Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ЧАНД НУКТА ДАР ҲОШИЯИ ҚАБУЛИ ТАШАББУСИ ПАНҶУМИ ТОҶИКИСТОН
ЧАНД НУКТА ДАР ҲОШИЯИ ҚАБУЛИ ТАШАББУСИ ПАНҶУМИ ТОҶИКИСТОН19-12-2022, 13:46. Разместил: admin |
Андешамандона таҳлил намудани фаъолияти Пешвои муаззами миллат ба мо як нуктаи муҳим ва бузургро нишон медиҳад, ки Роҳбари давлат дар давоми фаъолияти сиёсии худ аз як тараф ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар, барқарории сулҳу субот, ҳифзи амният ва рушди Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, аз тарафи дигар ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва саҳм гузоштан дар таъмини зиндагии арзандаи тамоми башарият талош доранд. Ин ҳолатро мо дар амалӣ гардидани ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мушоҳида карда метавонем.
Тавре тамоми сокинони кишвар огоҳанд 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар шароити имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатари тағйирёбии босуръати иқлим ва мушкилоти вобаста ба об ба ташвиш овардааст, татбиқ гардидани қабули ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ва дар ҳошияи он баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд хеле муҳим аст. Тибқи маълумотҳои Созмони миллали муттаҳид дар соли 2021 тақрибан 2 миллиард сокини ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Бояд таъкид намуд, ки аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур иқдомҳои муҳим роҳандозӣ гардидааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ба шумор меравад. Ин воқеияти бебаҳс аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷоҳон эътироф шудааст. Масалан, Тоҷикистон дар муддати ду даҳсолаи охир чор ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул гардида мавриди амал қарор гирифтанд. Айни ҳол ташаббуси чоруми кишвари мо Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ гардида истодааст, ки далели гуфтаҳои болост. Ва махсус бояд зикр кард, ки ба тасвиб расидани ташббуси панҷуми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳони таҳти унвони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дастоварди бузрг барои кишвари мо ба шумор меравад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Албатта боиси ифтихор аст, ки, дар асоси қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба қабули ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар паёми шодбошии худ ба мардуми Тоҷикистон махсус таъкид намуданд, ки “Тавре ки ба ҳама маълум аст, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд. Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт.
Ҳамин тавр, ташббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим барои ҳалли муаммоҳои оби ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Дар баробари ин барои таъмини рушди устувор, ки яке аз ҳадафҳои асосии СММ аст, шароит фароҳам меорад.
Сайф Девонсолор, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ Вернуться назад |