Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > НИЗОИ САРҲАДӢ Ё ИҒВОИ НАВБАТӢ. ОРОМӢ БАРГАШТ, АММО ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА АЗ КУҶО ОҒОЗ ШУД?
Главная > Хабар > НИЗОИ САРҲАДӢ Ё ИҒВОИ НАВБАТӢ. ОРОМӢ БАРГАШТ, АММО ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА АЗ КУҶО ОҒОЗ ШУД?

НИЗОИ САРҲАДӢ Ё ИҒВОИ НАВБАТӢ. ОРОМӢ БАРГАШТ, АММО ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА АЗ КУҶО ОҒОЗ ШУД?


4-02-2022, 14:40. Разместил: admin

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ҷониб вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд. Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомад. Тақрибан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз, ки дар қад-қадди пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло (275 метр) мавқеи оташфишониро ишғол карда буданд, ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.

Дар баёнияи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, ки онро АМИТ «Ховар» соати 22:31-и 27 январ нашр кард, дар бораи шиддати тирборон аз ҷониби Қирғизистон ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд интиқол додани ҷузъу томҳои ҷудогонаи ҳарбӣ ва техникаи низомӣ, ҳадаф қарор додани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо истифода аз миномётҳо, сабти парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон хабар дода шуд.


Вернуться назад