Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот, Хабар > БА ХОИНОН НАБОЯД КАРД БОВАР!
БА ХОИНОН НАБОЯД КАРД БОВАР!22-12-2023, 20:27. Разместил: admin |
Мусаллам аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад.
Имрӯзҳо мо дар шароити то рафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳонӣ, густариш ва пайдо кардани зуҳуротҳои ниҳоят хатарноки асри нав-терроризму экстремизм қарор дорем, ки ин падидаҳои номатлуб яке аз омилҳои хавфнок ва проблемаҳои глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз мо ҳизбиён тақозо карда мешавад, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ, ки асосҳои ҳаёти доранд афзалияти бештар дода, муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм бояд вазифа ва қарзӣ шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон гардонида, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин сарзамини биҳиштосоро аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир муҳофизат намоему дар бунёдкориву созандагӣ ҳиссагузор бошем. Вернуться назад |