Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҳафт огоҳии мақомот ба ҳафт "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ" дар ВМКБ
Главная > Маълумот, Javonon, Эълонхо, Хабар > Ҳафт огоҳии мақомот ба ҳафт "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ" дар ВМКБ

Ҳафт огоҳии мақомот ба ҳафт "саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ" дар ВМКБ


25-10-2018, 16:47. Разместил: admin

Нисбати 7 сокини шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, ки аз онҳо саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ном бурда мешавад, протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуда, огоҳӣ дода шудааст

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Раёсати  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят "саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро ба Прократураи вилоят даъват карда ба онҳо огоҳии расмӣ дода шуд" ,хабар медиҳад агентии "Ховар".

Нисбати 7 сокини шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, ки аз онҳо саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ном бурда мешавад, протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шудааст, ки онҳо имзо гузоштаанд.

Ҳамин тавр, протокол нисбати Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозорович тартиб дода шуда, "аз онҳо қотеъона талаб карда шудааст, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:

— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;

— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;

— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— таҳқири намояндаи ҳокимият;

— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;

— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);

— роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.

Номбурдагон ӯҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботҳои дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд.

Нусхаи протокол дар расонаҳои расмии Тоҷикистон мунташир шудааст.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181025/1027231366/aft-ogoii-maomot-ba--aft-sarkardagoni-guroi-ino-dar-VMKB.html

 


Вернуться назад