Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД:
Главная > Хабар > МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД:

МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД:


29-04-2021, 17:08. Разместил: admin

29-уми апрели соли 2021, соати 10:45 дақиқа, зимни муноқишаи сокинони маҳаллаҳои Сомониёни Ҷумњурии Тољикистон ва Кок-Тоши Ҷумњурии Қирѓизистон, шаҳрвандони Ҷумњурии Қирѓизистон ба тарафи шаҳрвандони Ҷумњурии Тољикистон аз камони шикорӣ тир холӣ карда, шаҳрванди ҶТ – Амаков Оқил Юнусович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро аз пешониаш захмдор карданд. Номбурда ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шуд ва вазъи саломатиаш вазнин арзёбӣ мегардад.
Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз, соати 11:30 даќиќа, бар асари тирпарронии шањрвандони ЉЌ шањрванди ЉТ Самадов Саттор Ќодирович, соли таваллудаш 1989, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз дасту пояш ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ гардид.
Муноқишаи мазкур 28-уми апрели соли 2021, соати 16:00 дақиқа дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии “Головной”, воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар натиҷаи амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва сангпартоии онҳо ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сар зад. Аз сангҳои партофтаи онҳо 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки дар байни шаҳрвандони Қирғизистон, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ


Вернуться назад