Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ЯКЕ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИ
ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ЯКЕ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИ4-05-2023, 16:01. Разместил: admin |
Албатта мо шоҳиди он ҳастем, ки ин чораҳои ҷангҷӯён, ки ҳар рӯз дар мамлакати ҷангзадаи кишвари ҳамсоя мебинем, ашки ғаму андуҳ мерезем. Рӯзе нест, ки аз 4 то 5 ё аз 50 то 60 нафар тифлакони нав ба дунёи ҳастии ҳасрат омада, арусакони нав, ки коми зиндагиро начашида, волидоне, ки (болои ин мусибатҳо) навакак як ё ду писарашонро дар қатори қувваҳои мусаллаҳи ватанашон ҷон бохта ва ё мардуми бегуноҳи заҳматкаш талаф ёфтаю касе аз мамлакатҳои абарқудрати ҷаҳон ва роҳбарони худи давлатӣ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, сари ин моҷарою даҳшатӣ хунхору хуношомро гирифта наметавонанду музтар монда. Ҳазорон кас рӯзе ҷон додаю бе хонаву дар, бехонумон ва бе қутти лоямут (луқмае) мемонанд. Чаро мо ҳамаи инро бо чашмони худ мебинему шукр аз ин давлату замон, аз ин даврони тинҷу обод, дар партави сулҳу ваҳдати миллӣ, бо сарварии пешвои сулҳоварӣ миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намекунем. Боз мешунавем, ки фалон фарзанди тоҷик ҳам дар дохил ва ё берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ба силоҳи оташфишон зада, баҳри нестии аҳли башар иқдом намудааст. Охир мо бояд фарзандонро беназорат нагузорем, то ки онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ ё бо бачаҳои бекору саргардон ҳамроҳ нашаванд. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ хештаншиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намояд. Чунки ин доғ оқибаташ ошкорезии падару модар ва ҳамаи хешовандон то охири ҳаёт мегардад. Ин аъмоли ношоиставу хатарнок ҳатто ҷаҳонро ба ташвиш оварда, ба пешрафту тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ монеа ворид менамоянд. Терроризму экстремизм аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, сарчашмаи ҳамаи қатлу куштор ва даҳшату ваҳшоният мебошанд. Ифротгарои ва терроризм аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатии ҳар як кишвар ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Онҳое, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистӣ дошта дохил мешаванд шахсоне мебошанд, ки саводи казоии динию дуняви надоранд, моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк карда наметавонанд. Ҷои кори аниқ надошта доимо сарсону саргардон мегарданд, ба тамошои филмҳои бероҳкунандаҳои хориҷӣ даст мезананд. Оқибат ин ашхоси фирефта ва гумроҳ даст ба амале мезананд, ки сабаби марги инсонҳои бегуноҳ мегардад. Имрӯзҳо аз воситаҳои ахбори омма рӯзномаю маҷалаҳо метавон дид, ки ҳодисаҳои нангину даҳшатборе, ки дар Сурия, Ироқ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳо сар задаистодааст, ҳеҷ шахси солимфикрро бетараф намегузорад, ки ин амали зишти онҳоро нодида гирад. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гуруҳҳои ифротии динии имрӯза, бояд ягон давлати мусалмоннишин набояд ҳамчун давлати мусалмоннишин мустақил вуҷуд дошта бошад. Маълум мешавад, ки мақсади ин ҷараёни террористӣ як аст, расидан ба мақсадҳои ғаразноки молӣ ва сиёсӣ, ки паси он чандин милиардҳо маблағ ва ҳадафҳои стратегии кишварҳои ҷудогона меистад. Роҳи расидан ба ин ҳадафҳои нопок, онҳо ҳарчи бештар зиёд намудани пайравони нопок, ба гуруҳҳо ҷудо намудани мардум ва бо ин роҳ ноором сохтани вазъи сиёсии мамлакат мебошад. Мардуми Тоҷикистон низ дар баробари дигар мардумони кишварҳои ҷаҳон ин амали нангинро маҳкум намуда, атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутаҳид гардида, дастовардҳои 30-соли Тоҷикистони азизро бештар аз пештар дар байни аҳолӣ хусусан ҷавонон ташвиқу тарғиб намуда кушиш мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Мо низ терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Охир имрӯз ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, нисбат ба ваҳдати миллӣ, истиқлолият, миллату давлат ва сарзамини аҷдодии хеш нишон дода тавонем. Заррае ҳам бошад, аз ҳимояи ин хоки муқаддас, марзу буми хеш дар канор набошем ва ҳамеша ҷиҳати пойдории сулҳу салоҳ кушиш намоем ва аз қонун фармонҳои давлату сарвари хеш итоат намоем. Ҳеҷ гоҳ аз ёд набарорем, ҳодисаҳои ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ ва он азобҳое, ки халқи бегуноҳ кашидаанд, ҳаргиз фаромуш намешаванд. Чунки дар ахборҳои дину мазҳаб ва эътиқоди мо, ҳеҷгоҳ моро барои таркондан, сузондан, куштор, фитнаю ҷангу ҷидол ҳидоят накардаанд ва наменамоянд. Ин гуруҳи ғаразнок аст, ки аз эътиқоди мо истифода менамояд ва моро барзидди омилҳои нек ва ғайри он ба оташи даргир, ваҳшату ваҳшоният ва худкушӣ ҳидоят мекунад, то ки ба ҷомеаи башар халал ворид накунем ва мо бояд, ки фирефта нашавем. Бинобар ин мо масъулинро зарур аст, ки ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, бозиҳои варзишӣ, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷавононро сафарбар намоем ва баҳри пешгири аз бозиҳои экстремистии компютери, телефони мобилӣ ва ғайра маслиҳатҳои муффид ба ҷавонон диҳем. Чунки яке аз паҳнгаштатарин усули заҳролуд кардани майнаи наврасону ҷавонон бо идеяҳои террористию экстремистӣ ин бозиҳои компютерӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо мисли оҳанрабо ҷавононро ба худ мекашад. Мо масъулин низ дар қатори тамоми мардуми Ҷумҳурии азизамон, ки аз фоҷеаи пурдаҳшати қаблӣ, ки дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ки аз ин доғи рӯз, ки як ҳодисаи нангину номатлуб, бо васвасаи душманони хориҷӣ рух дод, нафрат мегӯем. Ва нисбати ин алангаи зуҳуротҳои номатлуб кирдорҳои разилонаи гуруҳҳои террористию экстремистиро шадидан маҳкум намуда, мунтазам бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ вохуриҳо ташкил менамоем. Мо низ доимо дар вохӯриву мулоқотҳои худ ба сокинон дар доираи ин мавзӯъ сухан ронда таъкид менамоем, ки ҳамаи падару модарон нисбати ин зуҳуроти номатлуб огоҳи дошта бошанд ва ҷавонону наврасони тоҷик бояд ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Имрӯзҳо барои ҳар як фарди Ҷумҳурии азизамон зарур аст, ки тамоми қувваю малакаи хешро ба бунёди ҷомеаи озоду, солим равона кунад, баҳри ҳаёти осоиштаи инсоният, насли ҷавонро тарбия намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ тарбия намояд.
Маҳмадраҷабзода М. М. Вернуться назад |