Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ҲАМОН РОҲЕ, КИ ПОЁНАШ НАМЕБИНАМ, ВАТАНДОРИСТ
ҲАМОН РОҲЕ, КИ ПОЁНАШ НАМЕБИНАМ, ВАТАНДОРИСТ28-04-2023, 14:48. Разместил: admin |
Чун ба «Шоҳнома» - и безаволи Ҳакими тусӣ Фирдавсии беамсол рў меорем, дар ҳар достоне даъвати шоирро дар роҳи ҳимояти марзи аҷдодӣ бараъло хонда метавонем: Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем. Аз панди гузаштагон ибрат гирифта, имрўз миллати сарбаланду фарҳангсолори мо бинои иморати суханро басо устувор кардаанд, ки то имрўз қалбҳоро тасхир мегардонад ва самимияти онро нисбат ба меҳан бартарии беш мебахшад. Ба ин даме метавонеми ёд орем аз ашъори пурғановати устод Мирзо Турсунзода, ки Ватанро басо моҳирона ба хонаи умеди халқ ташбеҳ додааст. Ту зинда бош, Ватан – хонаи умеди халқ, Ки бе ту нест дилу ҷони шодмон ҳаргиз Даме, ки мешуморам пурбаҳо суханҳоро, Баландтар зи Ватан нест дар забон ҳаргиз. Чїӣ медиҳӣ ба Ватан? Ҳар касе, ки пурсидам, Ҷавоб дод: «Надорам дареғ ҷон ҳаргиз» Дар ҳақиқат васфи Ватан осори кулли шоирону нависандагони миллати тоҷикро бисёр ҳам зиннатбахш бинмуда, ҳидояти қалбҳои мухлисону ихлосмандон аст. Мо омўзгорон, имрўз бо ташаббус ва хидматҳо мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қудрати онро пайдо кардаем, ки шогирдонро натанҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, балки тавассути технологияи нави муосир ба омўзиши осори бузургони худшиносу ватанпарвар боз ҳам аниқтар ошно намоем. Ба онҳо маънифаҳмӣ ва дарки каломи ҷонбахшро омўзонда, дар роҳи эҳтироми волидон, устодон, аҳли оила, атрофиён ва дигар рафторҳои шоиста қадр кардани арзишҳои миллӣ роҳнамо бошед. Таъкид намоем, ки мо миллати сарфароз буда, дар зери беғубори сулҳу суббот илм меомўзем ва кору зиндагӣ менамоем. Чун омўзгор вазифадорем то ҳар зинаи қадами пешрафтро дар ин ҷода барои шогирдон гўшрас намоем. Яъне чун гуфтаҳои устод Муҳаммад Ғоиб: Роҳи ватандорӣ поён надорад. Аъзои ҲХДТ Сафармоҳ ГАДОЕВА Вернуться назад |