Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ - АРЗИШИ АСОСИИ ҲАЁТ
Главная > Маълумот > ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ - АРЗИШИ АСОСИИ ҲАЁТ

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ - АРЗИШИ АСОСИИ ҲАЁТ


10-03-2023, 13:39. Разместил: admin

Сиёсати инсондӯстонаву ваҳдатофари Пешвои миллат ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми шарифи тоҷик буд, ки мо дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ дорем. Ҷо доштани муҳаббати беандозаи халқи тоҷик ба ватану миллат, диёру сарзамини худ ба таъмини субот ва пешрафту тараққиёт мусоидат дошта, ба муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон заминаи хуби сиёсиву ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.

 

Дар ҳама давру замон миллати тоҷикро бо илму дониш, фарҳангу маърифат, давлатдориву давлатсозӣ мешинохтаанд ва марказҳое, ки таҳти роҳбарии ин миллат қарор дошта буданд, ҳамчун маркази тамаддунофари башарият маҳсуб мегардиданд. Дар ин росто шахсиятҳои бузурги таърихӣ ва ватандӯст, хештаншиносу роҳнамунсоз ба арсаи олам омадаанд, ки дар мустаҳкам намудани пойдевори давлат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши бориз доштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар таъсис ва ташаккули давлати Сомониён, Исмоили Сомонӣ, ки аз хонадони Сомониён буд, саҳм дошта, баъди истилои араб истиқлолиятро ба даст оварда, давлати мустақилро ба вуҷуд овард ва дар ин замина ҳамчун асосгузори давлати Сомониён эътироф гардид ва ҷиҳати рушд додани давлати нави тоҷикон чандин иқдомотеро роҳандозӣ намуда, усулҳои ҷадиди муносибати давлатдориро ҷорӣ намуд.

 

Дар замони муосир бошад бо мақсади ба ҳам овардани миллати куҳанбунёди тоҷик ва рушд додани тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат, таъсиси ҳокимияти давлатии муосир, таҳкими ваҳдати сартосарии кишвар, таъсиси давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, вусъат додани раванди демократикунонӣ, эътирофу эҳтиром нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаббусҳои глобалӣ ва дигар самтҳои давлатдорӣ ва дар маҷмуъ барои бунёди давлати миллӣ ҷонбозиҳо кард, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин аст, ки дар замири тоҷикони ҷаҳон шуълаи умед ба фардои дурахшон ва ватандӯст буданро бедор намуд ва вожаҳои муқаддаси ватану миллатро поянда сохт.

 

Дар суханрониҳо ва баромадҳояшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ватану миллатро самимона дӯст доштан лозим, ба ватан арҷ гузоштан баробари арҷгузор будан ба модар аст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат” аз23 декабри соли 2022 вобаста ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар замири мардум, махсус таъкид намуда, дар ин замина барои баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон, ки ояндаи миллат мебошанд, изҳори назар кардаанд. Пешвои миллат қайд намудаанд, ки: “Мо имсол “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои2022-2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои2023-2027”-ро қабул намудем”. Ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои мазкур ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастур дода шуд, ки барои таҳияи барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳо андешида шаванд.

 

Бояд тазуккур дод, ки ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафҳумҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ, худшиносиву худогоҳиро ба таври васеъ истифода намуда, муҳиммияти ин вожаҳоро дар таҳким ва тақвият додани давлатдории миллӣ нек арзёбӣ менамояд. Ҳамин тариқ Пешвои миллат дар паёмҳоихуд 81 маротиба калимаи “ватандӯстӣ”, 61 маротиба вожаи “худшиносӣ” ва 35 маротиба калимаи “худогоҳӣ” - ро истифода намуда, ба ин васила меҳру садоқати ҳар як сокини ватандӯсти тоҷикро баин диёри биҳиштосо боз ҳам бештар мекарданд. Аз ҷумла Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ сар карда то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносиимиллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад”.

 

Шоири ватансаро Мирзо Турсунзода беҳтарин эҷодиёти худро ба ватан бахшида, ба воситаи образҳоимусбат мардумро ба ватандӯсти даъват мекард. Устод ба кишварҳои дуру наздик ҳамеша сафар намуда, Тоҷикистон ҳамешабаҳорро тариқи шеърҳояш ба ҷаҳониён муаррифӣ мекард ва ин диёри биҳиштосова мардуми меҳмоннавози тоҷикро пайваста васф мекард. Дар як шеъраш чунин нигоштааст:

 

*...Агарчи борҳо афтодаам аз ёру диёрам дур,*

 

*Ба сайёҳи маро кардаанд гарчи дӯстон машҳур.*

 

*Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,*

 

*Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.*

 

Бузургон низ дар бораи ватандӯстиву ватанпарварӣ суханони пандомезу ифтихориро гуфтаанд, қарзи инсониро дар назди ватану миллат асосӣ хондаанду ҷонфидоии ҳақиқии халқро дар ватандӯстӣ медонистаанд. Ж.Ж. Руссо мегӯяд: “Инсон пеш аз ҳамафарзанди мамлакати худ аст, шаҳрвандест, ки манфиатҳои мамлакати худро дар дилаш ҷойгир кардааст”, ё ин ки дар дигар ҳолат мефармояд “Саховати беандоза аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирад”.

 

Лев Николаевич Толстой нависандаи машҳури рус вобаста ба ватандӯстӣ суханони воло гуфтааст ва ватандӯстшахсеро меномид, ки дар рӯзҳои бадтарин барои миллату ватанаш ҷон нисор кунад. Аз ҷумла қайд намудааст, ки: “Ватанпарварӣ маънои танҳо ба Ватан меҳр монданро надорад. Он як ҳисси бузург аст. Ин маънои онро дорад, ки худро як ҷузъи Ватан донӣ, дар рӯзҳои неку бадаш бо он бошӣ”.

 

Бо мақсади ташаккул додани ҳуввияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар байни шаҳрвандон ва ба инвасила тақвият додани муносибати ватандӯстона дар байни мардум, мустаҳкам нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ, соли 2022 қонуни нави миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки аз 5 боб ва 21 модда иборат аст ба тасвиб расид, ки он минбаъд ҳамчун роҳнамунсозиасосии мардуми саодатёри Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, таъмини манфиатҳои милливу давлатӣ, рушди сифатҳои неки шаҳрвандӣ, вусъати корҳои бунёдкорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим, ғамхорӣ нисбати пиронсолону наздикон хизмат хоҳад намуд. Қонуни мазкур дар асоси принсипҳои инсондӯстиву меҳанпарастӣ омода гардида, дар он салоҳияти Ҳукумати мамлакат, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, танзими ҳуқуқии муносибатҳо, таблиғу ташвиқ, ҷанбаҳои илмӣ, такмили ихтисоси кадрҳо ва дигар самтҳои вобаста ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба таври пурра пешниҳод гардида, иҷрои талаботи онро аз кулли шаҳрвандон тақозо дорад.

 

Хушбахтона имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ватандӯстии худро дар тамоми ҷабҳаҳо, соҳаҳо ап сохторҳои ҷомеа нишон дода, барои рушди давлати навини тоҷик ва ҳифзи марзу буми кишвар, музаффариятҳои милливу давлатӣ, таблиғи таърихи бою пурғановати тоҷик боз ҳам бештар кӯшиш доранд. Дар ин замина сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат, сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароишаҳрвандони ватандӯсти тоҷик ва кулли халқиятҳое, ки дар сарзамини мо иқомат дорандасосӣ ва муҳим буда, мо шаҳрвандон барои амалӣ гардидани сиёсати ватандӯстонаи Роҳбарияти Олии кишвар ҳамаҷониба саҳмгузорӣ менамоем.

 

Назира АМИРБЕКЗОДА


Вернуться назад