Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Муборизаи беамон бар зидди гурӯҳҳои экстремистию террористӣ
Главная > Маълумот > Муборизаи беамон бар зидди гурӯҳҳои экстремистию террористӣ

Муборизаи беамон бар зидди гурӯҳҳои экстремистию террористӣ


21-06-2023, 20:39. Разместил: admin

Ҳар як ҳизб дар доираи ақидаи сиёсии тарафдорону ҳаводоронаш таъсис ва фаъолият менамояд. ҲНИ, ки як муддат авомфиребона бо роҳи сохтакорию ақидаҳои бегонапарастӣ қишри муайяни аҳолии ҷомеаи моро ба тарафи худ кашида буду ба мақсад нарасид, имрӯзҳо шармандавор зери таъсиру дастгирии хоҷагони хориҷиаш боз мехоҳад ба арсаи сиёсат баргардад. ТЭТ ҲНИ на фақат миллати тоҷикро гумроҳ сохту фиреб дод, балки бо найрангу бузбозиҳояш дар Аврупо низ нуфузи сиёсиро ба даст оварданист. Ин ҳизби террористӣ, аз як тараф, мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро камрангу бетаъсир нишон додан хоста, ҳамзамон кӯшиш менамояд, ки дар зеҳни мардум, хусусан мардуми Аврупо Тоҷикистонро ҳамчун давлати ба сиёсати САҲА мухолифатдошта муаррифӣ созад. Дар баробари ин, бозтоби манфии назарҳо дар шинохти ҳизби наҳзати исломро дар назди САҲА бо хабару наворҳои дур аз воқеият дар зеҳни бинандаю шунаванда таблиғ намуда, худро рӯёрӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун «мусичаи бегуноҳ»-у «қурбонии сиёсӣ» муаррифӣ кардан мехоҳад. Айни ҳол ТЭТ ҲНИ бо роҳбари гурезааш Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаводорони сарсахташ муборизаҳои фейкиро дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мехоҳанд, ки бо баромадҳои «пурмуҳтавою» ширкати фаъолона худро намоиш диҳанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ бештар ба эътиқоди динии мардум таъсир мерасонанд ва мардумро бо ҳар роҳу усул бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар муқобили ақидаҳои динист. Мутаассифона, дини мубини Исломро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. 

         

Дар як зумра давлатҳои дунё, бахусус давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзудани теъдоди фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Экстремизму терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Рӯҳониёну исломшиносон борҳо таъкид намудаанду худи мардум ҳам кайҳо дарк кардаанду муътақиданд, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки амалеро бо номи «ҷиҳод» анҷом дода истодаанд, бо исломи асил иртиботе надорад. Бо ин амалҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафари бегуноҳро рехта, кӯдаконро бесарпаноҳу занонро ба ҳалокат расонида истодаанд. Бино бар ин, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро истифода бурда истодаанд. Зеро сулҳе, ки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омад, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад.  Ба мо зарур аст, ки ин соҳибистиқлоливу осудагӣ, ваҳдату сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон cap бароварда, баҳри ҳифзи кишвар аз душманон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, алайҳи афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, чунки дар ин лаҳзаҳо бетарафӣ нобахшиданист.

 

Қодирзода Қурбоналӣ


Вернуться назад