Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ШАҲОДАТНОМАИ АСОСИИ ДАВЛАТ АСТ.
Главная > Маълумот > КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ШАҲОДАТНОМАИ АСОСИИ ДАВЛАТ АСТ.

КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА ШАҲОДАТНОМАИ АСОСИИ ДАВЛАТ АСТ.


28-10-2022, 20:41. Разместил: admin

Қабул гардидани  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ барои пешрафти кишвари  соҳибистиқлоли азизамон ва  барои бунёди давлате, ки орзую омоли мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсти  тоҷикон буд, оғози тамоми бурдбориву комёбиҳо ва музафариятҳоро  бахшид.

Дар баробари ҳама он комёбиҳову музафариятҳо ичунин бахтномаи миллат дари сулҳу дӯстиро миёни Тоҷикистону мардуми руйи олам во намуд.

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёру дунявӣ мешиносанд ва эҳтиром мегузоранд, ки ин ҳама комёбиҳоро мо аз заҳмату талошҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем.

Бо шарофати Конститутсияи давлатӣ ва танинандоз гардидани сулҳу ваҳдат дар фазои орому ободи кишвари азизамон мардуми тоҷик бо иттиҳоду сарҷамъӣ, дӯстиву бародарӣ, ҳамдиливу баробарӣ зери партави сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат, дар пешрафт ва рушди Тоҷикистони ҳуқуқбунёду ягона саҳми шоён гузошта истодаанд.


Вернуться назад