Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ТАҲКИМИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСИИ ОЛАМ
ТАҲКИМИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСИИ ОЛАМ31-01-2023, 23:12. Разместил: admin |
Бояд қайд намуд, ки масъалаи таъмини амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза аҳамияти ҳам илмию назариявӣ ва ҳам сиёсию амалӣ пайдо намудааст. Дарёфти роҳу воситаҳои беҳтари таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ объекти муҳимми тадқиқи илмҳои сиёсӣ мансуб меёбанд. Дар таъмини бехатарӣ ҳар як фард ва давлат масъулияти хосса дошта, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ масъалаи масъулияти давлат ва шаҳрванд дар таъмини амнияти давлатӣ беҳуда дарҷ нагаштаанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин хотир, ғамхории давлат нисбати таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз меафзояд. Давлат бояд низоми муташаккил ва муттамарказе ба миён орад, ки шахс, ҷомеа ва давлатро аз нооромиҳо ва муқовиматҳо эмин дорад ва он аз ҳар гуна хавфу таҳдидҳо озод бошад, вагарна устувории иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ гирифтори буҳронҳо мегарданд.
Мувофиқи Қонун “Дар бораи амният” амнияти миллӣ ин ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ мебошад.
Таъмини амнияти миллиро бе давлат тасаввур кардан ғайриимкон аст, аммо асоси устувории давлатҳои соҳибихтиёрро дар шароити ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, ин ҳифзи амнияти миллӣ ташкил медиҳад. Дар ин замина, баланд намудани нақши давлат чун субъекти таъмини амнияти миллӣ, яке аз роҳҳои муҳимми таъмини амнияти миллӣ эълон мешавад.
Таъмини амнияти миллӣ ва амнияти ҷаҳонӣ аз ҳам ҷудо нестанд. Табиист, ки дар чунин шароит нақш ва нуфузи давлат чи дар дохили кишвар ва чи дар арсаи байналхалқӣ баланд мешавад. Бо мақсади таъмини амнияти миллӣ дар кишварҳои ҷудогона консепсияҳо ва қонунҳо дар амнияти миллӣ қабул мешаванд. Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи амният”, Қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонун “Дар бораи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонун “Дар бораи гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, консепсияҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки асосҳои ҳуқуқии амнияти шахс, ҷомеа ва давлатро муайян мекунанд.
Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои милливу минтақавӣ минбаъд низ сиёсати пешгирифтаро таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баҳри таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ бо мақсади аз байн бурдан ва кам кардани таъсири манфии зуҳуроти нангини аср тақвият мебахшад.
**Бобохоҷа БАРАКАТОВ,**
**мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонони Академия** Вернуться назад |