Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ ВА ОФИЯТБАХШИИ БАРГАШТАГОН
ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУНАТОМЕЗ ВА ОФИЯТБАХШИИ БАРГАШТАГОН6-05-2023, 14:44. Разместил: admin |
Ёдрас шудан ба маврид аст, ки иқдоми мазкур бо таваҷҷуҳ ба амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз таъсисёбии гуруҳҳои машваратӣ ин ташкили корҳои мунтазам ҷиҳати таъмини татбиҳи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ифротгароӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии дар муқовимат ба ифротгароӣ ширкаткунанда, пешгирии фаъолияти ифротгароӣ, ошкор ва аз баїн бурдани сабаб ва шароитҳои ба пайдоиши зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеаи маҳаллї мусоидаткунанда, мебошад. Дар ҷараёни тренинги омузишии мазкур коршиносони сатҳи миллию байналмилалӣ, аз ҷумла Заррина Ҷӯраева, Фаррух Салимов, Рустам Азизӣ, Парвина Наврӯзова, Маърифат Шокирова, Александр Авансов, Хуршед Додихудоев ва Маҳрам Анварзод вобаста ба паҳлуҳои гуногуни экстремизми хушунатомез ва офиятбахшии баргаштагон, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба гуруҳҳои ифротгаро, инчунин дигар масъалаҳои дар Стратегия пешбинигардида, ба иштирокчиён машғулиятҳои назариявӣ гузарониданд, ки дар ташаккули касбияти иштирокчиён нақши муносиб дорад. Аъзоёни гуруҳҳои магшваратӣ низ дар ҷараёни тренинги мазкур лоиҳаҳои мухталифро вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба коршиносон пешниҳод намуданд, ки ҷанбаҳои мусбӣ ва манфиии онҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд. Намояндагони гуруҳи машваратии ноҳияи Балҷувон низ вобаста ба иқтидорҳои мавҷудаи ноҳия лоиҳаҳои худро ба баррасии коришиносони тренинг пешниҳод намуданд. Умуман ҷараёни баргузории тренинги мазкур дар ташаккули ҳамкорӣ ва мукаммал намудани фаъолияти гуруҳҳои машваратб нақши беназир дошта, бо сайқал ёфтани савияи донишҳои ҳуқуқии аъзоён метавон барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа, заминаи устувор мегузорад. Ташкили чунин чорабиниҳо дар баробари мустаҳкам намудани робитаи байни намояндагони минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамзамон дар пайдоиши роҳу усулҳои нави мубориза бар зидди экстремизму терроризм, нақши муносиб дорад.
ТУРАХОНЗОДА ШАРИФХОН Котиби гуруҳи машваратӣ оид ба пешгирии экстремизми хушунатомез ва офиятбахшии баргаштагон дар назди МИҲД-и н.Балҷувон Вернуться назад |