин тӯдаи бесавод низ аз ҷумлаи ҳамтаборони наҳзатиҳо буда, тамоми имкониятҳои дурӯғу туҳматро истифода бурданд, то аз пулу молу грантҳои бебозгашт бенасиб намонанд. Аслан ин тӯдаи бесавод дар назди ҳукумату мардуми тоҷик заррае қадру қиммат надоранду надоштанд. Ва албатта, иштирок накардани ҳайати расмии мо низ маънои ҳаминро дорад. Аслан ҳукумати мо бояд ҳамин корро аз солҳои аввали иштироки ин тӯдаи беақлу бесавод ва ҷоҳил дар ингуна нишастҳо анҷом медод. 

Дар охир ҳаминро қайд мекунам, ки муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистон бо давлатҳои Аврупо ва намояндагони расмии он дар сатҳи бисёр олӣ буда, ингуна нишастҳои солонаи САҲА, ки дар он фариштаҳову шаурмахӯракҳои наҳзативу 24 иштирок мекунанд, заррае аҳаммият ва таъсире надошту надорад. Ингуна чорабиниҳо хусусияти кории Иттиҳоди Аврупо ва созмону ташкилотҳои онҳо буда, ҳамасола чун анъана ва инчунин барои ҷамъбасти солона ва ташкили буҷету грантҳои нав барои соли ояндаро меомӯзанд. Яъне, дар ингуна ҷаласаҳо мисли наҳзатиҳову бистучориҳо фариштаву шаурмахӯракҳо ҷамъ омадаанд ва фикру зикри онҳо танҳо ба грантҳои миллиондоллару евро банд мебошад.

 

Суҳроби Рустам


Вернуться назад