Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Главная > Маълумот > РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


15-11-2022, 07:13. Разместил: admin

Тақдир ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои нек, рафтору гуфтори оқилонааш тавонист мардуми парешонгаштаро ҷамъу муттаҳид, дар кишвар сулҳу суботро пойдор ва ба ҷанги хонумонсӯз хотима диҳад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои пурарзишу беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидем.

 

Хизматҳои бузурги таърихии Пешвои миллат дар назди халқу давлати Тоҷикистон ҷойгоҳи махсусу муносиб ва мақоми воло дорад. Ба тариқи фишурда баршумурдани иқдомҳои накуву созанда ва хислатҳои наҷибу шоистаи ин ҷеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори миллат дар ойинаи ҷеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд.

 

Бояд зикр намуд, ки дар муддати кутоҳ хомӯш намудани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд, на кори ҳар кас буду на ҳар кас аз уҳдааш мебаромад. Танҳо ин шахси бузург тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатноки кишвар сарҷамъ намояд, ки ин кори саҳлу сода ва кори одӣ набуд.

 

Дар ин роҳи пурпечу тоб ва пурхатар  Президент маҳбубамон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши даҳшатнок раҳонид. Зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амалӣ намудани шиори “Ман ба Шумо сулҳ меорам” роҳро барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳамвор кард.

 

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ гардида, мақому манзалати хоссаро касб намуд. Барои миллати шарафманди тоҷик ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва пурифтихор гашт.

 

Бе шубҳа метавон гуфт, ки яке аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат барои халқи тоҷик ва барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Пешвои миллаттавонистанд, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намоянд ва чун кафили амнияти давлат амал намоянд.

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки рушду нумуи давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

 

Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ,ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистон аст.

 

Ба Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муйяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд, ки халқи тоҷик ин корнамоиҳои беназири Қаҳрамони хешро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд.

 

Бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СММ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналмилаӣ гардид. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми халқу миллати кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти маҳбуби мо дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст, ошноӣ пайдо карданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳоло дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватан ва фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохтанд ва ҳамчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ин ифтихори ҳар сокини шарафманди кишвар аст.

 

Гиромӣ доштани ин рӯз танҳо як ҷашн нест. Он агар аз  як тараф арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ намоди иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи идеяҳои созандаи сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани барномаҳост.

 

Таманно мекунем, ки Тоҷикистони биҳиштосоямон дар зери сисёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду пешрафтҳои аз ин ҳам бештар даст ёбад! 

 

Зафар ШАРИФЗОДА,

магистранти шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Вернуться назад