Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ХАТАРИ ТТЭ ҲНИ ВА ДИГАР СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МИНТАҚА БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД
Главная > Маълумот > ХАТАРИ ТТЭ ҲНИ ВА ДИГАР СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МИНТАҚА БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД

ХАТАРИ ТТЭ ҲНИ ВА ДИГАР СОЗМОНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МИНТАҚА БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД


11-02-2023, 12:57. Разместил: admin

Албатта чунин иқдомҳои роҳандозӣ намудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти давлат аз ҷумла амнияти иттилоотӣ хеле муҳим ба шумор меравад. 

Маврид ба зикр аст, ки давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ташкилоти террористиву экстремистӣ будани ТТЭ ҲНИ-ро медонанд ва дар самти пешгирии хатари он бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро ба роҳ мондаанд. 

Инчунин, дигар давлатҳо низ дар самти пешгирии хатари терроризму ифротгароӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҳамкориҳои судмандро роҳандозӣ намудаанд. 

Аз ҷумла Федератсияи Русия барои пешгирӣ ва бартарафсозии омилҳои номатлуб терроризму ифротгароӣ бо Тоҷикистон ҳамкории қавиро роҳандозӣ намудааст. 25-26 июл соли 2022 ҳайати Прокуратураи генералии Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Зимни мулоқоти дуҷониба миёни Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов робитаҳои зич ва муҳими ҳамкории мақомоти  прокуратураҳо махсус  таъкид карда шуданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои  мухталифи  ҳамкориро  дар самти пешгирии ҷиноятҳои  муташаккили  фаромиллӣ, таъмини амният  дар самти миллӣ,  минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, киберҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки ба ҷобаҷогузории    идеологияҳои  гуногуни динӣ — радикалӣ дар ҷомеа  алоқаманданд,  баррасӣ намуданд. Дар ин зимн мавзӯъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид карда шуд. Ҳамзамон бо ин, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ин раванд масъалаи шинохти ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ аз ҷониби Прокурори генералии Русия садо дод. Зикр шуд, ки мақомоти прокуратураи Русия ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ медонад.

Пас аз паҳн гардидани чунин изҳорот дар расонаҳо роҳбарони ТТЭ ҲНИ мисли гузашта ба худсафедкунӣ пардохтаанд. Аз ҷумла роҳбар  наҳзатиёни ифтотгаро худ ва ташкилоташро сафед намуданӣ аст. Аммо бояд гуфт, ки ҳақиқатро бо инкор кардан ғайриимкон аст. Алакай ҳама ташкилоти террористӣ будани наҳзатро медонанд. 

Як воқеияти аҷоиб дар он аст, ки то имрӯз ҳеҷ созмони экстремистиву террористие худро террорист ва ё экстремист нагуфтааст. Ва бештраи ин гуна созмонҳо бар ҳамон даъвое будаанд, ки дар роҳи дурустанд. Чӣ гунае, ки “ДИИШ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва дигар созмонҳои ифротгаро худро шабакаи террористӣ намепиндоранд, Ҳизби наҳзати ислом низ худро ифротгарову террорист намеҳисобад. Дар робита ба ин як масъаларо зикр намудан муҳим аст, ки ин созмонҳо воқеан шабакаҳои ифротиянд ва муассисони онҳо бо чунин шева мехоҳанд амалҳои ифротиву террористии онҳоро зери чодар қарор диҳанд. Аммо, кайҳо исбот гардидааст, ки таҳриру толибӣ ва наҳзативу ансорӣ ифротгарову террористанд. Яъне, дигар ҳама чиз маълум аст, амалҳои иҷро намудаи ТЭТ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он, қатли садҳо олиму журналисту ҳунарманду равашанфикру сиёсатмадор аз ҷониби наҳзатиён далели экстремисту террорист будани онҳо аст. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд.

Ҳамин тавр, изҳороти Прокурори генералии Русия як бори дигар террорист будани аъзоёни Ҳизби наҳзати исломро нишон дода, симои аслии онҳоро ба ҳама намоиш дод. Имрӯз ТЭТ ҲНИ дар марҳилаи нобудшавӣ қарор дорад, ки ин ба манфиати кулли сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Чунки, решакан гардидани ТЭТ ҲНИ, ин кафолати амнияти сартосарии минтақа, замонати рушду инкишофи давлатҳо ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкориҳои бештари кишварҳо аст. Аз ин ҷост, ки имрӯз давлатҳои шарик барои пешгирии хатари чунин ташкилотҳои экстремистӣ муборизаи муштаракро роҳандозӣ намудаанд. 

 

Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣ


Вернуться назад