Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > НАҚШИ ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР ДАР ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Главная > Маълумот > НАҚШИ ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР ДАР ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР ДАР ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


6-11-2022, 13:55. Разместил: admin

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

 

Куруши Кабир яке аз шахсиятҳои таърихие ба ҳисоб меравад, ки дар таърихи башарӣ бо сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ ва инсонпарварию адолатпешагиаш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

 

Дар даврони ҳукмронии Куруши Кабир ва мавҷудияти империяи бузурги Ҳахоманишиён низоми муайяни қонунгузорӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шуд. Муҳимтарин дастоварди ҳуқуқии ин давлат қабули “Эъломияи ҳуқуқи башар”-и Куруши Кабир мебошад, ки нахустин эъломияи ҳуқуқи инсон дар таърихи инсоният эътироф шудааст. Дар асоси он ҳуқуқ ва озодиҳои халқҳои зиёде, ки дар тобеияти империяи Ҳахоманишиҳо зиндагӣ мекарданд, ба танзим дароварда мешуд. Эъломияи Куруши Кабир дар ташаккули низоми ҳуқуқии давлатҳои пасоҳахоманишинӣ замина ба вуҷуд овардааст.

 

Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондустӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати тарихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир бо назардошти ду омили муҳим – хусусиятҳои таҷрибаи таърихии анъанаҳои сиёсии давлатдории миллӣ ва дар ҳаёт татбиқ шудани принсипи демократии афзалияти ҳуқуқи инсон пояҳои давлати демократии худро устувор мекунад.

 

Гуфтан ҷоиз аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар заминаи сарчашмаҳои таърихӣ ва таҷрибаи давлатдории миллати тоҷик таҳия гардидааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихии давлатдории миллати тоҷик дубора эҳё гардида, дар меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳким гардидаанд.

 

Зарурат ва муҳиммияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992, ки он вақт Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, таъкид намуда, аз ҷумла дар Муроҷиатнома иброз доштанд, ки “асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст”.

 

Миллати тоҷик дар масири таърих борҳо ҳуҷҷатҳои бунёдиро дар самти ҳуқуқи инсон ва низоми давлатдорӣ қабул намудааст, ки онҳо то ҳол моҳият гум накардаанд ва ҳамчун сарчашма барои қонунгузории давлатҳои муосир хизмат менамоянд. Масалан, дар замони давлатдории Ҳахоманишиён дар таърихи башарият нахустин маротиба аз ҷониби асосгузори воқеии империя Куруши Кабир ҳуҷҷате ба тасвиб расид, ки дар он ҳуқуқҳои бунёдӣ, ба мисли ҳуқуқ ба озодӣ, дину мазҳаб, ҷойи зист, манзил, моликият, ғуломӣ, манъи шиканҷа ва ғайра инъикос ёфтанд. Он ҳуҷҷати нодир ҳоло низ ба сифати сарчашмаи таърихӣ дар бузургтарин давлатҳои сайёра мавриди омӯзиш қарор дорад ва моҳияти он дар санадҳои асосии онҳо таҷассум ёфтааст.

 

Пешвои муаззами миллат дар асари пурарзиши худ “Чеҳраҳои мондагор» қайд менамоянд, ки сиёсати давлатдории Куруши Кабир 2500 сол аз ин муқаддам ба тарзи давлатдории дунявӣ асос гузоштааст.

 

Консепсияи давлати дунявӣ ҳамчун яке аз принсипҳои бунёдӣ ба ҳисоб рафта, моҳияти он дар қисми 1 моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст, ки мутобиқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад.

 

Ҳамзамон дар асоси муқаррароти моддаи 8 Конститутсия дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

 

Эъломияи Куруши Кабир нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва эҳтироми ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ дониста машавад, ки сарманшаъ мегирад аз тамаддуни ориёӣ.

 

Ҳолати мазкур, аз ҷумла кафолати аз забони модарии худ озодона истифода кардани ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, дар қисми 3 моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфтааст.

 

Ҷойи шубҳа нест, ки Конститутсияи ҷумҳурӣ нақши азалӣ ва таърихиро дар давраи ниҳоят ҳассос, ки ба сари миллат омад, иҷро намуд. Зеро он бунёди давлатдории миллиро асос гузошта, кишварро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуда, барои бунёди низоми қонунгузории миллӣ поя гузошт.

 

Фаридун ИСМАТУЛЛОЗОДА,

сардори шуъбаи магистратураи

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вернуться назад