Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > ЊНИ ВА ТЕРРОРИЗМ
ЊНИ ВА ТЕРРОРИЗМ2-10-2020, 16:40. Разместил: admin |
Терроризм аз ҳар суроғае, ки бошад чї доишї ва чї толибї аз номи ислом ва бо номи ислом љон меситонад, то ба рўи олам даҳшат биафканад. То даме, ки терроризм дар дунё маблағгузорї мешаваду ҳадафҳои нопоку даҳшатноки худро бо ҳар роҳе, ки набошад, иғвою нооромї, бесарусомонї меоранд хатар боқист. Тероризм имрўз аз љониби онҳое, паҳн када мешавад, ки мақсаҳои нопокашон пушти қулфи садмании сиёсатҳои политикї пинҳон аст ва ҳизби наҳзати Ислом низ аз чунин ҳизби бо афкору аъмоли аҳриманї аст. Агар ба таърихи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташон нахуст ҳамчун мусичаи бегуноҳ аз мағзшуии љавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва терори мардуми бегуноҳ меанљомад. Пас аз таъсисёбии ДОИИШ сиёсати терористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Умуман дар тамоми ноормиҳое, ки муддати ин 27 сол дар Љумҳурии тозаистиқлоли мо ба амал омада бошад, пайи наҳзатиёни хоинро дидан мумкин аст. Омўзишу равандҳои зиддимиллии ТТЭ ҲНИ собит менамояд, ки онҳо ҳамагї ба муқобили манфиатҳо ва арзишҳои миллї равона гардидаанд. Бо истифода аз ҳар ҳодисаю воқеа ва ҳолату марҳила, терористони наҳзатї кўшиш менамоянд, ки теша ба решаи миллат зада, шаъну шарафи давлату миллати Тољикистонро дар арсаи байналмиллалї то ба сатҳи поёнтарин паст фароранд. Ҳамин аст, ки аз ҳар фурсат истифода карда, ба манфиатҳову арзишҳо миллї монеа эљод накунанд. Албатта онҳо ҳељ гоҳ ба амалҳои душманонаю зиддимиллиашон муваффақ немешаванд, балки торафт шармсору расво мегарданд. Ва инро тамоми мардуми тољик медонад, ки тулии фаъолияти хеш ин ҳизб (ҲНИ) ба љуз таассубу хурофотзадагї, куштор, беҳуввиятї,бадномї хубиеро барои ватан ва миллати тољик ба бор наовардааст. Ва онҳо ба мақсадҳои нопоку ғаразноки худ намерасанд ва Худованди Меҳрубон низ ҳаргиз мададгори онҳо намерагардад. Дар ин маврид дар асоси дидаву санљидаҳои ҳайёти худ, бузургон ҳам беҳуда нагуфтаанд: Ҳар, ки бо душмании халқ равон аст, чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад. О. Зикурлоева, вакил аз ҳавзаи интихоботии № 24 деҳаи Чорбоғи
Љамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев Вернуться назад |