Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > ҲАЗАР АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ!
Главная > Маълумот > ҲАЗАР АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ!

ҲАЗАР АЗ ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ!


5-09-2020, 08:50. Разместил: admin

Дар ин замина, Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, барои ҳар инсон шароити зиндагии мусоиду арзанда фароҳам овардааст. Ин матлаб дар оғози матни Конститутсияи кишвар дарҷ гардида, асоси идеалогияи давлати миллии моро ташкил медиҳад ва яке аз бахшҳои муқаддасоти миллии мо маҳсуб меёбад. Мавриди зикр аст, ки кулли арзишҳои моддӣ ва маънавии мо дар асоси ин матн бояд ташаккул ёфта, манфиатҳои он ба таври қатъӣ аз тарафи шаҳрвандон, ҳизбҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва ақаллиятҳои нажодиву динӣ ба ҳисоб гирифта шаванд.  Вале имрӯз дар ҷомеаи мо ҳизбу ҳаракатҳое вуҷуд доранд, ки ин матолибро сарфи назар карда, мехоҳанд ба осонӣ, тавассути чарбзабонӣ, бо зикри камбудию мушкилоти ҳаёти аҳли ҷомеа ва интиқоди фаъолияти мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб созанд. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ин роҳи боз ҳам содатарро идома медиҳад. Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ТТЭ ҲНИ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш талош меварзад. Махсусан, роҳбарияти ҳизби мазкур бо ҳар восита мекӯшад хешро дар ҷомеа бештар муаррифӣ намоянд. Вале мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, касоне, ки ба нафъи мардум кори неке анҷом медиҳанд, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро халқ довару дастгири онҳост. Мутаассифона, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад, ки дар сиёҳ намудани мақомоти давлатӣ аз дигарон пештар гузарад. Онҳо иқдомҳои созандаи Роҳбарияти Олии  Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон, нодида мегиранд.
Хушбахтона, мардуми тоҷик хуб медонанд, ки дини мубини ислом муқобили инсонҳои худпарасту фосиқ буда, душманӣ, ҳасад ва кибру ғурурро маҳкум менамояд. Нафароне, ки воқеан ин арконро дар амал татбиқ менамоянд, дар ҷомеа иззату обрӯ пайдо мекунанд. Боиси таассуф аст, ки бархе ба ном тақводорон зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи ҷомеаро заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва мардумро, бахусус ҷавононро, ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ ҳидоят мекунанд.

Бинобар ин, сокинони кишварро зарур аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама, зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки ба ҳадафҳояшон танҳо инсонҳои таҳаммулпазир мерасанд. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли наврас аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳост.

 

Шодмон НУРМАТОВ, докторанти ДДХ


Вернуться назад