Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > НИМИ НОН РОҲАТИ ҶОН.
НИМИ НОН РОҲАТИ ҶОН.29-11-2022, 19:05. Разместил: admin |
Фасод (ришвахӯрӣ)яке аз масъалаҳои душвору ҳалталаб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳамагон хуб медонанд, ки коррупсия ҳамчун омили зишт рушди умумидавлатӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад ва бовариро аз давлат дур месозад, умедро ба оянда аз наврасону ҷавонон пароканда мегардонад. Агар таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дарк месозем, ки амалҳои коррупсионӣ тафаккури моро табоҳ сохтааст. Ин бузургтарин хатарест, ки мо бо он рӯ ба рӯ ҳастем. Тафаккур сармояи пурарзиштарини башар аст, агар он осеб бинад, соҳибаш ҳақиқат ва шарофату каромати хешро аз даст медиҳад. Яъне, фасод дар ниҳоят метавонад худшиносиро аз мо бигирад, зиндагиро ба шоми сияҳ мубаддал созад.
Имрӯз фасод ва фасодкорӣ воқеан барои миллати мо масъалаи ҷиддӣ аст. Он озодиҳои инсонро маҳдуд месозад, монеи роҳи рушди умумимиллӣ мегардад. Дар зиндагӣ ҳар амале аксуламал дорад. Нек кардӣ, некӣ мебинӣ, бад кардӣ ҳатман посухи бадиятро мегирӣ. Коррупсия низ аксуламал дорад. Чун бузургон гуфтаанд, ки «Ними нон роҳати ҷон». Бинобар ҳамин кулли шаҳрвандони моро зарур аст, аз меҳнати ҳалоли худ рӯз гузаронанд(ем), фарзанднро бо нони ҳалол ба воя расонанд (ем), дар тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд (ем), то ки онҳо дар оянда ба корҳои зишту амалҳои номатлуб аз қабили гирифтани пора даст назананд. Баҳри решакан намудани коррупсия бояд аз ҳама имкониятҳо истифода кард ва барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб тамоми саъю кӯшишро дар ҳама сатҳ ба кор бояд бурд.
Баҳодурова Ҷавоҳирхон Вернуться назад |