Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ПАЁМИ ФАРОГИР ВА ДУРНАМОИ РУШДИ КИШВАР БО ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ
ПАЁМИ ФАРОГИР ВА ДУРНАМОИ РУШДИ КИШВАР БО ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ14-01-2023, 07:55. Разместил: admin |
Мунтазам амалӣ гардидани саноатикунонии босуръати кишвар, ки бо ин мақсад солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардида буд, рушди минбаъдаи соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, мушаххас намудани сиёсати хориҷии кишвар, махсусан баҳои воқеӣ ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон аз нуктаҳои асосии Паёми пешвои муаззами миллат буданд, ки онҳоро ҳамчун барнома ва дастури роҳнамо бояд ба роҳбарӣ гирифт ва барои иҷрои саривақтии онҳо тамоми хизматчиёни давлатӣ ва масъулини вазорату идораҳо ва кормандони тамоми сатҳҳои идорӣ муваззаф мебошем.
Дар Паёми Пешвои муаззами миллат қайд гардид, ки «Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».
Ва дар ин навиштаи худ мехостам муфассалтар доир ба мазмун, моҳият ва натиҷаи ниҳоии ин ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат, ки баҳри наҷоти аҳли башар равона гаштааст, ибрози назар намоям.
Илм собит намудааст, ки дар манзумаи офтобӣ аввалин нишонаҳои ҳаёт пас аз таркиши нахустин дар Коинот 13,7 миллиард сол қабл ба вуҷуд омада буд, ки ин рақамро донишмандон «умри Коинот» таъбир кардаанд. Аз ҷумла, яке аз унсурҳои асосии ҳаёт – об дар сайёраи Замин тақрибан 4-4,5 миллиард сол пеш аз ин дар натиҷаи бархӯрди Замин бо сайёраи дигар пайдо шудааст, ки феълан 71 дарсади онро об ташкил медиҳад. Агар мо маҷмӯи обҳои Заминро ба ҳиссаҳо ҷудо кунем, онҳо дар чор бахш маҳфузанд: 1) уқёнусҳо, 2) пиряхҳо, 3) обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ. Тибқи ҳисоби муҳаққиқон обҳои шӯри уқёнусӣ — 96,4% обҳои гидросфера, пиряхҳо – 1,86%, обҳои зеризаминӣ — 1,68% ва обҳои рӯизаминӣ ва обанборҳо – 0,02% — ро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бо ин, обҳо дар гидросфера, асосан дар шакли моеъ -– 98%, сахтӣ (пирях ва барф) -– тақрибан 2% ва дар шакли буғӣ — 0,001% мавҷуданд. Вале, бо вуҷуди ҳамаи ин, дар сайёраи мо танҳо 2,5-3%-ро оби тоза, яъне обе, ки намаки он аз – 0,5 зиёд нест, ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки пиряхҳо 90 дарсади оби тозаи сайёраи моро таъмин мекунанд ва бахши боқимондаи он дар дарёҳо, кӯлҳо, чашмаҳо ва абрҳо маҳфузанд.
Феълан зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашад ва тибқи пешгӯиҳои олимон ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳамарӯза бино ба нарасидани оби тоза дар курраи Замин аз 800 то 1000 нафар кӯдаки синни то 5 сола мефавтад. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряҳҳо тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, махсусан дар кишоварзӣ (то 78% оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст.
Мақсад аз зикри ин нуктаҳои муҳим, равшан шудани моҳияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, оби тоза, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, дипломатияи об, истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба андешаи ман, ҳалли яке мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Ба ин далел, ки ҷаҳони муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони вобаста ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳост. Гарчанде танҳо Инсонҳои комил ва сиёсатмадорони барҷаста онро дарк ва роҳи ҳалли онро меҷӯянду меёбанд, Пешвои миллати мо маҳз дар ин ҷода ягонаанд.
Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Қабули чунин як Қатъномаи муфид боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мо олимони тоҷик ва инчунин аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад.
Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти мамлакат аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо; Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе. Дар қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густардаи креосфера гардида, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани сифат ва миқдори маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.
Афзун ба ин, бо ҳамоҳангии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи муқаррароти қатъномаи мазкур Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки ҳадафи усулии он таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили омӯзиши пиряхҳо мебошад. Бидуни шубҳа, қабули ин гуна қатънома барои ба вуҷуд омадани палатформае замина мегузорад, ки олимон, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонанд масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро коркард ва онҳоро татбиқ намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҳалли масъалаҳои дохилию сатҳи минтақавӣ, инчунин баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус масоили вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ҳанӯз аз оғози солҳои 2000 таваҷҷуҳи махсус намуда, пайваста иқдому ташаббусҳо пешниҳод менамояд.
Албатта, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат оид ба мушкилоти об бо роҳи осон не, балки дар асоси далелу мушоҳидаҳои амиқ ва илман асоснокшуда хулосабарорӣ гардида, баҳри рафъи мушкилоти инсоният нигаронида шудаанд. Маҳз дар асоси ин иқдомот бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи мушкилоти об танҳо давоми 20 соли охир панҷ Қатънома қабул намуд, ки нишонаи баланди эътирофу эҳтиром ва далели раднопазиру мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад. Илова бар ин, бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, ки дар идора, истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад, инчунин дигар масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид намудаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳими чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, дар таърихи рушди инсоният саҳифаи наверо зам хоҳад намуд.
Мусаллам аст, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва ҳолати зудобшавии пиряхҳо мебошад. Бояд зикр кард, ки масъалаи мазкур ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои бонуфузи дунё иқдомҳои наҷибро ироа доштанд ва ин ташаббусҳо аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба мушкилоти об дар қатори дигар таҳдиду хатарҳо, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта аст.
Чунончӣ, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 — Соли оби тоза эълон карда шуд. Дар асоси ин ташаббус дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе соли 2003 Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Дар ин замина дар саросари олам тадбирҳои судманди зиёде амалӣ карда шуданд. Соли 2023 аз ташаббуси якуми ҷониби Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад, вале масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии сайёра рӯз ба рӯз муҳим арзёбӣ мегардад.
Сипас, 23 декабри соли 2003 бо ташаббуси дигари Пешвои миллат Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 — ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард. Дар раванди татбиқи даҳсолаи мазкур, ҷониби Тоҷикистон мизбони якчанд ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ гашт.
Масъалаи тақсимоти захираҳои обӣ байни давлатҳои олам дар баъзе ҳолатҳо ба сар задани муноқишаҳо таҳдид менамуд. Вобаста ба он, ки дар миқёси ҷаҳон беш аз 240 дарёи байнидавлатӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо зиёда аз 170 мамлакати мухталифи дунё истифода менамояд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро дарк намуда, 21 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия) дар чорабинии муштараки ЮНЕСКО ва механизми «СММ — об» оид ба масоили истифодаи оқилона ва самараноки об суханронии пурмуҳтаво намуда, оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли дипломатияи обро пешниҳод намуданд. Маҳз ҳамин ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, Маҷмаи Умумии СММ 20 декабри 2010 соли 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати хешро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти мамлакат, балки проблемаҳои минтақавию ҷаҳонӣ сафарбар намуда, ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Таҳлили натиҷаҳои амалишавии ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон собит намуданд, ки оид ба ҳалли мушкилоти об барои ҳарчи дастаҷамъона сафарбар намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомоти дигаре зарур аст.
Пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмаи Умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои ин созмон таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул гардид, нишонаи бебаҳси ин гуфтаҳост. Дар асоси ташаббуси мазкур, Пешвои муаззами миллат бештар роҳбарони сиёсии кишварҳои оламро ҷиҳати дастаҷамъона амал намудан ва баҳри ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим таъкид намуданд.
Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси мушоҳидаю омӯзишҳои ҳамаҷонибаи масоили марбут ба иқлим ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ:
1) Таъмин кардани мамолики Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи об кӯли Сарез.
2) Бунёди байналмилалии ҳифзи паряхҳоро пешниҳод намуданд, ки ташаббусҳои мазкур ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд. Масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати мо буда, 31 август — 4 сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (ш. Женева) ва 7-8 декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (ш. Копенгаген) пешниҳод гардидааст. Зеро, Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта бо суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари Тоҷикистон аст. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи об дар рӯи замин 64 метр баланд мешавад, ки ин ба фано гаштани ҳаёт дар як қисмати аъзами сайёраи мо оварда мерасонад.
Ба ин мушкилот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар интиҳои солҳои 90-ум диққати махсус дода, паҳлӯҳои мухталифи онро дар мақолаи хеш — «Тоҷикистон дар остонаи асри XXI» (рӯзномаи «Независимая газета»-и ФР, аз 07.12.2000), мавриди тадқиқи ҳамаҷониба қарор додаанд. Дар мақолаи мазкур Президенти ҷумҳурӣ сатҳи экологии Осиёи Марказиро дар мисоли Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, навиштаанд, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати сатҳи сайёра дар давоми 50 соли охир 1/3 ҳиссаи захираи оби яке аз пиряхҳои калонтарини Осиёи Миёна — Федченко кам шудааст. Илова бар ин, Пешвои миллат дар мақолаи таҳлилии худ таъкид намудаанд, ки табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо алҳол давраи гармшавиро аз cap мегузаронем ва агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ хоҳад монд.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид ташаббуси навбатӣ, ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид.
Бояд зикр намуд, ки ташаббуси навбатӣ аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдомҳо ҳамчун ташаббуси НОДИР арзёбӣ мегардад. Чунки дар қатори эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳамасола дар саросали олам санаи «21 март – Рӯзи байнамилалии ҳифзи пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад. Барои маблағгузории ҳифзи пиряхҳо дар сохтори Созмони Милали Мутаҳҳид Фонди махсус таъсис дода шуд. Ҳамзамон барои натиҷагирии ташаббуси мазкур соли 2025 дар пойтахти мамлакати азизамон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад гардид.
Ҳамин тавр, аз ин навиштаҷоти илман мустанади Сарвари давлат бармеояд, ки масоили асосии экологии ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба захираҳои обии мамлакат хеле хатари бузург дошта, на танҳо ба захираҳои гидрографӣ, балки ба тамоми сарватҳои табиӣ таъсири манфии худро мерасонанд. Аз ин рӯ, баҳри бартараф сохтани масъалаҳои ҳалталаби умумибашарӣ тадбирҳои аввалиндараҷаро андешидан зарур аст, ки яке аз онҳо кам кардани партовҳои саноатӣ (газҳои гармхонаӣ, аэрозолҳо), таъсироти инсонсириштӣ ва истеҳсоли «энергияи сабз» (неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза) мебошад. Дар ин радиф, бояд тазаккур дод, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи миқдори истеҳсоли «энергияи сабз» ба қатори шаш мамолики пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз тавлиди ин гуна энергия дар меҳани мо 98 дарсадро ташкил медиҳад. Ин саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дар айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвар ва роҳбари ташаббускор, пешсафу фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидаанд, ки ин боиси ифтихори ҳар тоҷикистонӣ аст.
Имрӯз дар олам маконе ё минтақае нест, ки дар масъалаи нигоҳдорӣ ва истифодаи манобеи об мушкиле надошта бошад ва ба нақши ин неъмати бебаҳои табиат дар рушди устувор аҳамияти махсус надиҳад. Тамоми самтҳо ва соҳаҳои фаъолияти инсонӣ бо манобеи об робитаи ногусастанӣ доранд, зеро обу ҳаёт гуфтаанд. Аз ин зовия, метавон гуфт, ки манобеи об на танҳо неъмати беҳамтои табиат, балки меҳвари асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад ва ин амр, бешубҳа, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро ба истифода ва ҳифзи ин манобеъ ба хотири наслҳои оянда тақозо дорад. Яъне, об на танҳо ҳамчун категорияи иҷтимоӣ, балки фишанги муҳими рушди устувор арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон аз рӯи манобеи об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Дар қаламрави кишвар 64 км3 манобеи оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Мутобиқи ҳисобҳои пешакӣ то соли 2030 тамоюли раванди зиёд шудани истифода об дар Осиёи Марказӣ то 15-20 дарсадро ташкил медиҳад. Илова ба ин, агар боз коҳиши миқдори ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб бигирем, вазъи ба вуҷудомада хатарбор арзёбӣ мегардад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамагӣ 20 дарсади миқдори оби дар ҳудуди кишвар ташаккулёфта ё ин, ки 10 дарсади ҷараёни бисёрсолаи дарёҳои ҳавзаи баҳри Аралро истифода мебарад ва аз ин миқдор қариб 40% оби аз сарчашмаҳо гирифташуда, боз бо ҳавзаҳо бармегардад. Аз ин лиҳоз, аз сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво то солҳои 2030-2050 бо андозаи 1–20С, талаботи растаниҳоро ба об то 10-15% зиёд мегардонад.
Истифодаи оқилона ва самараноки об яке аз мушкилоти муҳими на фақат соҳаи кишоварзӣ, балки тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 92% оби дар хоҷагии халқ истифодашаванда ба соҳаи кишоварзӣ мансуб буда, 90 фисади даромади асосии соҳаи растанипарвариро ташкил медиҳад.
Дар айни ҳол қариб 98%-и тамоми заминҳои обёришаванда бо тарзи худҷараёни рӯизаминӣ обёрӣ карда мешавад. Вале, чунин ба мушоҳида мерасад, ки ин тарзи обёрӣ аз бисёр ҷиҳат муфид нест, зеро ба ҳосилнокии зироатҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ин замина ҷорӣ намудани техника ва технологияи ҳозиразамон барои истифодаи самараноку сарфакорона ва идораи муассири манобеи обӣ, бахусус тавассути технологияҳои муосири сарфаи об, навсозии шабакаҳои обрасониву мелиоративӣ ва татбиқи усулҳои нави обёрӣ ниҳоят муҳим ва ба мақсад мувофиқ мебошад.
Проблемаҳои мавҷудаи марбут ба об олимони соҳаро вазифадор менамояд, ки дар асоси консепсияҳои ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои илмию техникии соҳавӣ ҳалли онҳоро илман асоснок пешниҳод намоянд.
Бояд зикр кард, ки дар асоси иқдомоти Пешвои муаззами миллат танҳо дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, инчунин Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис дода шуд, ки таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самти идораю истифода ва ҳифзи манобеи обӣ, инчунин ҳолати обшавии пиряхҳо гузаронида мешаванд.
Дар ҳақиқат, манобеи обӣ, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон як мавзеи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо доранд.
Феълан барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ якчанд асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар ҷараёни татбиқ қарор доранд:
Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (соли 2020); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов (соли 2019)» Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030; Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030; «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025»; Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030; Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008-2020. Танҳо дар соли 2020 дар доираи беш аз 28 лоиҳаи сармоягузорӣ корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти хоҷагии об ба маблағи қариб 351 млн доллари ИМА амалӣ гардидааст.
Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, кишвар ва роҳбари ташаббускоре эътироф гардидаанд, ки тамоми масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо танҳо бо иштироки ҷониби Тоҷикистон қабул хоҳанд гардид.
Даҳсолаи охир дар 150 соли охир гармтарин дар мизони ҷаҳонӣ буд ва ҳарорати рӯи сайёраи мо қариб 1°С афзуд. Тибқи арзёбии Панели бонуфузи байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC), агар чунин раванд идома ёбад, ҳолати ояндаи ҷаҳон метавонад боз ҳам бадтар шавад.
Таъсири манфии тағйирёбии иқлим то кунун ба бисёр минтақаҳои сайёраи мо, аз қабили Арктика, Антарктика ва Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза эҳсос мешавад. Тибқи андозагирии моҳвораӣ, қабати ях дар уқёнуси Арктика пайваста коҳиш меёбад ва дар солҳои 2019-2021 ба ҳадди ақали рекордии худ расидааст.
Чунин тамоюл дар дигар митақаҳои ба Тоҷикистон наздиктар дар Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Дар шимоли баҳри Хазар дар даҳсолаи охир кам шудани яхбандии зимистона мушоҳида мешавад.
Пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи ҷаҳон хеле кам шуда, босуръат об мешаванд. Дар натиҷа, нигарониҳо зиёд мешаванд, ки тағирёбии иқлим метавонад норасоии обро афзоиш диҳад ва ба экосистемаҳо, истеҳсоли ғизо ва саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Конфронси байналмилалии об дар Душанбе дар моҳи июни соли 2022 робитаи байни зуд-зуд ва харобиовари офатҳои табиӣ ва тамоюлҳои тағирёбии иқлимро таъкид кард. Воқеан, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар бисёр гӯшаҳои дигари дунё обхезӣ, сел, хушксолӣ, хуруҷи ҳашароти зараррасон, сӯхтор ва ғ. ба тағйирёбии иқлим иртиботи ногусастанӣ дорад.
Мувофиқи моделҳои ҳозира то солҳои 2030-2050 пиряхҳои майда, ки то 1 км2 масоҳат доранд, тамоман аз байн рафтанашон эҳтимол дорад. Сатҳи ин гуна пиряхҳо ҳамин ҳоло пур аз кафидагиҳо ва кӯлҳост ва ин ҳолат далели костагию деградатсияи онҳо ба шумор меравад.
Пажӯҳишҳои экспедитсионии саҳроӣ, маҳвораӣ, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази омӯзиши пиряҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишон доданд, ки суръати зуд коҳиш ёфтани пиряҳои Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ ба мушоҳида мерасанд. Тамоюли суръати коҳишёбии пиряхҳо дар болооби Зарафшон ва Кофарниҳон нисбат ба дигар минтақаҳо зиёдтар аст, чунки суръати обшавии миқёси пиряхҳои аз як километри квадратӣ хурд нисбатан зиёд буда, сатҳи ҷойгиршавии онҳо дар муқоиса бо пиряхҳои Помири Шарқӣ поёнтар аст.
Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар муддати моҳҳои июн-августи соли 2022 ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қароқӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳими пажӯҳишӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияҳои муштарак ташкил намуданд, ки дар он мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои Швейтсария низ ширкат варзиданд.
Мувофиқи маълумоти метеостансияи назди пиряхи №139-и ҳавзаи Қароқӯл, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо насб шуда буд, ҳарорати ҳавои максималии минтақа соли 2020 -14°С, соли 2021 — 16°С ва соли 2022 — 18°С-ро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки соли 2022 ҳарорати ҳаво дар ин минтақа нисбат ба соли пешин 2°С зиёд шуда, сабаби аз ҳад зиёд об шудани барфи болои пирях гаштааст.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ барномаҳои тадқиқоти илмӣ, тадбирҳои сиёсӣ ва техникӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим таҳия шудаанд ва амал мекунанд. Дар ин бахш чор пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба об назаррас мебошанд. Бо вуҷуди ин, саҳмгузории бештар талаб карда мешавад. Зарур аст, ки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба муҳофизати пиряхҳо ва сайёра саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 2009 дар Копенгаген дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Америка ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида карда буданд, ки об шудани босуръати пиряхҳо дар канори истеъмоли аз меъёр зиёди об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз он ҷумла, таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва қабати барф дар сатҳи ҷаҳонӣ, хусусан дар манотиқи кӯҳсор мебошад.
Аз ин лиҳоз, ташаббуси навбатии Президенти мамлакат дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра аст.
Фарҳод РАҲИМӢ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Вернуться назад |