Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ГУЛОБОВ НИЁЗШО АСЛИШОЕВИЧ- ҶИНОЯТКОРИ АСИЛИ ШАҲРИ ХОРУҒ (Ҷинояткоронро бояд шинохт)
Информация к новости
  • Просмотров: 66
  • Автор: admin
  • Дата: 6-11-2018, 18:48
6-11-2018, 18:48

ГУЛОБОВ НИЁЗШО АСЛИШОЕВИЧ- ҶИНОЯТКОРИ АСИЛИ ШАҲРИ ХОРУҒ (Ҷинояткоронро бояд шинохт)

Бахш: Хабар

 

 

Тасаввур меравад, ки конвейери истеҳсоли саркардагони гурӯҳҳои ҷинояткор дар ш.Хоруғ ҳеч тамомӣ надорад ва бар замми он 6 нафари маълум, боз нафари дигар мехоҳад дар арсаи авбошӣ рӯнамоӣ кунад.

Чунончи, ба саҳнаи олами ҷиноят, Гулобов Ниёзшо Аслишоевич, санаи таваллудаш 02.02.1982, зодаи деҳаи Сангоби ҷамоати Сучони н.Шуғнон, сокини м.Бизмичи ш.Хоруғ мебошад ва ба мақомоти тафтишот солиёни дароз шинос аст, шомил шуданист. 

Шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки Гулобов Ниёзшо дар бетартибиҳои соли 2012 ва монеа эҷод кардан дар пешбурди фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошти Абдуламидов Шерик, сокини шаҳри Хоруғ  гунаҳкор дониста мешавад.

Дар он замон, нисбат ба ӯ аз ҷониби Прокуратураи вилоятӣ оид ба бетартибиҳои оммавӣ ва эҷоди монеа ба ҳаракатҳои тафтишотӣ бо моддаҳои 188 қ.1, 1991, қ.4 (бандҳои а,б), 328 қ.2, 345, қ.2. Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ ба роҳ монда шуда буданд. 21 феврали соли 2014 бо ҳукми Суди Олии ҶТ Гулобов Н.А.моддаи 237, қ 2 ва 345, қ 2 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Ана ҳамин гуна ҷинояткор, имрӯз мардумро ба майдон мекашад.  

                Ровиёни ин сатрҳо менигоранд, ки Гулобов Ниёзшо, иштирокчии ашаддии ҷангҳои соли 2012 мебошад. Ӯ муқовимати мусаллаҳона ба қувваҳои ҳукуматӣ нишон дода, дар қатлу куштор даст дорад (тафтишот давом дорад). Бар замми ин ҷиноятҳояш, Гулобов Ниёзшо ин разил фарди лухтаки бегонаҳо, дар қатли генерал Назаров А.С., дар 24.07.2018с. иштироки  фаъол доштааст.

  Ҳатто, таърихи соли 23-юми августи соли 2012, 1 снайпер ва 1 автомати Калашников аз ӯ мусодира кардаанд. Ин далел барои таърих ҳам сабт аст. Барои рӯзи мабодо.   

   Дар ҷамъомад (сходка)-и ГМҶ-и шаҳри Хоруғ, ки санаи 12.10.2018с. дар маҳаллаи Бизмич роҳандозӣ шуд, Ниёзшо Гулов боз сухангӯйи аслӣ буд. Волоияти қонунро намепазируфт ва баргашти Хоруғро ба айёми ёғигарӣ ва балвогарии  15 сентябри соли 2018, роҳи идеалии «ҷангалӣ» медонист.

Дигар ҷинояти ошкоршудаи Гулобов Н. ин аст. Мақомот хабар медиҳанд, ки Гулобов Ниёзшо таърихи 20-уми октябри  соли 2018, дар назди дидбонгоҳи воқеъ дар М.Тошмухаммедови ш.Хоруғ ҷавононро чамъ оварда, кӯшиши монеа эҷод кардан ба кори қонунии посгоҳҳо  кардааст. Яъне ба иборати дигар, ин ҷинояткор, ки номаш Гулобов аст, худро рақиби Толиб  Аёмбеков медонад ва дар ҳама ҷиноятҳои ҳудуди Хоруғ ҳамарӯза пешдастӣ дорад.

Пешгирии фаъолияти ҷиноятии Гулобов Ниёзшо мувофиқи мақсад ва ба манфиати мардуми шаҳри Хоруғ мебошад. Зеро Гулобов Ниёзшо фаъолияти посгоҳҳои ҳукуматиро дар Хоруғ монеи қочоқи 1 тонна маводи мухаддираш, ки дар сарҳади вулусволии Шуғнони Афғонистон ҷамъ овардааст, медонад. Мардум бошад ба митинг меравад ва матлаби аслии Гулобовро намедонанд.   

Аз Прокуратураи вилоят хоиш менамоям, ин навиштаи манро ҳамчун баёнот нисбат ба Гулобов Ниёзшо барои истеҳсолот қабул кунед ва парвандаи ҷиноятиро нисбат ба ӯ барқарор намоед. То мардум ором гардад.

 

Фузайл Мақсадов, сокини шаҳри Хоруғ