Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Хабар > МАВОДИ НАШЪАОВАР. ТОҶИКИСТОН МИЛЛИОНҲО НАФАРРО АЗ МАРГ НАҶОТ МЕДИҲАД
МАВОДИ НАШЪАОВАР. ТОҶИКИСТОН МИЛЛИОНҲО НАФАРРО АЗ МАРГ НАҶОТ МЕДИҲАД11-09-2022, 15:47. Разместил: admin |
Як нуктаро бояд таъкид кард, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад. Шоҳид будем, ки соли 2020 дар Италия полиси молиявӣ партияи рекордӣ – 14 тонна (84 миллион дона) ҳаби синтетикиро, мусодира намуд, ки арзишаш тақрибан як миллиард евро буд. Маводи мусодирашуда, тамғаи «каптагон» дошт, ки ин рамзи маводи нашъаовари истеҳсоли гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» мебошад. Тибқи маълумоти полис, он дар Сурия истеҳсол шуда, пулашро бояд ба маблағгузории фаъолияти террористӣ масраф мекарданд.
Аз лиҳози оне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тулонӣ дорад, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷомеаи ҷаҳониро барои муборизаи дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти марговар даъват менамоянд. Чунончи, дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” (16 – 17 май, соли 2019, Душанбе) Пешвои миллат чунин зикр намуданд: “Маблағҳои аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар бадастовардашуда яке аз сарчашмаҳои асосии таъмини молиявии терроризм мебошанд. Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давоми солҳои тулонӣ талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст”.
Бо мақсади коҳиш додан ва решакан намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳанӯз соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони ҳамкории Шанхай доир ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуда буданд.
Дар иртибот ба ин, Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, ки ин масъала борҳо дар ҷаласаҳои СҲШ миёни роҳбарони кишварҳо ва коршиносон таҳлилу баррасӣ гардидааст. Барои таъсиси Марказ консепсияҳои муайян омода шудаанд ва тавре медонем, барои қабули қарори дахлдор оид ба созмон додани ниҳоди нав дар таркиби Созмони ҳамкории Шанхай ҳамраъйии кишварҳои аъзо зарур аст.
Ин дар ҳолест, ки Руслан Мирзаев, директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ки чанде пеш дар Тоҷикистон қарор дошт, саҳми кишвари моро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа назаррас хонд. Ӯ ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Таҳлилҳо ва нишондодҳои оморӣ баёнгари онанд, ки татбиқи барномаҳои давлатӣ, Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ, дар маҷмуъ, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар мубориза бо маводи нашъаовар натиҷаҳои чашмрас ба бор овардаанд.
Бознаш аз рузномаи Ҷумҳурият Вернуться назад |