Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > КАБИРӢ ОМОДА АСТ, КИ БО ШАЙТОН ДӮСТӢ КУНАД ...
Главная > Хабар > КАБИРӢ ОМОДА АСТ, КИ БО ШАЙТОН ДӮСТӢ КУНАД ...

КАБИРӢ ОМОДА АСТ, КИ БО ШАЙТОН ДӮСТӢ КУНАД ...


12-10-2020, 21:41. Разместил: admin

Мубоҳисаи «рӯ ба рӯ», ки маъмурияти «Радиои Озодӣ» миёни рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоев ва раиси ташкилоти мануъи ТТЭ-и собиқ ҲНИ М. Кабирӣ ташкил намудааст, бино ба вокуниш ва шарҳу эзоҳҳо, он то андозае таваҷҷуҳи ҷонибдоронашонро ба худ кашидааст.

Бояд эътироф намуд, ки аксари кулли шарҳу эзоҳҳо ва навиштаҷот дар интернет ғалабаи бечунучарои Додоҷонро бар Муҳиддин таъкид месозад.

Ҳатто бе дурбин метавон дид, ки зимни баҳогузорӣ ва мӯҳтавои мубоҳиса, шарҳи муаллифи мақола аз таҳлили ҳадаф, вазифаҳо ва моҳияти ҷаҳонбинии идеологию сиёсии худи баҳскунандагон бармеояд. Дар навбати худ паҳлӯҳои гуногуни ин мубоҳисаро таҳлил намуда, мехоҳам нуқтаи назари худро нисбат ба ҳадафҳои стратегии мухолифон, тафовути идеологӣ ва принсипиалии онҳо баён намоям.

Бар он ақидаам, ки заминаи идеологӣ миёни иштирокчиёни мубоҳиса аз лиҳози идеологию сиёсӣ ва динию фарҳангӣ ба таври амиқ фарқ мекунанд. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ба фикри ман баранда Мирзонабӣ Холиқзод на як бору ду бор фақат сухани яке аз ширкаткунандагони баҳс – Додоҷон Атовуллоевро буррид.

Чун ҳамеша ин дафъа низ Муҳиддин Кабирӣ ба вохӯрӣ бо китоби анбори худ омад, ки рақамҳои дар он зикршударо, бешак қаблан бо хӯҷаинони хеш аз идораи “Радиои Озодӣ” ва хадамоти махсуси Эрон мувофиқа намудааст.

Дар ҷараёни мубоҳиса Додоҷон Атовуллоев собит намуд, ки ӯ ҷонибдори бунёд намудани чунин низоми сиёсист, ки сохтори давлатдории он ба иродаи халқ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи инсон ва шаҳрванд мувофиқ бошад. Ба ибораи дигар, давлат ва низоми сиёсӣ ба халқ хизмат кунанд. Ба фикри ман, чун сухан ба роҳи пешрафти кишвар оид гардад, Додоҷон Атовуллоев тарафдори шакли парлумонии мубориза барои ҳокимияти сиёсӣ мебошад ва аз рӯи андешаҳои ӯ ширкати сиёсӣ ва дигаргунаи ҳизбҳои экстремистиро дар ин раванд инкор менамояд, чунки онҳоро харобиовар мешуморад. Ӯ бар зидди усулҳои зиддиконститутсионии зӯроварона сарнагун намудани ҳокимият дар Тоҷикистон баромад мекунад.

Дар хусуси баҳои ӯ нисбати ҳарифаш – Кабирӣ ҳаминро бояд гуфт, ки он хеле қотеона, нишонрас ва воқеъбинона буд. Аз ҷумла рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоев бо такя ба мисолҳои мушаххас нақши харобиовари худи Кабирӣ ва иқдоми сиёсии ӯро ба хотири муттаҳид намудани мухолифинро дар Аврупо нишон дод. Оппозисионер Атовуллоев дар мавриди платформаи мазҳабӣ ва идеологии М.Кабирӣ гуфт, ки он "бӯи нафталин" мекунад, пӯсидаву барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ташкили давлатдории тоҷикон ғайри қобили қабул номид.

Додоҷон Атовуллоев бархӯрдҳои фалокатбори идеологии Кабирӣ ва тарафдорони ӯро дар мавриди ҳамлаи густарда ба рақибонаш фош ва онҳоро ғайри қобили қабул ҳисоб намуд.Ӯ бо мисолҳои мушаххас нишон дод, ки дар атрофи Кабирӣ ба ном “фермаи ҷавоб” аниқтараш “еврооғил” амал мекунад, ки бо ташаббуси худи Кабирӣ фаъолияти мақсаднокро  ҷиҳати таҳқири равонӣ ва ахлоқии ҳарифонаш пеш мебарад.

Рӯзноманигор Атовуллоев ҳамзамон ошккоро таъкид намуд, ки тамоми фаъолияти сиёсии Кабирӣ ва платформаи сиёсию динии “паймони миллӣ”-и таъсиснамудаи ӯ аз ҷониби Эрон маблағгузорӣ ва дастгирӣ мешавад, ки барои иттиҳоди нерӯҳои мухолифин қобили қабул нест. “Охир ташкилоти шумо сиёсӣ нест”, - баён дошт Атовуллоев, - “балки ташкилоти мазҳабист!”.

Дар ҷавоби суханони ҳарифи худ Кабирӣ бешармона гуфт, ки бо мақсади мубориза ҷиҳати сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ӯ тайёр аст, бо ҳар касе, ки дастгириаш кунанд, иттиҳод кунад, ҳатто бо нашрияҳои исроилӣ, ки барои табъу нашри мақолаҳо ва мусоҳибаҳои ӯ омодаанд.

Аз инҷо метавон хулоса кард, ки ба хотири расидан ба мақсадҳои мазҳабию экстремистии худ, Кабирӣ тайёр аст, ки ҳатто бо шайтон бародар шаваду хизматашро ба ҷо орад, фақат гонорар диҳанду фаъолияти  тахрибии ӯро бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ намоянд бас.

Акнун дар хусуси он, ки қиммати мубоҳисаи ду ҳарифи аз ҷиҳати идеологию сиёсӣ ва маънавию динӣ дар чист:

1. Додоҷон Атовуллоев намояндаи нерӯҳои мухолифине мебошад, ки барои онҳо фанатизми динӣ ва ваҳобизм, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ба ном “паймони миллӣ”-и ӯ тарғиб менамояд, қобили қабул нестанд. Додоҷон ба таври зӯроварӣ сарнагун намудани ҳокимияти давлатиро, ки М. Кабирӣ тарафдори ин аст ва ҷонибдоронашро ба ин кор даъват менамояд, қатъиян қабул надорад.

2. Ба хилофи фанатизми диние, ки Кабирӣ мубаллиғи он асту хоҳони ба таври зӯроварӣ таҳмил намудани ғояи давлати исломӣ дар Тоҷикистон аз рӯи шакл ва шабеҳи эронӣ мебошад, Додоҷон Атовуллоев худро ҳамчун мусоҳибакунандаи қатъӣ ва мухолифи боандеша ва бунёдкор нисбат ба ҳукумати расмии Душанбе нишон дод, платформаи сиёсии ӯро бошад ғояи рушди давлати мутамаддини демократӣ ташкил медиҳад.

3. Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари “еврооғил”, ки бо хадамоти махсуси Эрон ҳамкории зич дорад ва аз ҷониби онҳо маблағгузорӣ мешавад, аслан асири идеологияи исломикунонии ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад.

4. Мубоҳиса нишон дод, ки Кабирӣ, тамоми платформаи динию мазҳабии ӯ ва ҷонибдоронаш дар мавқеи инкоркунии ҳамаи корҳои ободонию созандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Онҳо нерӯи ақлонӣ надоранд, то ин ки ба ҷомеаи Тоҷикистон ягон чизи нав, ҳозиразамон ба манфиати ҷомеа ва шаҳрвандони кишвар пешниҳод намоянд.

5.Мубоҳиса бепринсипии Кабирӣ ва омодагии ӯро барои бӯсидани дунбаи ҳар касе, ки ҳамроҳи ӯ дар "Еврооғил" аст, нишон дод. Маҳз психологияи ғуломии ӯ ва тарафдоронаш имкон намедиҳад, ки воқеиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳарбӣ-сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро холисона арзёбӣ кунанд.

Аз рӯи андешарониҳои Кабирӣ ва шахсони шабеҳи ӯ маълум мегардад, ки ғаму андӯҳи одамӣ ва тақдири давлатдории миллии тоҷикон як пули пуччак арзиш надорад. Суханпардозиҳои ӯ собит месозанд, ки ӯ ҳар лаҳза бо амри хӯҷаинҳои худ – хадамоти махсуси Эрон тайёр аст, ки ҳаёти одамон ва саломатии шаҳрвандонро қурбон кунад, сулҳ ва оромиро дар Тоҷикистон халалдор намояд.

6. Мубоҳиса нишон дод, ки Кабирӣ ҳамчун нигилисти сиёсӣ омода аст, ки барои қонеъ кардани кибру ғурури худ, ки дар онҳо чунин мафҳумҳое мисли "гуманизм", "таҳаммулпазирӣ", "ахлоқ" ва дигар арзишҳои миллӣ ҷой надоранд, ба манфиатҳои Ватан хиёнат кунад. Вай дар сиёсат популист ва ба ҳар гуна қурбонӣ омода аст.

Ба андешаи ман инро на танҳо ман фаҳмидам, балки дар ояндаи наздик одамони дигар низ аз атрофиёни ӯ дарк хоҳанд кард, зеро онҳо аз он норозианд, ки Кабирӣ тайёр аст, ки бо шайтон дӯст ва бародар шавад.

Мубоҳиса нишон дод, ки дар муқобили ҳарифи худ М. Кабирӣ хеле заиф ва оҷиз аст. Дар зери фишори далелҳои Додоҷон Атовуллоев М. Кабирӣ борҳо дасту по хӯрд ва амалан услуби дӯстдоштаи худро, яъне дар мубоҳисаҳо ба ҳайси устод ҳарф заданро истифода накард.

Аз ин бармеояд, ки М. Кабирӣ ҳеҷ гуна устод нест, балки шогирди бемасъулият аст, ки ба дарс бе тайёрӣ омадааст.

Чунин андешаҳои соддалавҳонаи ӯ дар бораи равандҳои сиёсӣ исбот месозанд, ки Кабирӣ дар давоми солҳои дар шароити пур аз роҳат будунаш дар Аврупо аз ҳолати кайфчоқию димоғчоқӣ ба ҳолате расидааст, ки забоншиносон ва психологҳо онро персевератсия меноманд, яъне ҳолате, ки фикрҳои таҳмилӣ, ғайри ихтиёри инсон дар майнаи ӯ сахт ҷой мегиранд.

Ба ибораи дигар, ин боз як қадами Муҳиддин Кабирӣ ба сӯи ҷунуни сиёсӣ аст.

                          Муҳаметов Ғафур,

                          декани факултаи филолгияи руси ДМТ, профессор

P.S. Дар хотима наметавонам, ки таваҷҷуҳи хонандагонро ба андешаи М. Кабирӣ оид ба ҳодисаҳои Белорус ва Қирғизистон ҷалб нанамоям. Ба гуфти ӯ, дар Қирғизистон ҳар замон кӯшишҳои табадулоти ҳарбӣ ба вуқуъ меоянд. Аз рӯи заҳрханда ва писханди Кабирӣ хулоса кардан мумкин аст, ки ӯ орзуи ҷомаи амал напӯшидаашро чун воқеият нишон доданӣ мешавад. Маълум аст, ки ин усули дӯстдоштаи ӯст, вале оқибати кори вай фақат “вой” мебошад.


Вернуться назад