Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Хабар » Страница 6 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 1853
  • Автор: admin
  • Дата: 13-06-2023, 10:50
13-06-2023, 10:50

АЗ ВАҲДАТИ МО БОҒИ ВАТАН ТОЗАБАҲОР АСТ

Категория: Хабар

Ваҳдат - рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.***

 

***Эмомалӣ Раҳмон***

 

Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинеро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст. Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳуввияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд.

Информация к новости
  • Просмотров: 1918
  • Автор: admin
  • Дата: 9-06-2023, 14:47
9-06-2023, 14:47

ЧАНД ДАЛЕЛИ ҚАТЪӢ ДАР МАВРИДИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ТТЭ ҲНИ

Категория: Хабар

Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз оғози пайдоиш то ба имрӯз дар фаъолияти тахрибкоронаи худ, ташкили бетартибӣ, ҷанг ва иҷрои амалҳои террористиро дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Даҳҳо далелҳои таърихӣ ва даҳҳо намунаи таҳлили коршиносони дохиливу хориҷӣ мавҷуданд, ки ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ будани Ҳизби наҳзати исломро собит намудаанд. Яке аз далелҳои равшан ва раднопазир, ин ташкили ҷанги шаҳрвандии соли 1992 дар  Тоҷикистон мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИ дар кишвар беш аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо иншоотҳои гуногуни таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо хароб гардиданд. Маврид ба ёдоварӣ аст, ки дар он вақт яке аз ҳадафҳои асосии ТТЭ ҲНИ ин аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва пароканда кардани миллати тоҷик ташкил медод, ки хушбахтона бо ҷонфидоии фарзандони қаҳрамони миллати тоҷик давлати тозаистиқлол аз хатари ТТЭ ҲНИ ҳифз карда шуд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 1913
  • Автор: admin
  • Дата: 8-06-2023, 14:28
8-06-2023, 14:28

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - АСОСГУЗОРИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ

Категория: Хабар

     Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва асосгузори дипломатияи об дар минтақа мебошад. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷдодани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва дипломатия об фаромушнашаванда мебошад.***

 

Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1944
  • Автор: admin
  • Дата: 1-06-2023, 17:29
1-06-2023, 17:29

ХУРСАНДИИ КӮДАКОН ШОДИИ ДИЛИ МОСТ!

Категория: Хабар

Бо мақсади хубу хотирмон гузаштани Рӯзи иди байналмилалии кӯдакон, дар ноҳияи Балҷувон гашти идонаи кӯдакон баргузор гардид, ки дар ин сайру сайёҳати идона кӯдакон бо як чеҳраи саршор аз лутфу меҳрубонӣ, шодиву бозикунон аз майдончаи кӯдаконаи “Бону” дидан намуда, ҳар як нафари онҳо дар лаб шеъру тарона замзама менамуданд.

Кӯдакон замири бекинаву қалби соф дошта, дунёро бо рангорангияш дӯст медоранд, ки васфи он хело душвор аст.

Омӯзгорон низ бо ҳамроҳии кӯдакон дар ин гашти идона иштирок дошта, онҳоро ба зебогиҳои табиат аз наздик ошно месохтанд, ки ин панди омӯзгор роҳест барои худшиносиву масъулиятпарастии кӯдакон аз хӯрдӣ. Муҳимияти тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзу нигоҳдории олами наботот дар гашти имрӯза мавзуъест, ки баҳри ҳисси зебоипарастӣ ва дар рӯҳияи экологӣ тарбият ёфтани  кӯдакон.

Информация к новости
  • Просмотров: 1969
  • Автор: admin
  • Дата: 1-06-2023, 17:23
1-06-2023, 17:23

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ -

Категория: Хабар

ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҲАР ЯК СОКИНИ САЙЁРА 

   

   Имрӯзҳо тамоми сайёраро проблемаҳои мухталиф, аз қабили тағирёбии иқлим, мушкилоти об, паҳншавии терроризму экстремизм ва таъсири манфии ҷаҳонишавӣ фаро гирифтааст. Дар ин раванд моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, оромию ваҳдат ва болотар аз ҳама Истиқлоли давлатии худро ба ҳар қимате набошад, ҳифз намоем.***

Информация к новости
  • Просмотров: 2248
  • Автор: admin
  • Дата: 13-05-2023, 23:53
13-05-2023, 23:53

ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА ВА ХОТИРМОН АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

    Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон 15 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1993 инҷониб ин чорабинӣ ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. 

     Бо мақсади истиқболи шоиста аз ин Рӯзи фархунда имрӯз дар Боғи Парчами давлатии ноҳия чорабинии хотирмони идона дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр иштирок ва ҳозиринро ба ин Рӯзи ҷашн аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрик намуданд. Ёдрас шуданд, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ— Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки “Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

      Заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории оила ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронида шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад. Бинобар ин, мо бояд дар якҷоягӣ содиқонаву софдилона заҳмат кашем ва садоқату ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва Пешвои миллатамон исбот намоем. Маҳз бо ҳамин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мо метавонем аз тамоми мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ раҳо ёфта, зиндагии осоиштаю бомароми худро идома диҳем ва дар рушду инкишофи давлати азизи худ саҳм гузорем.

      Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр ба як қатор оилаҳои намунавӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, аз маҳсули дастранҷи ҳунармандони ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. 

      Дар қисмати охири чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири аҳли нишастро бо сурудҳои тару тоза ва тараннумгари истиқлолу озодӣ, шод гардониданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2035
  • Автор: admin
  • Дата: 13-05-2023, 12:45
13-05-2023, 12:45

МАШҚИ ҒАЙРИНАҚШАВӢ

Категория: Хабар

БО ҶАЛБИ ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

 

     Дар доираи иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 4 майи соли 2023, №11 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ» амри раиси ноҳияи Балҷувон ба тасвиб расида, дар ин доира як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

     Рўзи 10 май аз тарафи хадамоти алоқа соати 06:00 бонги ҷамъшавӣ эълон карда шуда, ҳайати шахсӣ, техникаҳои зарурӣ ва қувваю воситаҳои Низоми ягонаи давлатӣ дар истгоҳи мусофиркашонӣ воқеъ дар деҳаи Сари мазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев ҷамъ гардиданд. 

     Дар бонги ҷамъшавии мазкур раиси ноҳияи Балҷувон – сардори мудофиаи граждании ноҳия Сафарзода Бахтиёр, намояндаи шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кўлоб подполковник Ҳисайнов Маҳмадулло ва сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия капитан Сангов Баҳром иштирок ва суханронӣ намуда, ҳозириниро ба мақсади баргузории чорабинии мазкур шинос намуда, вазифаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданиро муайян намуданд. 

     Дар натиҷа давоми рузҳои 10-12 майи соли ҷорӣ дар Ҷамоати деҳоти Балҷувон бо ҷалби қувва ва воситаҳо ба масофаи 210 метр селпартовҳои обгузари байни деҳаҳо тоза карда шуда, ҳамзамон бо ҷалби 1 адад экскватор ва 2 адад дулан бо иштироки зиёда аз 67 нафар шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Балҷувон ба масофаи 510 метр селпартовҳои бетонии хурд тоза карда шуданд. 

    Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ба масофаи 945 метр роҳҳои автомобилгарди аз офатҳои табиӣ зарардида тоза карда шуда, дар ин доира 1 адад Автогредер ва 10 нафар кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ҷалб гардиданд. 

     Дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон бошад, ки фаромадани ярч дар болои деҳаи Калтачинор таҳдид менамуд, бо ҷалби 1 адад экскватор ва 3 адад дулан 35 рес хок бароварда шуда, ба дигар ҷой бурда шуданд. 

      Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев ба масофаи 620 метр каналҳои обгузари назди бозори марказӣ бо ҷалби 1 адад трактор ва 40 нафар кормандони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, тоза карда шуд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2134
  • Автор: admin
  • Дата: 9-05-2023, 09:34
9-05-2023, 09:34

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА

Категория: Хабар

     Ҳамдиёрони азиз! 

 

     Соли равон мардуми шарафманди кишварамон 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 26-умин солгарди Ваҳдати миллӣ - муқаддастарин дастовардҳои таърихи навини худро бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва рӯҳияи баланди ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

      Дар фароҳам овардани сулҳу суботи ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш зина ба зина барои анҷом додани рисолати  таърихие, ки давру замон ба дӯшаш гузошта буданд, камари ҳиммат бастанд.

     Ҳафтодуҳашт сол аст, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи Ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ барнагаштаанд, таҷлил менамоянд.

     Ҳар қадар, ки таърих моро аз он солҳои мудҳиши ҷанг дуртар барад, бароямон шаҳомати корномаи беназири халқ ҳамон қадар равшантар мегардад ва сабақи таърих аҳамияти бештар пайдо мекунад.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Рӯзи Ғалабаро дар радифи санаҳои фаромӯшнопазирӣ гузошта, онро барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои аҳли кишвар азизу гиромӣ арзёбӣ карда, дар яке аз суханрониҳояш иброз доштанд:

     «Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти душман саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст».

Информация к новости
  • Просмотров: 2128
  • Автор: admin
  • Дата: 6-05-2023, 14:45
6-05-2023, 14:45

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ, ХИЗМАТИ АҚИБГОҲ, БЕМОРОНУ НИЁЗМАНДОН

Категория: Хабар

     Сиёсати иҷтимоии давлат дар меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, мунтазам табақаи ниёзманди ҷомеа дар арафаи иду ҷашнҳо бо кӯмакҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 

      Имрӯз дар доираи амалисозии ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 78 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ба аёдати як қатор собиқадорони ҷангу меҳнат, хизмати ақибгоҳ ва беморону барҷомондагон рафта, аз ҳолу аҳвол ва шароити зисти онҳо шинос гардиданд. Раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Бахтиёр бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо доимо зери назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон қарор дорад. Инчунин ба онҳо кӯмакҳои молию пулӣ расониданд. 

       Собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар пирони рӯзгордида аз ин таваҷҷуҳу дастгириҳо изҳори миннатдорӣ баён дошта, барои пешрафти Ватани азизамон -Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2180
  • Автор: admin
  • Дата: 28-04-2023, 14:41
28-04-2023, 14:41

Таъмини амнияти миллӣ ва волоияти қонун

Категория: Хабар

 дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон

 

Ҳуқуқдонҳо иброз менамоянд, ки волоияти қонун муҳимтарин ва асоситарин принсипи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Маҳз, афзалият додан ба волоияти қонун ва эҳтироми он ба ҷомеаҳо имкон медиҳад, ки давлати демокративу қонунмеҳварро бунёд намоянд. Бояд қайд намуд, ки Дар Тоҷикистон чун дигар давлатҳои демократӣ принсипи волоияти қонун дар авлавияти дилхоҳ муносибатҳо қарор дорад. Тамоми шаҳрвандон дар назди қонун баробар буда, аз имконоту захираҳои давлат якхела истифода менамоянд ва ҳамзамон мувофиқи кирдори худ дар назди қонун ҷаобгарии баробар доранд. Бале, чунин ҷиҳати масъала ба мардуми кишвар имконият додааст, ки дар руҳияи адолатмеҳвариву ватандӯстдорӣ зиндагӣ намоянд. Ба фарқ аз тамоми арзишҳову принсипҳои давлатдорӣ масъалаи таъмини амнияти миллӣ ҳам нозук ва ҳам мушкил ва ҳам аҳамиятноктар арзёбӣ мегардад, зеро тамоми арзишҳову афзалиятҳои давлатдорӣ танҳо дар ҳамон сурате имконпазир мегардад, ки амнияти миллӣ таъмин буда, фазои созгор дар ҷомеа вуҷуд дошта бошад. Ин ҳақиқатест, таҷрибаи давлатдории дилхоҳ кишвар онро собит намудааст. Масалан, таҷрибаи таърихии Тоҷикистон худ ифодагари ҳамин гуфта аст. 

 

Аз таърихи кишвар маълум аст, ки соли 1991 баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо бадхоҳии гуруҳҳои манфиатдор оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва бенизомӣ дар мамлкат фарогир гардид. Чун ҳолат тамоми арзишҳоро аз байн бурда, бенизомиву беадолатиро бавуҷуд оварда буд. Яъне, дар онҳолат амнияти миллӣ таъмин набуд ва ҳеҷ қонуну мақомоте имкони амал карданро тақрибан надошт. Фақат пас аз расидан ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ имкон ба вуҷуд омад, ки афзалиятҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардида, дар ҷомеа татбиқ гарданд. Агар ба таври мушаххас гӯем, таъмини амнияти миллӣ ҳолатест, ки дилхоҳ талаботу манфиат дар заминаи он ҳимоя карда мешавад.

Тегхо

Анбори хабархо

Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
Октябрь 2023 (16)
^