Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕМ
Главная > Маълумот > ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕМ

ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕМ


4-05-2023, 04:50. Разместил: admin

Терроризм чунин намуди фаъолияти ҷиноист, ки инсонҳорометарсонанд, мекушанд, ба гарав мегиранд, шаҳрвандони осоиштаро метарсонанд, гаравгонро азобу шиканҷа медиҳанд, то ки ба ҷамъият ва давлат зарар расонанд ва ба мақсади ҷиноии худ расанд.

 

Амалҳои террористӣ бо мақсади тарсонидани одамон гузаронида мешавад. Вазифаи асосии террористон аз тарсонидани халқ дар онҳо бедор намудани нобоварӣ ба давлати худ, ба роҳбарият ва иҷро намудани ҳамаи талаботҳои ҷинояткорон мебошад.

 

***Рақибони мамалакат барои чунин ҷинояткоронро ёфтан, онҳоро яроқнок кардан ва амали террористӣ гузаронидан маблағҳои хеле зиёд сарф менамоянд. Ҳамин аст, ки таркишҳо ба амал меоянд, тайёраҳо меафтанд, одамони зиёд ҳалок мегарданд. Барои он ки дар дили мардум тухми воҳима, даҳшатро пошанд террористон воситаҳои гуногуни амалҳои террористиро фикр кардаанд:***

 

*1) таркиш дар хонаҳои истиқоматӣ, тайёраҳо, қатораҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, метро, автобусҳо;*

 

*2) ба гарав гирифтани одамон;*

 

*3) ба қатл расонидани ходимони сиёсӣ ва одамони шинохта;*

 

*4) тарконидани иншоотҳои хатарнок (нерӯгоҳҳои атомӣ, корхонаҳои кимиёвӣ), ки қодиранд ба бемориҳо ва фавти оммавӣ оварда расонад;*

 

*5) нест кардани иншоотҳои ҳаётан муҳим (хатҳои барқ, қубурҳо обгузар, алоқа), муассисаҳои пурқимати фарҳангӣ (ибодатхонаҳо, масҷидҳо, осорхонаҳо).*

 

Имрӯз дар як қатор давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, гурӯснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

 

Терроризм ва ифротгароии беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри нав табдил ёфтааст. Тақвият ёфтани ташкилоти радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гаштаст.

 

Имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гуруҳҳову ҷонибҳои манфиатдор барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд.

 

Мамлакати мо барои аз терроризм муҳофизат намудани шаҳрвандони худ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Аммо давлат дар танҳои қодир нест, ки терроризмро ба пуррагӣ нест кунад. Аз ин рӯ, дар мубориза ба терроризм ва экстремизм бояд ҳамаи шаҳрвандон фаъолона иштирок кунанд. Новобаста аз синну сол, ҳар як шахс дар мубориза бо ин бадбахтӣ бояд ҳиссаи худро гузорад.

 

**Умеда Ақсақолова


Вернуться назад