Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Главная > Маълумот > МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


3-11-2022, 20:24. Разместил: admin

Пайдоиши давлат дар ҳаёти ҷомеа омилҳои воқеӣ дошта, талаботу манфиатҳои одамон онро ба миён овардааст. Оиларо метавон заминаи бавуҷудоии давлат донист. Аввалин муносибатҳои ҷамъиятӣ дар муҳити оила ба вуҷуд омада, заминаи воқеии пайдоиши қабилаҳо дар якҷоягӣ умумияти бузурги иҷтимоиро ташкил намуда, давлатро ба вуҷуд оварданд. Инсоният давлатро барои он ба вуҷуд овардааст, ки талаботу манфитаҳо ва муносибатҳои онҳоро ба танзим дарорад ва кафили оромию амнияти онҳо бошад.

 

Муҳаққиқон ва олимони соҳа дар он ақидаанд, ки барои пойдорӣ ва ҳифзи давлати миллӣ Роҳбар ва ё Лидери сиёсӣ лозим аст, то ин ки соҳибихтиёр, нишону парчам ва муқаддасоти хоссаи давлатдориро ҳифз ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад, инчунин чун кишвари озод сиёсати мустақилонаро баҳри амалисозии ормонҳои шаҳрвандонаш рӯҳандозӣ намояд.

 

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва  давлатдорӣ бо бӯҳрони шадид мувоҷеҳ шуд. Мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон  нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гардид. Дар чунин лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик бар эътибори давраҳои  сарнавиштсози таърихи фоҷиабораш сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои  сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Иҷлосияи  ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерeҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.  Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд.

 

Аввалин даъват дар аввалин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонист, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшад. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд кард, сулҳ офарид, ваҳдати миллатро таъмин кард ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик неруву тавони дубора бахшид.

 

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ӯҳда дорад, бо равшанӣ маълум гашт, ки ӯ дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳимми сиёсатмадори барҷаста бархӯрдор аст. Садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир ба вуҷуд овардани Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додааст. Аз рӯзҳои аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданаш роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медид ва барои амалӣ кардани ин нақша шахсан саъю талош меварзид. Ин нуқта дар муроҷиатномаи Сарвари давлат “Ба халқи шарифи Тоҷикистон” аз 12 декабри соли 1992 хеле хуб зикр ёфтааст: “Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.

 

Пешвои миллат кори давлатдории худро бо роҳи бунёду барқарорсозиҳо оғоз кард. Ба вуҷуди ҳама мушкилот дар маркази пойтахти ватанамон қад афрохтани пайкараи бузурги Исмоили Сомонӣ ба тамоми ҷаҳониён муҷда дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва боқӣ мемонад. Аз ҷониби Сарвари давлат ин иқдом як омили бузурги баланд бардоштани маънавиёти миллии миллат буд. Исмоили Сомонӣ бо фарҳанги баланди худ аввалин давлати тоҷиконро сохта буд, ки ҳанӯз ҳазор сол қабл намуна барои дигарон дониста мешуд. Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори аввалин асосгузори давлати тоҷикон аст, ки тавонист ин миллатро дар партави фарҳанги волояш аз парокандагӣ наҷот бахшад.

 

Хизмати бебаҳои Сарвари муаззами давлат дар арсаи байналмилалӣ эътироф ва аз ҷониби сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохта баҳогузорӣ шудааст. Мартин Лиз, ректори донишгоҳи сулҳи СММ зикр намуда буд: “Иҷлосияи шонздаҳум қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Раиси Парлумон ва Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеъиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли маслиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар даргириҳои нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад”.

 

Миллати тоҷик хушбахтарин миллат аст, қи соҳиби чунин Пешове мебошад, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои миллӣ, давлати миллӣ, нигоҳ доштан ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ шиори доимии фаъолияти пурсамараш мебошад.

 

Аз дидгоҳи имрӯз мусаллам аст, ки ташаккули давлатдории миллии халқи тоҷик ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, месазад, имрӯз ба фаъолияти пурвусъати байналмилалии ин фарзанди содиқ ва сарсупурдаи миллат бори дигар назар афканем.

 

Шайх Саъдӣ дар “Гулистон”-аш ҳикмате дорад: “Се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорат, илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба маснади олии Роҳбари давлат интихоб шуд, ки аз бесиёсатӣ мулк мушкилтарин давраи таърихи худро ба сар мебурд. Дар ҳолате, ки кишвар гирифтори ҷангу хунрезӣ, шаҳру деҳкадаҳо дар марказу ҷануби кишвар дар коми оташ, ҳазорон касон куштаву беному нишон, ҳазорони дигар гурезаву сарсону саргардон аз пайи наҷоти худ буданд, ба бахти ин мардуми гирифтори яъсу ноумедӣ Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ба арсаи сиёсат баромад ва инони давлатдориро ба даст гирифт.

 

Имрӯз тоҷикон ба шарофати ҳидоят ва роҳнамоии сарвари хирадманди хеш мақом ва рисолати худро дар дунёи муосир пайдо намуда ва дар ҷодаи шинохти оламу оламиён гомҳои устувор ниҳодаанд, дарҳои пӯшида ва марзҳои бастаи худро ба истиқболи дӯстони дерин ва ҳамёрони навин боз кардаанд.

 

Мустафо ТОЛИБОВ,

магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Вернуться назад