Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ВАТАНДОРӢ. ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА АСТ
Главная > Маълумот > ВАТАНДОРӢ. ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА АСТ

ВАТАНДОРӢ. ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА АСТ


15-01-2023, 16:50. Разместил: admin

Воқеан, истиқлоли комил ва рушди устувори ҳар як давлат, пеш аз ҳама, ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа иртибот дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити басо мушкил Истиқлоли давлатии худро ба даст оварда, дар ибтидо ба мушкилоти вазнини сиёсӣ дучор гардид. Фишорҳои дохилӣ ва хориҷии гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ расонд. Маҳз дар чунин шароит сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони имрӯза шакл гирифт. Ҳукумати навтаъсис зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  як муддати кӯтоҳ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро фурӯ нишонда, ташкили механизми сиёсӣ, таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятию шахсӣ, ҳамзамон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин намуд. 

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, маърифатнокии ҷомеа, сатҳу сифати мактабу маориф ва фарҳанг, инчунин, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон як қатор қонунҳои миллиро роҳандозӣ намуд. Дар ин замина, тамоми сохторҳои давлатӣ аз рӯи самти фаъолияти худ барои пешгирӣ намудани ҷомеа аз таъсири идеологияи бегона саъю талош менамоянд.    Мутаассифона, дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ бо вуҷуди заҳмати шабонарӯзии тамоми сохторҳои Ҳукумати кишвар нозукиҳое вуҷуд доранд, ки пешгирии онҳо душвор аст. Ин нозукиҳоро бештар метавонем дар таъсиррасонии баланди иттилоотӣ мушоҳида намоем. 

     Асри ХХI, ки асри информатика ва технологияҳои иттилоотӣ ном гирифтааст, фаъолияти ин ё он соҳаро бе иттилоот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҷойи таассуф аст, ки бархе аз наврасону ҷавонони кишвар иттилоотро бемаврид ва бемақсад истифода намуда, вақти пурқимати худро ба тамошои наворҳои ғайриахлоқӣ, хабарҳои бадномкунандаву носаҳеҳ, роликҳои дорои бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонидошта, сарф мекунанд. Ин боис мешавад, ки ҷавонон дар вартаи ваҳшоният, хурофот, бегонапарастӣ ва гумроҳӣ дармемонанд.  

    Таҷриба собит намудааст, ки давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатхоҳ ба хотири сарнагун сохтани сохти конститутсионии кишварҳои рӯ ба инкишоф ва қафомонда аз фазои холии иттилоотӣ истифода намуда, кӯшиш менамоянд, ки ба воситаи таблиғи идеология, бахусус тавассути андешаҳои хусусияти динӣ, мазҳабӣ ва фарҳангидошта қишри ҷавонони ноогоҳро ба худ ҷалб намуда, гумроҳ созанд. Сипас, мақсаду ҳадафҳои худро тавассути шаҳрвандони гумроҳшуда дар дохили ҳамон мамлакат амалӣ месозад. Масалан, аз таҳлили саҳифаҳои интернетӣ ҳазорон мисол оварда метавонем, ки шахсони манфиатдор бо расмҳои таҳдидангез фазои иттилоотиро зери қабзаи муҳосира гирифта, ошкоро намояндаҳои адабиёт ва фарҳанги миллиро бадном месозанд. Чунин амалҳои ғайриқонунӣ ва зиддиҳуқуқии гурӯҳ ва ё шахсони алоҳида боис мегардад, ки ба манфиатҳои миллии дигар мамлакат зарари ҷиддӣ расонад. 

     Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавон буда, аз чунин таҳдидҳои иттилоотӣ орӣ буда наметавонад. Аз ин рӯ, амнияти фазои иттилоотӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Дар ин росто, ҳамаи моро мебояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишварамон вақт ва заҳмати худро дареғ надорем. Зеро ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа мебошанд. 

     Мо – кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  дар  чунин шароити ҳассос ҳамкории худро бо ҷомеа ба роҳ монда, ба сифати яке аз сохторҳои муҳими давлат дар сулҳу субот ва амнияту оромии ҷомеа талош меварзем. Бояд гуфт, ки ҳайати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тули 31 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамчун ҳомии боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳонҳову озмоишҳои сахту сангин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.

 

Ҳабиб ҶУМЪАЗОДА,

сардори ШВКД дар ноҳияи Балҷувон

 

(Бознашр аз рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз 20.12.2022, #244 (24 603)


Вернуться назад