Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ МО ОМАД …
СУЛҲИ ДЕРИНТИЗОРИ МО ОМАД …24-10-2022, 20:18. Разместил: admin |
Боиси таассуф аст, ки байни 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо Тоҷикистон ба иғвои душманони миллат дода шуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Шукри тақдир, ки айёми умедро барои миллати тоҷик Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард. Маврид ба зикр аст, ки дар таърихи ҳар як халқу миллат саҳифаи тақдирсозу дурахшоне ҳаст, ки он ба дигаргуниҳои сарнавиштсоз, бунёди таҳкурсии устувор ва рушду такомули минбаъдаи мамлакат асос мегузорад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин саҳифаест, ки аҳамияти басо беназир дорад. Новобаста ба баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намуд. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризоияти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ суботи комил таъмин карда шавад. Вакилони халқ бо дарки масъулияти бар дӯш доштаашон ба ҷои идоракунии президентӣ идоракунии парламентиро ҷонибдорӣ карданд. Дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Зимни суханронии нахустини хеш ҳамчун Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард». Аммо таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик ҳамчун халқи сулҳдӯсту адолатхоҳ дар ҷаҳони мутамаддин маъмулу машҳур аст. Тоҷикон дар дарозои таърих боре нашудааст, ки баҳри ба даст овардани замини бегонагон талош варзида бошанд. Пойдор гаштани сулҳу амониро дар ин кишвар касе бовар надошт. Дар ин хусус собиқ котиби генералии СММ Кофи Аннан чунин ибрози ақида намудааст: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ мебошад». Дар ҷараёни ин кашмакашиҳои бемаънии сиёсӣ неруи ақли волою закии тоҷикон ғолиб омада, ҳукумати қонуниро дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, бо роҳбарии фарзанди шарафманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ташкил намуданд. Аз ибтидои ба сари ҳокимият омадан ин марди ҷасур корро бо сухани «Ман ба шумо сулҳ меорам…» оғоз намуд. Самараи талошҳои беназир буд, ки баъди 7 музокирот бо мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва вохӯрии 8-умини тоҷикон баргузор шуд. Тарафҳои баҳам зид якдилона баҳри таъмини ояндаи дурахшони миллат ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ин рӯзи муборак ва фархунда дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт шуд. Ин ҳодисаи таърихӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори аслии сулҳ дар Тоҷикистон аз ҷониби бисёр сиёсатмадорону коршиносони байналмилалӣ баҳои арзандаю мувофиқ гирифтааст. Тавре ки Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки мислаш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти мутташаниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар». Дар ҳамин радиф собиқ раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Сзян Сзэмин чунин мегӯяд: «Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳазораи сеюм бо боварӣ қадам мезананд. Ба ҳама маълум аст, ки саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри ҳаракати мустаҳкамкунии робитаҳои дӯстии халқҳои Осиё назаррас аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ ва якдигарфаҳмию тараққиёти ояндаи Тоҷикистонем». Дар роҳи ба даст овардани сулҳ хизмати халқи тоҷик барҷаста аст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб ва равшан қайд намудаанд: «Таъкид кардан бамаврид аст, ки барои пирӯзии сулҳ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, хизмати таърихии худи миллати тоҷик, ки хоку гилаш аз сулҳпарварию инсондӯстӣ сиришта шудааст, басо бузург мебошад». Баъдан, то соли 1997 танҳо умеди Сарвари давлат дар он буд, ки бояд оштии миллӣ шавад, танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид мамлакатро орому осоишта метавон сохт. Баъди ин суханони Пешвои миллат дар ҳақиқат миллати тоҷик фаҳмид, ки роҳи осоиш ин танҳо сулҳ асту ваҳдат, ҳамдигарфаҳмию бахшиши гуноҳҳои якдигар. Чандин бор муроҷиати ҳукумати кишвар бар мардум дар бораи супоридани силоҳҳои ҷангӣ ва барҳам додани гурӯҳҳое, ки ғайри расмӣ ситод ташкил мекарданд, баромад. Дар ин 5 сол, то имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мадуми кишвар ба чӣ азобу машақат дучор шуданд, шоҳидони ҳол медонанд. Нафароне, ки ин азобҳоро диданду паси сар карданд, имрӯз мегӯянд, ки ин ҳодиса дигар ҳеч вақт ба сари мардуми тоҷик наояд. Бо мурури вақт мардум бо ҳам омаданд, ки дар ин саҳми ВАО кишвар низ назаррас буд. Бо ташкил шудани барноми «Хоки Ватан…» дар Радиои Тоҷикистон гурезаҳое, ки дар хоки Афғонистон буданд, бо шунидани садои хешу наздиконашон руҷӯи ба Ватан баргаштанро мекарданд. Дар натиҷаи гуфтушуниди 5 сола, миллати тоҷик ба ҳам омад. Ин рӯзи таърихӣ 27 июни соли 1997 дар саҳифаи навини миллати тоҷик навишта шуд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, воқеан аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф гаштаю ҳамчун мактаби омӯзиш пазируфта шудааст. Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ин ҳарду тавъаманд, барои мардуми кишвар як дастовард ва армуғонест, ки арзишмандтарин неъмат шинохта шудааст. Барои ба даст овардани ин неъмати илоҳӣ роҳбарони ҳамонвақтаи ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон кумаки инсондӯстона намудаанд. Аз ҷумла роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Покистон, Россия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон дар раванди музокироти сулҳ саҳми арзанда гузоштаанд. Музокироти миёни тоҷикон ба марҳилаи ҷамъбастии истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон омада расид. Ба шарофати иродаи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки аз ҷониби тарафҳо дар вохӯриҳои Москва, Хосдеҳ, Теҳрон, Машҳад, Бишкек зоҳир гардид, дар музокироти миёни тоҷикон пешравии назаррас ба даст омад. Он дар қалби ҷаҳониён шӯълаи умеду бовариро оиди оғоз гардидани марҳилаи нек дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон бедор кард. Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Ин абармарди миллат тавонист миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикарда табдил диҳад. Барои ҳамаи ин хизматҳои бузургаш ба Эмомалӣ Раҳмон 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Хизматҳои Сарвари кишвари мо на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам қадршиносӣ шудаанд. Барои саҳми барҷаста дар рушди ҷомеаи умумиҷаҳонӣ Президенти Тоҷикистон ба гирифтани “Ситораи тиллоии Албер Швейтсер” ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадорест, ки дар ҷаҳон ин мукофотро соҳиб шудааст. Соли 2005 дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҷоизаи олии медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид. Ӯ аввалин касест, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ҷоизаро соҳиб шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда бо ордени алмосдори “Звезда мецената” (Ситораи сарпараст), ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд”, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимони Осиё, медали тиллоии ба номи Николай Блохини Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, ордени “Ситораи дараҷаи 1” бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, медали тиллоии “Арҷгузории Ҷалолиддини Балхӣ”-и ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаву медалҳо мукофотонида шудааст. Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ 8 ноябри соли 2016 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд. Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге карданд ва карда истодаанд. Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири кишвар ба таври возеҳу равшан эҳсос карда мешавад. Аз ҷумлаи онҳо ин барқарор намудани сулҳу суботи комил, ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва фарогирандаи дигар ҷанбаҳои ҳаёти инсонӣ мебошад. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон воқеаи бузургест, ки дар таърихи навини мо ҳамто надорад ва мо маҳз ба шарофати он ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Ҳар қадар, ки вақт моро аз ин иҷлосияи тақдирсоз дур мебарад, ҳамон андоза аҳамияти бузурги таърихиву сарнавиштсози он барои давлату халқи Тоҷикистон бештар аён мегардад. Бо итмоми комил метавон гуфт, ки рушд ва таҳкими давлатдории навину Истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ кардани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ибтидо мегиранд. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо – наслҳо ва ҷомеъаи имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сокинонро аз ноумедиву маъюсӣ раҳо дода, рисолати ниҳоят бузургро анҷом дод - сарчашмаи сулҳу субот дар кишварамон гардид. Иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро рӯи саҳнаи сиёсат овард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд, бо қарорҳои тақдирсози қабулнамудаи худ ба сулҳу субот дар кишвари азияткашидаамон оғоз бахшиданд. Бошад, ки дар партави хуршеди истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар ҷовидона пойдор бимонад Дар фарҷом мехоҳам андешаҳои сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоир Ағбаро, ки дар рӯзномае баён доштааст, оварда бошам: “Вақте дар кӯчаҳои шаҳри зебои Душанбе қадам мезадам, аз тамошои роҳравҳои гулпӯш, дарахтони сабзу зебо ва гаштугузори озодонаи ҷавону калони мардуми тоҷик ашк ҳарду бари рӯямро тар мекард. Ба фикр фурӯ мерафтам, орзу мекардам, ки кош гуле дар диёри ман озодона аз замин бирӯяд, кош субҳе бо хандаи тифлакони диёрам аз хоб бедор шавам. Аммо сад афсӯс, ки оғозу анҷоми субҳу шоми мо садои тиру таркиш аст…”. Вернуться назад |