Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶАҲОНИ МУОСИР
Главная > Маълумот > ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶАҲОНИ МУОСИР

ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶАҲОНИ МУОСИР


29-03-2023, 06:13. Разместил: admin

Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангини зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ  барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд. Дар замони муосир ин падида нангини хунхор аз ҷониби гӯруҳҳои гуногун бо истифода аз номҳои исломи  ба монанди  “Давлати Исломӣ, ҷабҳат-а-нусра,  Ал-қоида, Толибон”  ҷаҳонро ба ҳарос овардааст. Чунин гурӯҳҳои  хунин неруи  ҷисмонии худро аз ҳисоби ҷавонони берун аз таҳсилу илм, тарбияи падару модар ва надоштани таълимоти кофӣ дар бораи дину оини хеш ташкил медиҳад, ки фикри ба осонӣ ба даст овардани пулу моли бе машаққат ва гумони хизмат ба динашонро мекунанд, ба зуди бо ҳар гуна роҳҳо аз қабили ваъдаи маоши хуб ва шароити зиндагии арзанда ва бой шуданро ба онҳо мекунанд, ки фиреби маҳз аст, ба доми онҳо меафтанд.

       Аз ҷониби чунин созмонҳои террористӣ дар кишварҳои шарқи исломи ба монанди Сурияву Ироқ, Тунису Яман ва Нигерия мардум ба кулбори азобу машаққат, қатлу куштор ва фавти ҳазорҳо ҳазор мардуми оддӣ, ки шумораи зиёди онҳоро кўдакону наврасон ташкил медиҳад, гирифторанд. Чунин амалҳои терористӣ дар давлатҳои номбурда боиси дур мондан аз таҳсили наврасону ҷавонон, бе аҳамият ва беқадр шудани ҳуқуқҳои инсон гаштааст.

       Мо аз воқеаҳои сиёсӣ, найрангбозиҳои як гурӯҳ мансабталошон ва ҳодисаҳои фоҷеабори солҳои гузашта дарсу сабақ омӯхтем, шукри онро мекунем, ки имрӯзҳо дар замони тинҷу ором, дар ҳалқаи ёру дӯстон ҳаёт ба сар бурда истодаем.

Имрӯз мо шукрона аз он мекунем, ки дар Тоҷикистон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст, корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта, дар баробари боигарии моддӣ фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш ғанӣ гашта истодааст. Дар Ватани маҳбуби мо ягон фасодӣ ва ноадолатии сиёсию иҷтимоӣ дида намешавад, ҳама тинҷу ором бо меҳнати софдилона ба халқу Ватан хизмат намуда, дар зери осмони софу беғубор ҳаёт ба сар бурда истодаанд.

 

Расулов Меҳтоҷалӣ


Вернуться назад