Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТАЪРИХИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН
Главная > Маълумот > ТАЪРИХИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

ТАЪРИХИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН


23-11-2022, 21:24. Разместил: admin

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирфш дар ҷомеаи ориёиҳо дар “Авесто” омадааст. Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар “Авесто” монанд ба “Дирафши Ковиёнӣ” будаанд, ки басе дертар падид омадааст. Дирафши ковиёнӣ – куҳантарин намоди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи “Дирафши Ковиёнӣ” будааст, ки онро “Ахтари Ковиёнӣ” низ хондаанд.

 

Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале ҳанўз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ ба даст наомадааст. Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухоро равшан нест. Парчами аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарин иборат буд ва дар канори чапи он рӯи хати сабз “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст” ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст” чор ҳарф “Б.Н.С.Р.” дар рӯи он нақш гардид, ки мухаффафи “Бухарская Народная Советская Республика” аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ - “Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!” ҷой гирифт. Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.

 

Дар таърихи 24 ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

 

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари таърих ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби ваклони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд. Рӯзи дигар , яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Точикистон- Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуд.

 

Бояд қайд намуд, ки баъди ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри “Арбоб” дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардида буд, барафрохта шуд.

 

24 ноябри соли 2009 бори аввал дар Тоҷикистон “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда таҷлили Рӯзи Парчами Тоҷикистон гузронида шуд. Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – яке аз идҳои расмии Тоҷикистон мебошад , ки ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад ва рӯзи корӣ ба шумор меравад.

 

Парчами миллӣ ифодагари ору номус, шаъну шараф ва эътибори милливу давлатии тоҷикон буда, муҳаббат ва ифтихори доштани он дар рагу пайванд ва қалби ҳар ватандор маъво гирифтааст.

 

Ҳар як кишвари дунё сайъу талош меварзад, ки парчамаш доимо номбардори миллаташон гардад. Оре, миллати тоҷик низ доиман дар чунин талошҳо ҳасту ҳамеша парчамашро баланд мебардорад. Имрӯз ҷавонон низ дар кишварҳои пешрафтаи дунё, дар озмунҳо ширкат варзида парчамбардори Тоҷикистон гардидаистодаанд.

 

Хушнуд ЗАРИПОВ


Вернуться назад