Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > Аз тарафи ИМА 92 сомона масдуд карда шуданд
Аз тарафи ИМА 92 сомона масдуд карда шуданд1-02-2021, 18:21. Разместил: admin |
ДУШАНБЕ, 01.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба хабари радиои «Озодӣ» аз 20.12.2020 (https://www.ozodi.org/a/31009895.html) як расонае, ки бо забони тоҷикӣ матлаб нашр мекард, дар баробари 92 сомонаи хориҷӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Амрико масдуд шудааст. Сомонаи “Рисолат” (risolattj.com), ки ба забони тоҷикӣ ва бо хати кириллӣ барои мухотабон дар Тоҷикистон матлаб нашр мекард, ҳамчун расонаи зидди манофеи ИМА унвон шудааст. Дар ин торнамо ба ҷуз аз хабару гузоришҳо аз Тоҷикистону ҷаҳон, инчунин изҳороту муроҷиатҳои ташкилоти террористии собиқ ҲНИ низ пайдо мешуд. Рӯйхати ин 92 сомона дар торнамои Вазорати адлияи Амрико (https://www.justice.gov/usao-ndca/press-release/file/1325981/download) нашр шудааст ва дар миёни онҳо ба ҷуз аз risolattj.com ҳамчунон сомонаҳое ба мисли farhang-press.com, roushd.com низ ҳастанд, ки бо забони форсӣ дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ матлаб нашр мекарданд. Ғайр аз ин, тавре ки Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА (https://home.treasury.gov/policy-issues/financial-sanctions/recent-actions/20201208) иттилоъ медиҳад, моҳи октябри соли 2020 нисбат ба Донишгоҳи байналмилалии «Ҷомеат-ул-Мустафо» низ бинобар алоқамандӣ бо неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таҳти №10590000383 таҳрим ҷорӣ карда шудааст. Чанде пештар сомонаи интернетии «МедиаМаркер» (01.12.2020)(https://mediamarker.info/2020/12/01/masdud-shudani-pojgohi-kimiyoi-saodat-va-homushii-hizbhoi-siyosi/) хабар дода буд, сомонаи «Кимиёи саодат», ки ахбори бардурӯғ, иғвоангез ва моҷароҷӯёнаро нисбат ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр менамуд ва ҳамзамон бо ин, матлабҳои тарғиботии мазҳабӣ ва марбути ТТЭ собиқ ҲНИ-ро паҳн мекард, баста шудааст. Ба навиштаи «Медиамаркер», «ин расона нақши пойгоҳи суханпарокании тоҷикии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро доро буда, аксари матолиби он дар шакли нигоштаҳои кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода мешуданд» Муҳаққиқи тоҷики муқими Аврупо Ҳафиз Бобоёров дар саҳифаи фейсбукиаш аз 15-уми январи соли ҷорӣ (https://www.facebook.com/hafiz.boboyorov/posts/4088757631152128) дар ин робита нигоштааст: «Яке аз дастовардҳои пайкоргарони роҳи ноҳамвор ва мушкилгузари озодӣ фош кардани ақидаҳои зиддибашарӣ дар фазои иттилоотии тоҷик ва дар пайи он баста ва дастнорас гардидани чанде аз пойгоҳҳои иттилоотӣ ва тарғиботии ифротгароёни мазҳабӣ, чун «Кимиёи саодат» мебошад. Ба ақидаи ин донишманд «Фошкориҳои маводи зиддибашарии «Кимиёи саодат» боис гардид, ки гардонанда(гон)аш дастрасӣ ба онро қатъ кунад. Дар ин сомона ва дигар сомонаҳою пойгоҳҳои шабеҳи он, рӯзона хабарҳо ва маълумот, аз он ҷумла дар мавриди ҷиҳод, куфр, ояндаи ҷаҳон ва нақши бартари Ислом ва мусулмонон дар он, мақоми дуюмдараҷа ва вобастаи дигар динҳо ва миллатҳо пахш мегардид». «Барои пойдории ин пирӯзӣ набояд фурсате ором нишаст» — муътақид аст Ҳ.Бобоёров. Вернуться назад |