Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ12-04-2023, 23:46. Разместил: admin |
Албатта, мақсад аз чунин суханҳои Пешвои миллат аз он иборат аст, ки ҳар як фарзанди ин сарзамин бояд дар рушди ватани азизи худ саҳмгузор бошад. Арзишҳои миллиро ҳифз намояд ва ба давлату миллати худ содиқ бошад. Имрӯз дар баъзе ҳолатҳо мушоҳида мегардад, ки баъзе афроди ноогоҳ ба Ватанду давлати худ хиёнат мекунад ва барои давлату миллат хатар эҷод менамояд. Бояд зикр кард, ки дар ҳама давру замон инсоният хиёнату хиёнаткориро маҳкум намуда, ҳамчун амали зишт эътироф кардааст. Таҷрибаи таърихӣ низ собит намудааст, ки миллатҳо, фарҳангҳо, давлатҳо ва ҳатто ҷомеаҳои бузург дар натиҷаи хиёнаткории қисме аз афрод ба вартаи нобудӣ расидаанд. Аз ҳамин лиҳоз таъкиди Роҳбари давлат ба маврид аст, ки мо бояд ба ватану давлати худ хиёнат накунем. Имрӯз мардуми Тоҷикистон соҳиби давлат, истиқлолият, фарҳанги миллӣ ва манфиатҳои миллии худ мебошанд, ҳифзи чунин арзишҳо вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Моро муҳим аст, ки баҳри ҳимояи ин арзишҳои бузург ҳамеша омода бошем ва ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо.
Ҳамватанони азизи мо хуб мушоҳида мекунанд, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.
Дар ҷаҳони муосир, ки оламро хатару таҳдидҳои гуногун фаро гирфитааст, дар назди мо вазифа ва рисолате қарор мегирад, ки пеш аз ҳама зирак бошем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро пайваста мавриди амал қарор диҳем. Зеро ҳам дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба манфиати ҳар яке аз мо аст. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад. Дар охир ҳар як фарди бо нангу номуси миллатро зарур аст, ки чунин ҳидояти падаронаи Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳад. “Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.”
Девонсолор Сайф, муҳаққиқи илмҳои сиёсӣ Вернуться назад |