Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ҶАВОНОН НЕРУИ ПЕШБАРАНДА ВА ҚУВВАИ ШИКАСТ НОПАЗИР АСТ.
Главная > Маълумот > ҶАВОНОН НЕРУИ ПЕШБАРАНДА ВА ҚУВВАИ ШИКАСТ НОПАЗИР АСТ.

ҶАВОНОН НЕРУИ ПЕШБАРАНДА ВА ҚУВВАИ ШИКАСТ НОПАЗИР АСТ.


10-03-2023, 11:53. Разместил: admin

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.

Мо ба ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парфишони мекунад.


Вернуться назад