Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Муҳаммадиқбол ба фитнаҳои худ ниқоби динӣ мепӯшонад
Главная > Маълумот > Муҳаммадиқбол ба фитнаҳои худ ниқоби динӣ мепӯшонад

Муҳаммадиқбол ба фитнаҳои худ ниқоби динӣ мепӯшонад


27-02-2023, 06:57. Разместил: admin

Вақтҳои ахир аз ҷониби хиёнатпешагони наҳзатӣ омилҳои рӯйрост сӯйистифода намудани дини мубини ислом ба мушоҳида расида, мубаллиғини наҳзат бо пӯшонидани ниқоби динӣ ҳамагуна омилҳои ноҷавонмардонаи худро мехоҳанд амалӣ намоянд. Кори ин аслбохтагони хиёнатпеша ва душмани ашадии давлату миллати тоҷик танҳо ва танҳо гумроҳсозии мардум, фитнагариву иғвопарокандагист. 

Мушоҳида аён месозад, ки мубаллиғи асосии наҳзат, Муҳаммадиқболи Садриддин, дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон маъруф бо лақаби Иқболбӣ ё чирики қумондон Ғулом бо номи Худову пеш овардани оятҳо аз Қуръони карим фатво паҳн мекунаду, кори дурустро ғалат унвон медиҳад. 

Аслан шояд инсоне, ки аз аслу ҷавҳари фаъолияти хиёнатпешагии ин тангназарон огоҳ нест гумон кунад, ки чашамашон кӯр асту ҳақиқатро намебинанд. Лекин чунин нест. Воқеият ин аст, ки ин хиёнаткорони аслбохтаву имонфурӯхта воқеиятро мебинанд, аммо бо чашму дили нопок дида, онро бо хосту диди танги худ баҳо медиҳанд. 

Дар робита ба ин амали ноҷамонмардонаи айшафкани қумондон Ғулом аз ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсилу зиндагӣ мекунанд даъват ба амал меорем, ки ба фитнаву найранг ва туҳмату буҳтони ин тангназарон дода нашуда, худ ва наздиконашонро аз хатари ифротишавӣ ҳифз намоянд. 

                                      Фарҳод Воҳидов


Вернуться назад