Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ИФРОТГАРОӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ ОН
ИФРОТГАРОӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ ОН6-07-2023, 11:49. Разместил: admin |
Дар шароити кунунӣ хатари ифротароӣ торафт ба худ шакли ҷидӣ гирифта, натанҳо ба мингтақаҳои ҷудгона, балки саросари олам таҳдиди даҳшатбор ва ҳатто марговар ба худ гирифтааст. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, борҳо таъкид доштаанд.***
Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротгароён танҳо як мақсад доранд: бо роҳи зӯрӣ ва роҳандозии ҷангу ҷидолҳо ғасби ҳокимияти сиёсӣ дар ин ё он кишвари олам аст. Дар ин маврид, аз нуқтаи назари коршиносон, вазъ дар минтақаи Осиёи марказӣ басо ҳассос ва хатарзо маънидод мегардад. Ин ҷо чанд сабаб аст: баъди он ки ҳаракати ифротгарои Толибон дар мулки ҷангзадаи афғон ҳокимиятро ғасб кард, таҳдиди ифротагроӣ ба минтақа дучанд зиёд гардид. Зеро худи ҳаракат моҳиятан ифротгаро буда, баҳри инкишоф ва тақвият ёфтани гурӯҳҳои дигари ифортгаро дар ин ҷо замина муҳайё кард. Ҳоло дар Афғонистон пасмондаҳои ДОИШ, ал–Қоида, боз чӣ қадар гурӯҳу ҳаракати тундгаро паноҳгоҳ ёфта, дар лаҳзаҳои лозима ва муҳайё гардидани шароити мусоид метавонанд ба минтақа сар халонанд.
Ҳоло гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро баҳри ҳар чи бештар афзоиш бахшидани сафҳои худ аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хеле “пурмаҳсул” истифода мебаранд. Онҳо мекӯшанд ҷавонони ноогоҳ ва сатҳи донишашон пастро ба доми фиреби худ андохта, дар ҷомеа тухми низоъ ва нобоварӣ коранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки он ҷо вазифаи ҳар шаҳрванд дар муқобилаистӣ бо чунин падидаҳои номатлуб баён ёфта, ҳар шаҳравнд, махсусанро ҷавононро водор месозад, дар сафи пеши мубориза бо чунин гурӯҳу ҳаракатҳо қарор дошта бошанд.
Аз дигар ҷониб, ба мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва сохторҳои мартуба лозим аст, корҳои тағиботию тавшиқотӣ, фаҳмондадиҳӣ ва моҳияту фаъолияти гурӯҳу ҳарактаҳои ифротиро ба аҳолӣ, махсусан насли наврас ба таври бояду шояд фаҳмонанд. Зеро илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ, гуфтаанд. Аммо сатҳи пасти зиндагӣ, бархурдор набудани ҷавонон аз маърифатҳои ҳуқуқӣ, ба таври бояду шояд надостани таърих, фарҳанги миллати хеш боиси ба доми фиреби намояндагони чунин гурӯҳҳо афтидани ҷавонони ноогоҳ мегардад.
Ҳамчунин, муҳити носолими оила сабабгори ба чунин гурӯҳҳо пайвастани аъзои ҷавони оила гардиданаш мумкин. Пас волидонро лозим аст, фарзандони худро беназорат нагузоранд. Нагузоранд, ки бо афроди ношинос, дур аз фарҳангу маърифат ошноӣ пайдо кунанд. Маҳз ин гуна шиносӣ бо афроди номаълум боиси ба роҳи хато рафтани фарзандон шуданаш мумкин.
Шукр, ки ҳол мардуми тоҷик дар шароити соҳибистиқлолӣ дар кишвари тинҷу осудаи худ, дур аз ҷангу ҷидолҳо оромона зист доранд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ба қадри тинҷу амонӣ, фазои ороми кишвар бояд расид ва баҳри пешрафти Ватани азизи худ ҳамагон саҳмгузор бошем.
Беҳрӯз КАРИМЗОДА Вернуться назад |