Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ СУБОТ ВА ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ СУБОТ ВА ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ18-11-2022, 07:55. Разместил: admin |
Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми пиру барнои кишвар умеди дигарбора бахшид. Ҳануз аз нахустин рӯзҳои фаъолият ба сифати Раиси Шурои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ назди мардуми тоҷик ваъдаи овардани сулҳро дода, чунин гуфтанд: “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда эҳсос карда наметавонам.” Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳду талошҳои пайвастаашон ба ваъдаи додаи хеш содиқ монданд ва мардуми тоҷик ҳамаги шоҳиди ин садоқати Пешвои миллат гардиданд. > **Миллати тоҷик хуб дар ёд доранд, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ иддае аз афроди тангназар таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, Тоҷикистонро ба гирдоби низоъҳои дохилии манфиатхоҳонаи хеш кашида, миёни мардум ҷудоӣ андохтанд, ки ҳамаи ин боиси дар Тоҷикистон сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.**
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ вазъият дар ҷумҳурӣ хеле нигаронкунанда буд. Дар натиҷаи задухурди миёни гуруҳҳои даргир бинои мактабу муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва марказҳои илмиву фарҳангӣ хисороти хеле зиёде диданд, ки ин ҳама ба фалаҷ гардидани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, идорӣ оварда расонид. Вале хиради азалӣ ва табиати сулҳҷуёнаи мардуми тоҷик нагузошт, ки ин ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш дар Тоҷикистон дер давом кунад. Тавре болотар низ ишора намудем ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба сифати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳастии худро ба барқарор намудани сулҳу ваҳдат равона намуда, дар яке аз нахустин суханрониҳои хеш чунин иброз доштанд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам.» > **Атрофи мизи музокирот ҷамъ овардани гуруҳҳои ба ҳам мухолиф ва ба ин васила даст ёфтан ба сулҳу субот кори осон набуд. Бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми тоҷику некхоҳони бурунмарзии миллат ба мардуми тоҷик муяссар гардид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ба сулҳу ваҳдати сар то сарӣ бирасанд.**
27-уми июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик бо ҳуруфи заррин сабт гардидааст. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи нави оғози гардиши кулли дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи точик гардид. > **Бо баробари ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ авзои сиёсӣ дар кишвар беҳтар гардида, умеди даҳҳо ҳазор хамватанон, занону кӯдакон, пиру барноеро, ки иҷборан тарки хоки Ватан намуда буданд, ба фардои дурахшони Тоҷикистон афзуд ва боиси ба Ватан баргаштани онҳо гардид.**
Сулҳ, ваҳдат ва амнияти миллӣ аз муҳимтарин арзишҳоеанд, ки ба пешрафт ва шукуфоии ҳар як давлату миллат сабаб мегарданд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас расем ва дар ҳар ҳолат онро ҳифз намуда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу худогоҳӣ тарбия намоем. Асоси пойдориву устувории ҳар як ҷомеаро ваҳдат ва ҳамдилии аъзоёнаш ташкил медиҳад, зеро беҳуда нагуфтаанд:
***Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд бурун,***
***Аз парешонии ҷамъият нигаҳ дорад Худо.***
***Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад,***
***Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо.***
Маҳалгароӣ аз шадидтарин иллатҳое маҳсуб меёбад, ки дар муттаҳидиву сарҷамъӣ ва ҳамбастагии миллат иллат ворид менамояд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз кадом минтақа ва ё маҳал будани худро фаромӯш намуда, худро фарзанди содиқи Тоқикистон ва сарсупурдаи миллат донем ва барои дар арсаи байналмиллаллӣ шуҳратёру муваффақ гардидани Тоҷикистону миллати тоҷик талошҳо варзида бошем. > **Соли ҷорӣ 25-умин солгарди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 31-умин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил намудем. Шояд 31 сол дар таърих муҳлати чандон тулоние набошад, аммо дар ин муддат Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла, дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дастгири ёфтани пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дар масъалаҳои об, мубориза бо терроризм ва экстримизм чанд далели ин гуфтаҳоянд.**
Гиромидошти таърих, фарҳанг, забон ва арҷ гузоштан ба дастовардҳои ниёкон ва ба наслҳои баъди мерос гузоштани он аз дарки баланди масъулиятшиносии ҳар фарди ҷомеа дарак дода, дар тақвият ва устувории ҳувияти миллии ӯ нақши назаррас мебозад. Фарҳанг шиноснома ва муаррифгари ҳар халқу миллат буда, омили асосии муттаҳидӣ ва рушди худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. * **Ба мо маълум аст, ки миллати тоҷик дорои таърих тамаддун ва фарҳанги пурғановат буда, дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузоштаанд. Ҳимоя, эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ вазифаи имониву виҷдонии ҳар фарди ватанхоҳ ва худогоҳу равшанфикр буда, дар ин самт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли мардуми тоҷик намунаи хеле барҷаста ба ҳисоб мераванд.**
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати раҳбари сулҳофару фарҳангпарвар истиқлоли фарҳангиро бо истиқлоли сиёсӣ баробарарзиш ҳисобида ба ин мазмун таъкид менамоянд: “Мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон менамоем, ки истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст”*.* Бад ин мазмун Пешвои миллат чун ҳомӣ ва пуштибони фарҳанг тавонистанд, миллати тоҷикро чун соҳибу молики фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд. * **Дар тули 31 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари дурандешу равшвнназар ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Маҳс бо ташаббуси Пешвои миллат аксари арзишҳои фарҳангии ба гӯшаи фаромӯширафтаи миллати тоҷик дигарбора эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардиданд. Таҷлили бошукуҳи 1100 солагии давлати Сомониён, ки ба санаи 9 сентябри соли 1999 рост меомад, бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик миллати куҳан буда, дар гузашта аз ин низ соҳиби давлат, фарҳанг ва тамаддуни хеш буд.** * **Эмомалӣ Раҳмон ба сифати яке аз фарзонатарин фарзандони миллат, ба хотири арҷ гузоштан ба қаҳрамониву корнамоиҳои фарзандони баруманди миллат китоберо зери унвони “Чеҳраҳои мондагор” таҳия ва таълиф намуда, дар он намоёнтарин чеҳраҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсиро ҷой додааст. Қобили қайд аст, ки ин асари Пешвои миллат аввалину охирин асаре нест, ки дар он таърих, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик дарҷ ёфта бошад. Дар баробари “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои миллат асарҳои дигарро аз қабили “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз ориён то Сомониён”, “Забони миллат-ҳастии миллат”... таълиф намуда, дар бештари ин асарҳо оид ба таърих, фарҳанг ва тамуддуни пурғановат ва арзишманди миллати тоҷик маълумот додаанд.**
Дар баробари таҷлили иду ҷашнҳои миллӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада таҷлили солгарди абармардони миллат аз иқдомҳои дигари Пешвои миллат ба ҳисоб рафта, он метавонад дар бедории ҳувият ва ҳисси баланди миллии мардуми тоҷик, бахусус, насли ҷавон нақши назаррас дошта бошад. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили солгарди олимон, шоирон ва муҳимтарин чеҳраҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат дар мувофиқа бо созмони байналмиллалии ЮНЕСКО роҳандозӣ гардидаанд, ки 1150 солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдулоҳи Рӯдакӣ, 1310 солагии асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам, 1000 солагии Носири Хусрав, 700 солагии ориф ва шоири бузурги форсу тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 675 солагии Камоли Хуҷандӣ, 600 солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 150-солагии Нақибхон Туғрал, 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, 100-солагии Мирзо Турсунзода, 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ, 100-солагии Ғаффор Валаматзода аз зумраи онҳо мебошанд. > **Гузашта аз ин дар заминаи кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат таҷлили солгарди чеҳраҳои мондагори миллат на танҳо дар миқёси ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ ба назар мерасанд. Аз ҷумла бо талошҳои ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 дар асоси қарори Созмони Миллали Мутаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) 800 солагии Ҷалолуддини Балхӣ дар кишварҳои мухталифи олам таҷлил гардид.**
Барпо намудани чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, симпозиуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ бахшида ба таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншоотҳои хурду бузурги замонавӣ, эҳёи суннату анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тавассути баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, тарғиб намудани фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои бурунмарзӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доштанд ва доранд. * **Ба тасвиб расидани «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» ба ҳифз ва тармиму барқарорсозии дастовардҳои таърихиву фарҳангӣ боис гардида, заминаи хубе гардид барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ.**
Аз тарафи дигар таҷлили 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кулоби Бостон, 3000- солагии Ҳисори Шодмон, 5500 солагии Саразм дар сатҳи байналмилалӣ бо ширкати ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ дар густариши таърих ва фарҳанги миллӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён нақши хеле бориз бозид. > **Пешвои миллат ба хотири ҳифзи фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мардум, бо мақсади густариш бахшидани ҳунарҳои мардумӣ соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон дошта, муаррифии ҳунарҳои мардумиро яке аз василаҳои муҳими ҷалби сайёҳони хориҷӣ меҳисобанд. Эълон гардидани “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ, ки бархе аз онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, боис гардид. Дар ин давра ҳунарҳои мардумӣ аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, косаву қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, достонсароӣ, қиссахонӣ, фалаксароӣ ва дигар намуди суннат ва анъанаҳои миллӣ дар шаклу услуб ва тарҳи нави миллӣ эҳё гаштаву дар паи рушд қарор доранд. Аз ҷумла таҷлили рӯзҳои фалак ва шашмақом тасдиқи бевоситаи гуфтаҳои боло буда, аз арҷгузории Пешвои миллат ба фарҳанг ва ҳунари миллӣ дарак медиҳад.**
Бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг ба як омили таҳкимбахши ваҳдату ҳамдигарфаҳмии ҳамватанон табдил ёфта, дар заминаи таъкиду дастурҳо пайвастаи ин абармард сол то сол дар ҷумҳурӣ шумораи чорабиниҳои фарҳангиву маънавӣ зиёд гашта истодаанд. Аз ҷумла, баргузории фестивали байналмилалии этнографии «Садои дилҳо» бахшида ба «Соли тамаддуни ориёӣ», фестивали ҷумҳуриявии кӯдакони болаёқат «Сапеда», фестивал – озмуни эҷодиёти бадеии халқ – «Андалеб», «Чакомаи Гесу», фестивали ансамблҳои тарона ва рақс – «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён», фестивал – озмуни «Оши палов», фестивали «Ҷилваи чакан», фестивал – озмуни вилоятии бачагонаи «Донак» (вилояти Суғд), озмуни вилоятии «Ғунчаҳои санъат» (ВМКБ), фестивал – озмуни ансамблҳои оилавӣ (ВМКБ), фестивали «Таронаи чакан» (вилояти Хатлон) ва гузашта аз ин ташкили озмуни “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” аз ҷумлаи иқдомҳоеянд, ки дар тақвият ва рушди худшиносии миллӣ ва рушди олами маънавии наврасон таъсири муҳим мегузоранд. > **Гузашта аз ин бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримодии башарият ворид гардидани “Оши палав”, “Наврӯз”, “Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон” ва номинатсияи “Фалак” аз таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбари давлат ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён дарак медиҳад**
Хулоса дар ҳимоя ва эҳёи фарҳанги миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас буда, ҷомеаи моро зарур аст, ки дар пайравӣ аз Пешвои миллат арзишҳои фарҳангиву таърихиро пос доранд, онҳоро ҳифз намоянд ва ба наслҳои оянда мерос гузоранд.
**Диловар Маҷидов, дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода** Вернуться назад |