Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > "ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ АСОСИСТ".
Главная > Хабар > "ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ АСОСИСТ".

"ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ АСОСИСТ".


23-01-2022, 17:08. Разместил: admin

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷаъм бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист. Бисёр аламовар аст, вақте мешунавем, ки як қисм ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони ҳудро дар кишварҳои бегона, баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки ба ин гуна ҷавонон чи намерасад ? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мо ба ҷавонон ва умуман насли даврони истиқлол муроҷиат намуда, ҳоҳиш дорем ки фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳои осмонии намояндагони гуруҳҳои ифротӣ нашаванд. Умри ҷавони худро бармаҳал хазон насозанд. Илму ҳунар омузанд. Чун насли шоистаи даврон дар пешрафту гулгулшукуфоии диёри хеш саҳмгузор бошанд.

Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кӯшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст.


Вернуться назад